Миср: Қазияи Шафиқ муштаракан баррасӣ мегардад
Аҳмад Шафиқ, собиқ нахуствазири Миср ва номзади пешини интихоботи раёсати ин кишвар моҳи марти оянда дар додгоҳ муҳокима мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” ва ба нақл аз оҷонсии хабарии “аш-Шарқ ал-авсат”-и Миср, Самир Абулмуотӣ, раиси додгоҳи истинофи Қоҳира аз баргузории нахустин ҷаласаи додгоҳии Аҳмад Шафиқ дар санаи 3-уми март хабар додааст.
Бар асоси ин гузориш, дар баробари собиқ нахуствазири Миср, Иброҳим Муноъ, вазири ҳавопаймоии ғайринизомӣ, Тавфиқ Муҳаммад Осӣ, раиси ширкати ҳавопаймоии режими Ҳусни Муборак, раисҷумҳури барканоршудаи ин кишвар низ муҳокима хоҳанд шуд.
Манбаъ меафзояд, ҷаласаи додгоҳии Аҳмад Шафиқ ба сурати ғиёбӣ баргузор мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Аҳмад Шафиқ пас аз шикасти худ дар интихоботи раисҷумҳури Миср аз кишвар фирор намуда, айни замон дар Имороти Муттаҳидаи Араб зиндагӣ дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |