Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

Ҷузъиёти бозҷӯии раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб

11 феврал 2013, 10:16

Рӯзи якшанбеи 10-уми феврал кормандони ШКД-и шаҳри Кӯлоб роҳбари ҲНИТ дар ин шаҳрро, бо сбабаи доир намудани мавлуди Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) ба милисахона бурдаанд.

Муҳаммадшариф Набиев, раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ба «Озодагон» гуфт, «рӯзи якшанбе тибқи барномаи ҳизбӣ ба ноҳияи Фархор сафари корӣ доштем. Дар ин маврид аз шаҳри Кӯлоб хабар расид, ки Абдусамад Ғайратов, раиси ҳизби шаҳриро бо «ҷурм»-и баргузории мавлуди Расулуллоҳ ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд».

Оқои Набиев афзуд, ҳанӯз чанд рӯз пеш Зулайхо Комилова, муовини раиси шаҳр дар як сӯҳбат аз фаъолияти ҳизби мо «изҳори нигаронӣ» карда, таъкид аз он карда буд, ки ҳар гуна фаъолият ва баргузории чорабиниҳоро дар доираи фаъолияти ҳизб ҳатман бо шаҳрдорӣ мувофиқа намоем. «Ба андешаи хонум Комилова, набояд ҳукумати шаҳр аз баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ бехабар монад. Аммо ҲНИТ як ҳизби сиёсӣ аст ва дар ин бастагӣ, фаъолияти озод ва нақшаву чорабиниҳои худро дорад, ки аз он ба ҳукуматдорон мувофиқа намудан усулан ва мантиқан зарурат надорад. Гузашта аз ин, ҳизби наҳзати исломӣ- ҳизби динӣ мебошад ва пайравӣ аз Исломи ноб доштаву зарур медонад, ки аз Паёмбари Худо барои узви худ ва мухлисонаш қиссаҳо хонад ва Ӯро муаррифӣ намояд ва аз мавлуди Он ҳазрат ҷашн бигирад ва шодмонӣ кунад».

Ба андешаи Набиев, ҷалб ва ширкати ноболиғон ба инчунин маъракаҳо аз манфиат берун нест. Зеро, эшон дар он ба ҷуз аз таърихи Ислом ва пайравӣ ба он ва накӯкориву сиришти нек, хулқи ҳамида, дигар чизе намегиранд. Аммо ҳукуматдорон бар онанд, ки ҷалби ноболиғон ба чорабиниҳои динӣ мамнӯъ аст. Набиев мепурсад, пас чаро ҳизби коммунист пионеру комсомол ба воя мерасонд? Ва дар шароити имрӯза ҳам, ҳизби халқӣ-демократӣ ба кадом хотир дар макотиб ҷонибдорони худро ба узвияти ахтарон, ворисони сомониён ва сомониён даъват менамояд?

-Мантиқан, инҳо заминаи ҳизбҳои номбурдаанд, ояндаи ин ҳизбҳоянд. Пас, чаро ҲНИТ наметавонад барои оянда аз зербино ва давомдиҳандагони роҳи худ истифода барад,-суол медиҳад Набиев

Аз ҷониби дигар, меафзояд ӯ, коммунистҳо метавонанд дар бораи доҳиёни худ, Ленину Марксу Энгелс таблиғот баранд, вале барои наҳзатиён ҷашни мавлуд ва ташвиқоти беҳтарин бандаи Худо, расули Ӯ, ҳазрати Муҳаммад(с) мамнӯъ будааст. «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳизби сиёсӣ-динӣ аст ва ақидаи исломӣ дорад. Чаро дар ин рӯзи фараҳ Паёмбари ислом (с)-ро ҳамчун сиёсатмадори бузург ва пайғамбари Худо муаррифӣ карда натавонем ва барои умматонаш аз ҳаёту фаъолияти Ӯ ёдовар нагардем?».

Ихтилоф. Ва дидгоҳҳо…

Абдусамад Ғайратов, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, «он рӯз дар дафтари ҳизб як чорабинии фарҳангӣ, семинар-мавлуд доир карда будем. Ҳангоми баргузории семинар аз куҷое кормандони милиса омада, талаби қатъи чорабинӣ карданд. Ҳарчанд фаҳмонданӣ шудем, аммо бефоида буд. Баъдан, маро ба милисахона бурданд. Дар он ҷо сардори ШКД бо намояндагони ҳукумати шаҳр маро талқин мекарданд, ки мавлуди Паёмбари ислом ва ҷалби ноболиғон ба маърака дар дафтари ҳизбӣ қатъан мамнӯъ аст. Дар ин бора аз ман баёнот гирифтанд ва ҷавоб доданд. Муомилаи дурушт, дағалӣ дар нисбати ман раво надидаанд, вале он чӣ, ки дар чорабиниҳои ҳизбӣ дахолат мекунанд, бароям норӯшан буд».

Оқои Ғайратов афзуд, он рӯз кормандони милиса 50-100 метр дуртар аз қароргоҳи дафтари ҳизби наҳзати ислом қарор гирифта, ҳар нафари ба дафтар наздикмешударо бо ибораи «номнависат мекунем», тарс медоданд.

Муҳаммадшариф Набиев, раиси бахши минтақавии ҲНИТ мегӯяд, «бо ҳар гуна усул мехоҳанд ҳаводорони ҳизбро пароканда кунанд, маҳбубияти ҳизби наҳзатро миёни аҳолӣ коҳиш диҳанд. Воқеан, ин усули роиҷ аст. Аммо на рақобат аст. Рақобати асил бояд созанда бошад, на бо роҳи тарсондану зӯроварӣ».

Ҷумъахон Назаров, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ гуфт, аз ҷониби кормандони милиса нисбат ба намояндагони ҲНИТ ягон фишору зӯроварӣ амалӣ нагаштааст. «Мо кормандони милисаем, ҳеч гоҳ ба поймоли ҳуқуқи шаҳрвандон ва ба иззати нафси касе намерасем. Дар мавриди қазияи онрӯза гуфтаниам, ки кормандони ШКД раиси бахши ҳизби наҳзати исломро бо айби қонунвайронкунӣ ба шӯъба оварда, дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ӯ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расондем. Зеро, эшон бо амали мавлудхонӣ талаботи Қонун дар бораи танзиму анъана ва расму оинро, ки тибқи он баргузории мавлуди Расули Худо танҳо дар масоҷид пешбинӣ гаштааст, вайрон кардаанд. Ҳамчунин, дар ин маросим талаботи Қонун дар бораи масъулияти падару модар низ вайрон гаштааст, зеро дар он 8 нафар ноболиғ ширкат доштанд».

Кормандони милиса дар ин маврид падару модари ин ноболиғонро даъват намуда, бинобар иҷро накардани талаботи Қонун дар бораи масъулияти падару модар парванда кушода, ба суд ирсол хоҳанд намуд».

Дар ҳамин ҳол, овозаҳое дар шаҳр паҳн мешаванд, ки ҳукумати шаҳри Кӯлоб иҷозаи дар масҷидҳо баргузории мавлуди Паёмбари исломро додааст, вале дар ин маросим мавъизахонии уламои дин ва дигар домуллоҳоро манъ карда, танҳо имом-хатиби ҳамон масҷидро ҳуқуқи мавъизахонӣ додааст.

Холмирзо Қаландаров, сардори шӯъбаи бахши дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ин овозаро комилан дурӯғ хонд. Ӯ гуфт, «дар якҷоягӣ бо Шӯрои уламои дини шаҳр барои имом-хатибони масоҷид Қарори маҷлиси Шӯрои уламо ва ҳайати муассисони Маркази исломии ҷумҳуриро, ки тибқи он баргузории ҷашни мавлуди Паёмбар (с) дар масҷидҳо бе додани таом ва муддати 2 моҳ, аз 20-уми январ то 20-уми март муайян гаштааст, қироат кардем. Дар мавриди мавъизаву маърӯзае дигар ҳарфе нагуфтаем».

Аммо оқои Қаландаров ба таъкид аз шаҳрдорӣ гуфт, ки дар маросими мавлудхонӣ даъват ва ширкати домуллоҳои ислом аз дигар навоҳӣ қатъиян манъ карда шудааст. «Маросимҳои мавлуди Паёмбар (с) дар масҷидҳои ҷомеъ ва дигар масҷидҳои панҷвақта иҷозат ҳаст. Масъулин метавонанд, уламои ислом ва дигар домуллоҳоро даъват намоянд, вале на аз дигар шаҳру навоҳӣ».

Дар ҳамин ҳол, Шариф Абдулҳамидов, сардори бахши дини вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб мегӯяд, дар мавриди баргузории маросими мавлуди Паёмбар (с) ягон саддгузорӣ ва назорат ба роҳ монда намешавад. Ин маросим ихтиёрист ва дар дилхоҳ масҷид вобаста ба шароит метавон аз он ҷашн гирифт ва иштирокчиён ва даъватшудагон низ, новобаста аз мақарри зисташон, ҳаққи ширкатро доранд ва ҳам мавъизаву сухан карда метавонанд.

Абдулҳамидов меафзояд, «ин мавлуди пайғамбари ҳамаи мост ва ёдовар шудан аз ҳаёту фаолияти Он ҳазрат ва ҷашнгирӣ аз он бар фоидаи ҳар мусулмон аст. Танҳо тибқи Қарори маҷлиси Шӯрои уламои дини ҷумҳурӣ маросимҳо бояд дар масҷидҳо баргузор гарданд. Дигар ягон нафаре, бо шумули мақомот, ҳуқуқи пешгирӣ, саддгузорӣ ва ё назорат аз болои онро надоранд».

Аслиддин Достиев

Ёддошт: Кӯлоб яке аз калонтарин шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он 10 масҷиди ҷомеъ ва 60 масҷиди панҷвақта расман фаъолият мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!