Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:36

Зарифӣ дар бораи Фаластин ва тақсими дурусти об

8 феврал 2013, 16:44

Дар шаҳри Қоҳираи давлати Миср Иҷлосияи 12-уми сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ кори худро идома медиҳад.

Тибқи хабари департаменти иттилоотии ВКХ-и Тоҷикистон, рӯзи гузаштаи 7-уми феврал роҳбарони ҳайъатҳои давлатҳои иштироккунанда масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба қазияҳои муҳим ва доғи рӯз, аз ҷумла, қазияи Фаластин ва Малӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Манбаъ афзуд, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки роҳбарии ҳайати кишвари моро дар ин ҷаласа ба зимма дорад, ба таваҷҷӯҳи ҳозирин мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ пешниҳод намуд. Номбурда мавзӯи Фаластинро маҳаки марказии фаъолияти Созмони ҳамкории исломӣ ҳисобида, изҳор намуд, ки Тоҷикистон аз талошҳои фаластиниҳо барои барпо кардани давлати ояндаи худ самимона истиқбол мекунад.

Ҷаноби Зарифӣ нақшаи фаъолияти Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказиро таъкид намуда, хотирнишон кард, ки нақшаи мазкур ҳанӯз соли 2011 аз ҷониби Кумитаи доимии Созмон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат (COMCEC) қабул шудааст. Лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, ки дар он инъикос ёфтаанд, ба хусус роҳи оҳани Душанбе-Мазори Шариф-Ҳирот ба рушди иқтисод ва савдои давлатҳои минтақа, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд. Ӯ таваҷҷӯҳи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории исломиро ба истифодаи оқилона аз захираҳои обии минтақа, ки яке аз мавзӯъҳои калидии рӯз мебошад, ҷалб намуда, бори дигар таъкид кард, ки истифодаи оқилона аз ин захираҳо ҳаргиз ба зарари кишварҳои поёноб сурат нахоҳад гирифт ва омодагии Тоҷикистонро барои гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба масъалаҳои муҳандисӣ-техникии истифодаи об таъкид кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!