Бахшҳо

Номгузорӣ нишон аз эҳтиром ва эътирофи якдигар аст

Ҳамчунон ки дар Тоҷикистон ва бархе дигар аз кишварҳои Осиёи Миёна кӯчаю хиёбон, шаҳру навоҳӣ, китобхона, театр, толор ... ба номи шахсиятҳо ва машоҳири форсии мутааллиқ ба ҳамаи форсизабонон гузошта шудаанд ва форсизабонони ин минтақа бо ному осори онҳо менозанду меболанд, дар Эрон низ ҳамин кор анҷом шудааст. Чунон чи дар ғарби Теҳрон маркази тиҷорӣ ва фурӯшгоҳи маъруф ва бузурге “Самарқанд” ном дорад. Бо ҳамин ном дар шаҳри Машҳад меҳмонхонаи азиме низ вуҷуд дорад. Дар Теҳрон ҳамчунин кӯчае дар маркази шаҳр номи “Бухоро”- ро дорад.

Инчунин, маҷаллаи маъруфе дар Эрон бо номи “Бухоро” мунташир мешавад, ки дар сафаҳоти он осор ва ашъори шуаро ва нависандагони гузашта ва муосири Осиёи Миёна ҳамвора мунташир мешавад. Ин маҷалла, ки бо кӯшиш ва талоши Алии Деҳбошӣ, муҳаққиқ ва адиби номдор ба нашр мерасад, ҳамеша хонандагонашро аз таҳаввулоти муҳими адабӣ ва ҳунарии Мовароуннаҳр ошно месозад. Нусхаи электронии ин маҷалла дар ихтиёри хонандагони форсизабон ба ақсо нуқоти мухталифи олам ирсол мегардад.

Фаслномае бо номи “Самарқанд” низ бо талошҳои хонуми Тубо Сотеъӣ, адиб ва ҳунарманд ва ҳамсари Алии Деҳбошӣ аз соли 1382 ба табъ мерасад, ки ин фаслнома низ бо иқбол ва истиқболи гарми хонандагони форсизабон мувоҷеҳ шудааст. Ҳамчунон ки аз номи фаслнома бармеояд ва ба гуфтаи худи масъулини он маҷалла дар пайи муаррифии осор ва аҳволи мафохир ва машоҳири форсизабон ва ғайрифорсигӯй гом бармедорад ва бештар дар мавзуъоти адабӣ ва ҳунарӣ матолиберо нашр ва дар дастраси алоқамандон қарор медиҳад.

Албатта як гул нишони баҳор нест ва месазад ва мебояд, ки чунин номҳо дар Эрон ва Афғонистон бештар ба чашм расанд ва мардум бо дидани онҳо ба ёди ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳангӣ ва ҳамкешӣ биафтанд. Ҳамчунон ки дар Тоҷикистон номи адибони муосири эронӣ ва афғонистонӣ ба кӯчаю майдон, хиёбон, китобхона, театр, синамо, шаҳраку ноҳияҳо гузошта шудааст ва умед аст ин фаъолияти фарҳангӣ дар кишварҳои форсизабон густариш ёбад, масалан дар Тоҷикистон ин номҳоро метавон дид: китобхонаи Саиди Нафисӣ, китобхонаи Лоҳутӣ, театри Лоҳутӣ, китобхонаи Устод Халилӣ, хиёбони Теҳрон, боғи фарҳангии Хуррамшаҳр, ноҳияи Ҷомӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Румии Балхӣ, ноҳияи Сино...

Дар Теҳрон ё Машҳад гузоштани хиёбон ва майдоне ба номи Тоҷикистон ва ё машоҳири саршинос, ки дар таъмиқ ва таҳкими пайвандҳои фарҳангӣ ва адабии форсигӯён нақш доштаанд ба нафъи кор хоҳад буд, ки номи асотиди бо ном ҳамчун Устод Садриддини Айнӣ - бунёдгузори адабиёти навини тоҷикӣ, ки тақрибан сад сол қабл дар саҳифаҳои “Бухорои Шариф” ва дигар нашрияҳои форсизабони Осиёи Миёна дар бораи Эрон ва эрониён даҳҳо мақола ва тафсиру табсара навишта буд, Устод Лоиқи Шералӣ - шоир ва донишманди номвар, ки беҳтарин ва самимонатарин ашъорро дар заминаи ваҳдат ва баҳамоии форсизабонон сурудааст, Устод Сотим Улуғзода, ки романи “Фирдавсӣ” - аш дар Эрон ба унвони китоби сол эътироф шудааст, бояд дар авлавият қарор бигирад.

Зеро ба гуфти коршиносон ва соҳибназарони ҳавзаи фарҳангӣ гузоштани номи бузургон ба ин ё он маҳал ва муассисаю созмони фарҳангӣ ... нишони эҳтиром, иззат ва эътироф ва ҳамдилӣ бо онҳо ва ҳамдиёрони онҳост ва гувоҳи он аст, ки онҳоро дӯст медоранду ба андеша ва назари онҳо эҳтиром қоиланд.

Шоҳмансури Шоҳмирзо
Мӯҳр
Камчинбек
Шоирони Точикистон дар Ирон он кадар машхур нестанд.Шояд хонанда сабаб пурсад.Чавоб инчост,ки вакте,ки дар Ирон шоирони бузурги навовар ва колабшикан аз кабили Малик -уш Шуаро Бахор,Нимо Юшич,Нодирпур,Солис,Шомлу,Симин,Фуруг,Парви
ни Эхтисоми,Лохути,Сиёвуши Касрои ва дахо нафар адибони баландпарвоз хастанд шеъри устодони шеъри хавзаи форсии Мовароуннах аз кабили устодон Лоику Бозору Гулрухсору дигароннисбати шеъри онхо дар дарачаи пасттаре карор дорад.Дар Ирон бошад 80 миллион нафар ахоли ва табакаи бузурги интеллегентсияи шахри аст(тахминан 50 миллион нафар ё худуди беш аз 65 фоизи ахолии Ирон дар шахр зиндаги мекунад,чи расад ба 30 фоизи ахолии шахри Точикистони кучак)ва хар як ирони Хофиз,Саъди ва Фирдавсиро чи хурду чи бузург соатхо метавонад тахлилу маънидод кунад(чи расад ба чамъияти бесаводонаи мо,хатто интелегенсияи пухтаи босавод низ надорем).аз ин ру шеърхои ин шоирони мо,ки хамаги баъди навпардозихои шеъри ирони ибтидои асри 20 ба вучуд омада,дар мо аз солхои 60-ум шуруъ шудааст хамвазни ва махбубият пайдо карданашон амри мухол аст.Як сабаби дигар ин эчоди ашъори Лоик,Бозор ва Гулрухсор бо харфи кириллик хаст.Хати форси коидахои худро дорад.Чун онхро бо форси менависанд маъни ва сохти шеърхои онхо дар колаби шеъри форси намегунчад.Аз ин ру шеъри точик дар Ирон хеч бозоргир нашуд.Ягона эътирофи онхо ин аз шеъри Каноат аст.АЗ устод Каноатро низ на шеъри лирикияш балки достонхои хаммсияшро,ки дар шакли эпики-писихологи эчод шуда,дар доираи адабиёти порси назир надоранд эътироф мекунанд.Чопи ду се шеър ва чопи онхо бо микдори 2-3 хазор нусха маънои иронгир шудани шеъри лирикии точикро надорад бародарон.Бародарон сари масъалаи номгузории Самарканду Бухоро бошад бахс накунед.Дар Ирон ба ин шахрхо на чун шахрхои точики,балки чун шахрхо ва тамаддуни кадимаи Ирони бостон муносибат мекунанд на точики,дидгохи онхо ба шахрхои Нисо(назди Ашкобод) ва Марви Туркманистон низ чунин аст.Хамаи суханхои онхо вокеъан сари ин масъала дуруст астанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)