Гуруснанишинии Садриддин Тошев дар ШИЗО-и Хуҷанд
Садриддин Тошев, яке аз маҳбусон ва шоҳиди қазияи марги Ҳамза Икромзода, ки ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буд, аз 4 рӯзи қабл даст ба гуруснанишинӣ задааст.
Бадриддин Тошев, падари Садриддин ба Озодагон гуфт, писараш бо эълони гуруснанишӣ талаб намудааст, ӯро ба маҳбаси Душанбе ё ноҳияи Ваҳдат, ки имкони дидиорбинии пайвандонаш мавҷуд аст, интиқол бидиҳанд: “Намефаҳмам дар кадом асос писарамро аз маҳбасхонаи шаҳри Душанбе ба зиндони №23-и шаҳри Ҳуҷанд интиқол додаанд. Бо 350 сомонии нафақаам наметавонам ба дидорбинии фарзандам равам. Масъалаи дигар ин аст, ки нисбати фарзанди ман шиканҷа раво дидаанд. Аризаи ман ба мақомоти судӣ дар ин робита ҳанӯз ҳам бе ҷавоб аст”.
Ёдрас менамоем, Садриддин Тошев, муллақаб ба “Қорӣ”, яке аз онҳое, ки дар қазияи марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ додааст, бо ҷурми гаравгонгирӣ, терроризим ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев, собиқ фармондеҳи саҳроии ИНОТ ба 25 соли зиндон маҳкум шудаааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |