Масъалаи бастани шартнома оид ба интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст.
Дар ин бора Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи кишвар имрӯз 8-уми феврал зимни нишасти хабарие, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда айни замон гуфтушунидҳо дар ин масъала миёни субектҳои хоҷагидории ду кишвар, ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ва СШ “Устрансгаз” идома доард.
Ёдрас менамоем, ки ҷониби Узбакистон 26-уми декабр интиқоли гази табии худ ба Тоҷикистонро қатъ намуда буд ва дафтари матбуоти "Тоҷиктрансгаз" бо шарҳи сабаби ин қазия гуфт, он миқдори газе, ки дар соли 2012 барои Тоҷикистон интиқол дода мешуд, ба охир расидааст ва мақомоти Тошканд мехоҳанд, тибқи созишномаи нав дар соли 2013 интиқоли газ аз сар гирифта шавад.
Мӯҳр