Бахшҳо

Сафири Бритониё: "Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бояд шаффоф гузарад"

Cӯҳбати хабарнигори "Озодагон" бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Робин - Орд - Смит

Вақте ёрдамчии аслии писари Малика шоҳзода Эндрю будам…

- Мӯҳтарам сафир, мехостам бидонам, ки Шумо пеш аз таъин шуданатон ба мақоми сафири Бритониё дар Тоҷикистон сафаре ба кишвари мо доштед ё барои аввалин бор ҳамчун сафир ба кишвари мо омадед?

- Пеш аз оғози суҳбат мехоҳам бигӯям, ки аз таваҷҷӯҳи Шумо ба фаъолияти кории худ хурсандам. Ҳамчунин, мехоҳам бигӯям, ки аз сӯҳбат бо ВАО на танҳо журналистон, балки мо ҳам манфиат мебинем. Дар робита ба саволи Шумо мехоҳам бигӯям, ки сафари аввалинам ба Тоҷикистон соли 2008 буд, яъне замоне, ки дар Ҳукумати Бритониё кор мекардам. Ман яке аз ёварони писари Маликаи Бритониё Елизавета 2 (Елизавета Александра Мария) будам. Аслан, сафари ман ба Тоҷикистон ду маротиба баргузор гардид. Мақсади сафари аввалам он буд, ки вохӯрии писари Маликаи Бритониё Шоҳзода Эндрюро (унвони Гертсог Йоркскийро дорад ва писари дуюми Маликаи Бритониё аст ) бо ҳукумати Точикистон ташкил кунам ва маротибаи дуввум бо сафари расмӣ ҳамроҳи писари Маликаи Бритониё ба ин ҷо омадам. Дар ин сафар бо президент Раҳмон ва дигар фаъолони ҳукумат шиносоӣ пайдо кардам ва ҳамзамон якчанд вохӯриҳои муҳим ҳам гузаронидем.

- То ҷое аз шарҳи холи шумо маъум аст, бори аввал ба мақоми сафир таъин шудаед ва он ҳам дар Тоҷикистон…

- Оре бори аввал аст, ки ба ин мақом таъин шудаам. Раванди ба ҳайси сафир таъин шудан дар ин ҷо ва дигар мамлакатҳо каме душвортар аст, зеро он ҷо нафареро таъин мекунанд, ки мебинанд, оё вақти холӣ ва дониши казоӣ дар бораи он мамлакат дорад ё на. Қабл аз оне, ки ман ин ҷо сафар кардам ман дар маҷмӯъ дар хусуси Осиёи Марказӣ маълумот доштам. Хеле ҳам мехостам, ки маҳз ба Тоҷикистон ҳамчун сафир омада кор кунам. Чи тавре, ки мебинед, ҳоло орзуям амалӣ шуд.

Аз миссияи Грем Лотен то миссияи Робин Смит дар Тоҷикистон


- Чунин ба назар мерасад, ки ҳар сафири Бритониё дар Тоҷикистон бо барномаҳо ё соҳаҳои алоҳида таваҷҷӯҳ доранд. Сафире, ки пеш аз Грем Лотен ин ҷо кор мекард, бештар ба мушкилоти соҳаи ҳарбӣ таваҷҷӯҳ дошт, аммо Грем Лотен бештар ба масъалаҳои ВАО аҳамият медод ва ӯро дӯсти рӯзноманигорон низ меномиданд. Аз ин нигоҳ бигирем таваҷҷӯҳ ё худ миссияи Шумо чист?

- Ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷаи Бритониё се мақсад дорад. Аввалан, бехатарии амният- мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии хариду фурӯши маводи мухаддир. Дуввум, мақсаде, ки мо мехоҳем амалӣ кунем, ин рушди иқтисодии бозори Тоҷикистон аст. Саввум, вазифае, ки мо бештар кор мекунем, амнияти шаҳрвандони худи Бритониёи Кабир дар Точикистон аст. Мо барои кӯмак ва дифоъ аз онҳо низ фаъолият мекунем. Ба унвони мисол, агар ягон ҳолати фавкулода Худо накарда руй диҳад, мо аз шаҳрвандонамон, ки ин ҷо фаъолият ва зиндагӣ мекунанд, бояд дифоъ кунем. Дар давоми 10- соли охир ман бештар ба масоили иқтисодӣ сару кор дорам. Ҳукумати Бритониё маро маҳз барои омӯхтани системаи бозори дохилии Тоҷикистон фиристодааст ва мақсади ман ҳамчунин ин аст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон низ бояд баланд шавад. Қаблан, сафорати мо дар рушди тиҷорат зиёд кор накард. Яке аз сабабҳо ин аст, ки Лондон аз Тоҷикистон хеле ҳам дур аст. Бозори дохилии Тоҷикистон бошад хеле хурд. Ҳамчунин, дар бораи Тоҷикистон ҳам хеле маълумоти кофӣ дар Лондон надоранд, яъне чунин давлатро намешиносанд. Ширкатҳои бузурги бритониёӣ ҳеч дар хусуси бозори Тоҷикистон низ мутаассифона чизе намедонанд ва ҳамчунин намедонанд, ки кадом намуди тиҷоратро ин ҷо фаъол кардан лозим аст. Барои ман аз ҳама муҳим он аст, ки иқтисоди ин кишварро биомӯзам ва дар рушди он мусоидат кунам, чунки Тоҷикистон воқеан ҳам ба он ниёз дорад. Шумо худатон низ хуб медонед, аз сабаби паст будани иқтисодиёти кишвар шаҳрвандони шумо ба муҳоҷират ба Русия мераванд. Ҳамчунин, сатҳи ташкил кардани ҷойҳои кории холӣ дар кишвар на он қадар баланд аст. Тибқи оморе, ки ман медонам, хамаги 36- ҳазор ҷойи кори таъин гардида аст, ки хеле ночиз аст. Ва максади мо аз овардани ширкатҳои бритониёи ба Тоҷикистон маҳз кумак ба мардум ва соҳиби ҷойи корӣ дар ватани худ гардидани онҳост. Мо кӯшиш мекунем имкониятҳояшонро васеъ кунем, яъне аз маҳдудият онҳоро дур созем. Ҳоло мо ин масъалахоро дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ гузоштаем. Ҳукумати Тоҷикистон дарк мекунад, ки омадани як ширкати бритониёӣ рақобати бисёрро ин ҷо метавонад, ба вуҷуд биёрад. Роҳи бизнес, ин аст, ки ҳар ширкат ба он ҷое меравад, ки дар он ҷо имконияти тиҷорат дастрас ва васеъ аст. Ба таърих нигоҳ кунем, конҳо ҳамеша соҳибкронро дар дунё ба худ ҷалб месохтанд.

Ба ҳамин хотир соҳибкорони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд, ба Тоҷикистон биёянд ва дар ин самт кор кунанд. Воқеан, зиёд ширкатхо низ маҳз барои дарёфт кардани тилло ба ин ҷо меоянд. Вале мо дар бораи бозор маълумоти дақиқ надорем. Худи сафорат ҳам чунин нафаре, ки дар соҳаи иқтисод ҳирфаӣ бошад, надошт, ки бевосита бозорро омӯзад ва ҳисоботи дақиқро ба мо пешниҳод кунад. Мо ин нафарро тоза пайдо кардем ва ҳоло кор хеле ҷоннок аст. Нахустин, ҳисоботе, ки мо дар бораи бозори дохилиии Тоҷикистон тайёр карда ба ширкатҳои Бритониёвӣ дар Лондон пешкаш кардем моҳи декабри соли 2012 буд. Ду ҳафта қабл мо ба Маскав сафари корӣ анҷом додем, ки маҳз бо ширкатҳои бритониёӣ, ки солҳои дароз аст, ба таври муваффақона кор мекунанд, сӯҳбатҳо кардем ва ҳоло тасмим аст, ки ин ширкатҳо дар Тоҷикистон чӣ чизро метавонанд роҳандозӣ кунанд. Ҳоло нақша дорем, ширкатҳои бритониёиро, ки дар Маскав ҳастанд ба Тоҷикистон биёрему онҳо бо бозори Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд. Дар Маскав мо чор ширкати хеле бузург ва ҷиддӣ дорем, ки аллакай хоҳиши ба ин ҷо омаданашронро ба мо маълум карданд. Мо на фақат ба соҳаи иқтисодӣ аҳамият медиҳем ва ҳамчунин ба рушди бахши тандурустӣ низ мусоидат намоем. Тоҷикистон ҳам аллакай дарк карда истодааст, ки рушди иктисодиёт муҳим аст. Соли гузашта Тоҷикистон якчанд хуҷҷатҳои муҳимро имзо ҳам кард. Аз ҷумла, дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва имзо шудани конвенсияи Ню- Йорк, ки доир ба ҳифз кардани ҳуқуқҳои инвесторҳои тоҷик буд.

- Аммо бархе аз коршиносони хориҷ чунин назар доранд, ки Тоҷикистон барои ворид шудан ба Созмони Ҷаҳониии Тиҷорат омода набуд….

- Не, не чунин нест. Ин барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамкор хуб аст. Имконияти соҳибкорӣ ҳам барои тоҷикистониён ва ҳам барои дигар мамоликҳои хориҷӣ осонтару беҳтар хоҳад буд. Вале Тоҷикистонро мебояд қоидаву талаботҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро амалӣ кунад, чунки қадамҳои аввалинашро дар ин ҷода гузоштааст. Он давлатҳои дигаре, ки аллакай таҷрибаи чандинсола дар ин роҳ доранд, метавонанд ба Тоҷикистон ёрӣ диҳанд. Тоҷикистон дуввуми марти соли ҷорӣ ба таври расмӣ узви 159-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хоҳад шуд.

Танқид мансабдорони моро ислоҳ мекунад

- Воқеан, шарти аксари сармоягузорон ин аст, ки кишвари мавриди назарашон дар талоши рушди озодиҳои инсон, озодии сухан бошад. Шумо барои рушди озодии сухан чӣ корҳоеро анҷом додан мехоҳед?

- Ин саволи хеле хуб аст. Ҳукумати Бритониё ба озодии сухан, озодии баён арҷ мегузорад. Фикр мекунем, ки дастрасӣ ба маълумот ҳамеша бояд вуҷуд дошта бошад. Матбуоти кишвар бояд озод бошад. Мо айни замон аз болои он низ кор карда истодаем. Мо дар тамоми шароитҳо ВАО-ро дастгирӣ мекунем. Ҳукумати Тоҷикистон аллакай дар бораи озодии баён андешаву мавқеи моро медонад. Ҳукумати кишвар, аз он ки ман чи кор карда истодаам низ хуб огоҳ ҳастанд. Дар замони хозира маҳдуд кардани ВАО як чизи номақбул аст ва мо инро аслан қабул намекунем. Яке аз вазифаҳои ҳукумати Бритониё низ дар он аст, ки бо журналистон ҳамкории хуб бошад ва ин яке аз сиёсатҳои муҳими мо ба ҳисоб меравад. ВАО-и Бритониё нақши муҳимеро дар ҳукумати Бритониё мебозад. Масалан чанд сол пеш журналистони бритониёӣ дар бораи хароҷоти сохтакоронаи сарвазири мамлакат маълумот дарёфт карданд ва дар ВАО матлаб нашр намуданд. Аммо касе аз ин наранҷид.

- Аммо агар маҳдудсозии озодии сухан, мисли бастани сомонаҳо ва нашрияҳо дар арафаи интихоботи президентии имсола дар Тоҷикистон идома кунад, сафорати Бритониё дар ин маврид дар кадом мавқеъ қарор хоҳад гирифт?

- Ҳоло мо дар ин хусус чизи дақиқ гуфта наметавонем. Намедонам, ки оё воқеан Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ ба ҳамин мушкилот рӯ ба рӯ хоҳад шуд ё на. Вале ба ҳар сурат бояд журналистон дар ин маврид фаъолияти касбии худро бидуни мушкиле анҷом диҳанд, чунки тавассути фаъолияти эшон мардум аз рақибҳои президент ва дигар равандҳои ин маъракаи муҳими сиёсӣ огоҳ хоҳанд шуд. ВАО-и Бритониё хеле танқидӣ аст ва мардум онҳоро қабул мекунанд. Мансабдорони мо баъд аз нашри мақолаҳои интиқодӣ оиди сиёсати кори худ ҳаракат мекунанд тавзеҳоти бештар медиҳанд. Ин ҷо бошад дигар хел аст.

Интихобот набояд ғайришаффоф гузарад

- Ҳукумати Бритониё дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон, ба назар мерасид, ки дар қиболи ношаффофиҳо мавқеи нармро дошт. Агар интихоботи президентии имсол низ ношаффоф гузарад, мавқеи шумо тағйир меёбад?

- Мо дар ин хусус ҳам чизе гуфта наметавонем, зеро хеле барвақт аст. Чунки мо воқеан намедонем, ки баъд аз 10- моҳ чӣ мешавад. Ин як масъалаи хеле нозук аст ва онро пешгӯи кардани ман ҳам аз имкон берун аст. Мо ва ҳамкоронамон бо ҳукумати Тоҷистон кор карда истодаем, ки бояд чи гуна интихобот баргузор гардад ва огоҳии мардум баланд бошад. Мо умед дорем, ки интихоботи президентӣ шаффоф, озод ва боадолатона мегузарад.

- Британияи Кабир таҷрибаи бойи парлумониро дорад. Таҷрибаи парлумонии Бритониёро метавон дар Тоҷикистон истифода кард? Барои мубодилаи таҷрибаи парлумони байни Тоҷикистон ва Британиё чӣ бояд кард?

- Мо дар ин соҳа ҳам кор карда истодаем ва ин низ яке аз равияҳое, ки дар оянда мехоҳем рушд диҳем. Мо бо Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагон сӯҳбат ҳам кардем. Яке аз намондагони парлумони Лондон Лорд Вейвели, Найчел Миллс ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Соли 2011 чанд вакили Тоҷикистон ҳам ба парлумони мо ба шаҳри Лондон сафар карданд. Баронесса Старн, ки яке аз аъзои парлумон ҳастанд моҳи март боз ба Тоҷикистон меоянд. Умедворам аз ин сафархо ҷонибхо манфиат мебардоранд ва табодули таҷриба мекунанд. Бояд бигуям, ки Тоҷикистон хеле давлати ҷавон аст. Барои расидан ба вазъияти феълии демократия дар Бритониё садсолаҳо лозим шуд ва шумо низ бояд хуб донед, ки ҳамаи ин вақтро талаб мекунад.

- Агар барномаи махсус надошта бошед барои донишҷуён ва журналистон оё сафорат омодааст филми мустанадеро аз ҷаласаҳои парлумони Бритониё барои ҷавонони тоҷик лоакал омода кунад?

- Ба фикрам Лорд Вейвели яке аз намондагони парлумони Бритониё аз болои ин кор карда истода аст. Гуфтугӯи ман бо ӯ маҳз дар хусуси ҳамин филм сурат гирифта буд. Ҷаноби Лорд гуфт, ин филм бо забони русӣ тарҷума шуда истодааст ва мо онро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда дар ин ҷо нишон хоҳем дод.

Роғун ва "Дафинаҳои Амударё"

- Кадом таҷрибаи парлумониро дар Бритониё Шумо аҷибтарин мешуморед?

- Агар мо 200- сол пешро бингарем, фаъолияти парлумони мо ба мисли ҳозир рушд накарда буд. Ман як мисол метавонам биёрам, ки парлумон он вакт занонро дар овоздиҳӣ барои интихоби вакил кабул намекарданд, вале ҳоло бубинед кор тамоман дигар аст. Тагйиротҳои зиёдеро барои беҳтар намудани кори он дароварданд. Парлумони мо ҳисоботи нахуствазирро мешунавад ва инчунин ҳукумати Бритониё назди мардум ва парлумон ҳисобот медиҳанд. Парлумони мо қудрати хеле бузург дорад.

- Оё Бритониё метавонад дар ҳалли масъалаи Роғун байни Тоҷикистону Узбакистон миёнаравӣ кунад ва ба ҳалли мушкили мо ёрӣ диҳад?

- Мо хоҳиш доштани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро мефаҳмем ва инро ҷонибдорӣ мекунаем. Бонки ҷаҳонӣ баҳодиҳии техникиро маълум мекунад, то он вақт ман чизе гуфтан наметавонам. Мо ҳам мисли шумо интизори ҷавоби Бонки ҷаҳонӣ ҳастем.

- Чаро аксари дипломатҳои хориҷӣ эҳтиёткоранд ва дипломатияро аз ҳад мегузаронанд. Ҳол он ки онҳо хостори демократия ва озодии баён дар ин кишварҳоянд, аммо ҷаҳду талоши ҷиддии онҳо дида намешавад. Ё ман нодуруст мегӯям?

- Ҳар як дипломат бояд ҳирфаӣ рафтор кунад. Чи тавре, ки дар боло кайд кардам мо хостори озодии баён дар ҳар як кишвар ҳастем ва дар ҳар як мушкиле, ки ягон кишвар дошта бошад мо кӯшиш мекунем бо роҳҳои дипломатӣ онҳоро ҳал кунем.

- Мумкин намунаи Грег Муррей, (соли 2002 то 2004), ки ҳангоми сафири Бритониё дар Узбакистон буданаш камбудиҳои режими Ислом Каримовро гуфт ва аммо аз карйераи дипломатӣ маҳрум шуд, ба кори сафирони имруза дар минтақа таъсире дошту дорад?

- Ман намедонам рости Грег Муррей бо кадом роҳ аз вазорати корҳои хориҷа ронда шуд. Ман намедонам ҳоло ба чӣ кор он кас машғул аст. Ба фикрам як вебсайт дорад ҳамон ҷо ворид шавед эҳтимол пайдояш мекунед аз худаш пурсед беҳтар аст ба фикрам. Вале як чиро мегӯям, ки ҳар як дипломат бояд назари ҳукумати худро бо роҳи профессионалӣ гӯяд ва ҳалли онро ҳам професионалӣ рӯи даст гирад. Мо бояд ҳирфаӣ бошем. Мо намояндаи давлат ҳастем.

- Шояд қазияи дар боло ёд шуда ба фаъолияти ҳамаи дипломатҳо камтарак таъсир гузошт?

- Намедонам таъсирашро…….

- Чор сол пеш ҳафтаномаи СССР як мақола навишта буд дар бораи "Дафинаи Амударё" ё худ "Хазинаи Окс", ки аз Тахти сангин аввали асри 20- тоҷирони Бухоро аз ноҳияи Қабодиён бо роҳи қочоқ онро ба Покистон бурда буданд. Англисҳо аз Англияи 2, яъне Покистони имрӯза, ин дафинаро харида, ба Инглистон бурданд. Ҳоло Хазинаи Окс аз гаронарзиштарин экспонатҳои Музеи миллии Лондон ба ҳисоб мераванд. Соли гузашта бо ташабусси сафири қаблӣ нусха, ё худ дубликати ин экспонатҳо ба осорхонаи Тоҷикистон тақдим шуд. Агар Шумо шаҳрванди Тоҷикистон мешудед, мавқеи шумо дар хусуси баргардонидани нусхаи асли "Хазинаи Амударё" аз осорхонаи Лондон ба осорхонаи Тоҷикистон чӣ мебуд?

- Экспонатҳоро ман дидаам дар музеи Лондон, воқеан ҳам хеле қашанг ва зебо хастанд. Барои ман ҳам сахт маъқул шудаанд. Осорхонаи Бритониё 6 ё 7 ададашро барои Тоҷикистон дар шакли дубликат таёр намудааст ва дар оянда онро ба Тоҷикистон меоранд ва мо хеле интизорем ки онро дар Осорхонаи Милии Тоҷикистон бубинем. Ҳодисаи таърихӣ дар атрофи Хазинаи Окс хеле печида аст.

- Бритониё бо бозиҳои футболаш хеле дар ҷаҳон машҳур аст, яъне командаҳои Манчестр Сити, Манчестр юнейтед, Арсенал Ливерпул дорад, ки берун аз кишвар, ҳатто дар Тоҷикистони мо низ мухлисони беҳад зиёд доранд. Шояд хонандагони ҳафтаномаи мо донистан хоҳанд, ки сафири ҷадид мухлиси кадом даста ҳастанд?

- Ман рости ҳамеша аз Ливерпул мухлисӣ мекунам, ки дишаб онҳо мағлуб шуданд ва айни замон хеле нороҳат ҳам ҳастам.
Мусохиб

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)