Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Хоруғ: Оғози баррасии парвандаи куштори генерал Назаров

8 феврал 2013, 16:17

Шомусаллам Саидмусалламов, раиси суди Бадахшон гуфтааст, парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров, собиқ сардори раёсати КДАМ дар Бадахшон, ба Додгоҳи олӣ ироа шуда, барррасии он дар нимаи дуввуми моҳи феврал дар Хоруғ шурӯъ мешавад.

Барои баррасии парванда додгустар, машваратчиёни халқӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ аз Душанбе ба Хоруғ меоянд. Қаблан додситони Бадахшон Муҳаммад Арбобов дар робита бо парвандаи куштори парвандаи Абдулло Назаров баён карда буд, ки нисбати ду нафар сокини Хоруғ Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов аз руйи моддаи "одамкушӣ", айб эълон шудааст.

Абдулло Назаров шоми 21-уми июл ҳангоме, ки аз ноҳияи Ишкошим бармегашт дар наздикии Хоруғ аз ҷониби афоди номаълум кушта шуд. Ба дунболи ин ҳодиса, субҳи 24-уми июл дар Хоруғ амалиёти мақомоти қудратӣ шуруъ шуд, ки аз ҳар ду тараф зери 70 кушта бар ҷой гузошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалом!! хар як давлат конун ва коидаи худро дорад ва хар як гражданин уро бояд хифз кунад!!!биед ба хама чиз ба чашми адолат назар кунем Тоибистони соли гузашта хамамон дар едамон хаст вокеаи дар Хоруг буда, Ин бачахо боя д ба чавобгари кашида шаванд ки генералро куштан Лекин аз барои 1 генераль Ин кадар кудакону чавонони Бадахшонро ки куштанд пас чаро то имруз ягон кас ба чавобгари кашида намешвад?!!!
Называйте все вещи своими именнами если есть закон то судите всех поравну по закону !!! или это называется ГЕННОЦИД!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!