Бахшҳо
09 фев 2013 10:53Иҷтимоӣ

ИС-ТИС-МОР…

Дар замоне, ки башарият рӯ ба рушд дораду аз ҳаққу ҳуқуқи инсон, ҳатто зангиёни замоне ғуломбударо, дар кулли мамолики ҷаҳон пуштибонӣ кардан дорад, вале дар Тоҷикистон, кишвари сирф озоду истиқлолдор, акнун ба истисмори инсон, ба таҳқиру зӯроварии ҳамкешу ҳамдини худ, даст мезананд.

Бовар намо, хонанда, гумон мекунам, ки аз худ дида миллатдӯстдору ватанпарваре намебинам ва ин сарзамину ҳаммиллатонро ончунон дуст медорам, ки ба гуфтан нашояд. Ман ин аввалсуханро ба он хотир оварданиам, ки баъди хондани ақидаам кадом ҳушманде ва ё нохалафе гумон набарад, ки зиди сиёсати давлатдорӣ ва ё ватани азизам чизе мегуфта бошам. Танҳо ба ин тарзи муомилоти давлатмардон ва "бойотаҳо" нисбат ба раияту зердастонашон, мухолифам, ки воқеан, ба андешаам ҳар фарди миллатчиро бояд ба андеша оварад.

Кӣ моро аз ин варта мераҳонида бошад?

Дар китоби таърихи синфи 6 ё 7-уми давраи Шӯравӣ мавзӯи дарсие ҳаст дар мавриди истисмор ё ба истилоҳи байналмиллалӣ, эксплуататсияи одам. Дар ҳамин мавзуъ, сурати мужики уруси бо як пой болои заминаш рост истода аст, ки дарак аз он медиҳад, бечора майдоне барои бунёди манзили зист надорад. Ҳарчанд он замон барои "гражданин"-и СССР мавзуъ ва расми мужики якпоя карикатура буду бовари касро намеовард, аммо ин замон акнун насли СССР-ӣ қоил аст, ки ин чунин ҳолат воқеият доштаасту гузашта аз ин, дорад…

Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо, ҳазорон нафаранд одамоне, ки безаминанду на танҳо якпоя, ки бе пой ҳам болои замини худ рост шуда наметавонанд. Дар як ҳавлӣ, бо шумули 5-6-дарсади замин, 3-4, ҳатто 5-6 оила ба сар мебаранд, ки ҳар кадоме соҳиби фарзандони зиёданд. Ин аксиома аст, чанд оилаи дарякҳавлибуда. Яъне, ҳоҷат ба нишон додани суроғаи касеву кадом шаҳру ноҳия нест. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва оилаи тоҷикӣ, ба ғайр аз оилаҳои соҳибмансабону бойҳо, ки воқеан, ин тоифа ҳам дар кишвари мо каманд, метавон онро исбот кард.

Аммо, сабаб дар чӣ ва ё кист, ки ин иллат ҳалли мусбӣ намеёбад?

Дар мавриде, ки Ҳукумати марказӣ ва президенти кишвар пайи берун шудан аз воқеият амру супориши махсус ба имзо расонида, ба намояндагони худ дар навоҳӣ ирсол кардаанд, аммо бо гузашти беш аз 3-сол, ҳанӯз ҳам "итоаткорон"-и ҳукуматӣ амри президентро иҷро кардан намехоҳанд. Дар ин маврид, баҳонаҳои зиёде пеш меоранд, бехабар аз он, ки касе кор кардан намехоҳад, баҳонаҷӯӣ мекунад (кто не работает, ищить причину) ва ё маълумоти нодурусту ғалат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд. Гузашта аз ин, ҳам ҳукумату президент ва ҳам мардумро фиреб медиҳанд. Масалан, баъди супориши президент дар мавриди ҷудо намудани қитъаҳои замин барои манзили зист, дар марҳилаи аввал ҳазорон га ҷудо шудаву маълумоти муфассал аз ҳар шаҳру навоҳӣ ба ҲҶТ пешниҳод гардида буд. Вале бо гузашти муддате, ба истилоҳ комисиони махсус дар ҳар навоҳӣ ташкил ёфтаву қисмати бузурги заминҳои ҷудогашта бо айби, бубинед, ғайриимкон будан, дар бисёр маврид ба хотири пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, барои мӯҳтоҷон тақсим нашудаанд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки комиссияи нахуст чаро ин ҳамаро дида, барои хонасозӣ мусоид хонда буд? Дигар ин ки, дар мавриде, ки фалон миқдор замин барои бунёди хона гуфта, ба ҲҶТ маълумот пешниҳод гашта буд, бо кашфи "майдони ғайриимкон", аз майдонҳои имкондор онро пурра кардан мувофиқи мақсад мебуд, ки мутаассифона, дар навоҳӣ дигар аз он хомӯш мондаанд. Дар Ҳукумати марказӣ бошад, шояд ба он боваранд, ки мушкили умдаи аҳолӣ, тақсимоти замини хонасозӣ кайҳо ҳал гаштааст…

Аз ин хотир, фасод дар кумитаҳои заминсозӣ дар ҳамаи кишвар баръалост, ҳарчанд ҳастанд ҳолатҳое, ки мақомоти қудратӣ намояндагони ин кумитаро дар ҳукуматҳои маҳаллӣ маҳз бо ҷурми ришвагирӣ ё худ заминфурӯшӣ, муҷозот кардаанд.
Бо ин ҳама, қисмати зиёди заминҳо чӣ барои сохтмони хона ва чӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ боз ҳам дар дасти соҳибқудратон боқӣ мемонад. Аҳволи камбағал ҳамон тавр аст, ки буд.

Камбағалу бечораву кӯтаҳдастон ҳамоно дар ҳавлиҳои, ба истилоҳ "бобоӣ", рӯйи ҳам ба сар бурдан доранд. Ягона роҳи халосӣ аз ин мушкил барои авом, ин муҳоҷирати корӣ аст. Баъди 1-2-соли кор дар хориҷа, метавон қитъаи замин харидорӣ кардаву хоначае бунёд кард. Вагарна, боз чандин даҳсолаи дигар дар орзӯи хона метавон пир шуд.
Пас, дарди мужики урус имрӯз гиребонгири марди тоҷик гаштааст. Ё не?

Истисмор, ё худ эксплуататсия

Замони Шӯравӣ дар бораи истисмори одам аз ҷониби одам дар мамолики буржуазӣ зиёд мешунидем. Аммо, ба ростӣ бовар надоштем, ки инчунин хоҳад буд. Мешунидем, мехондем, дар кинофилмҳо тамошо мекардему диламон ба ҳоли "коргарони сиёҳ" бисёр месӯхт. Миллионеру бойҳо, соҳибмулкону соҳибони фабрику заводҳоро, ки ҳақи хизмати коргаронро намедоданд, дашному ҳақорат мекардем, носазо мегуфтем.

Ёд доред, барои камбизоатони Ветнаму Лаосу африқоиву осиёгӣ пул ҷамъ мекардем, садақа медодем? Ҳатто, дар мактабҳо хонандагон 10-тиниву 20-тинӣ ҷамъ мекарданд, ҳар гуна "маркаҳо" мехариданд. Ташвиқоту тарғиботи одамгариву дасти кӯтаҳдастон гирифтан он замон ончунон баланд буд, ки ҳиссиёти одамгариро аз даври тифлӣ баланд карда буд.

Ҳозир бошад, касе нест, то барои худи мо дилсӯзӣ кунад, моро аз мо раҳонад. Ҳарчанд баҳри рушди ҷомеа, беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва пешрафти кишвар президенту ҳукумат чора андешидан мехоҳанд, аммо ҳамоно ин мушкил ҳал намегардад. Дар шаҳру навоҳӣ одамони доро ташкилоту корхонаҳо бунёд кардан доранд. Мо низ тарафдори эҷоди ин гуна корхонаҳо мемонем. Вале, гап сари дигар чиз меравад.

Дар ташкилоту корхонаҳои шаҳру навоҳӣ, ки тибқи иттилои ҳокимиятҳои давлатӣ, ҳамасола садҳо милён сомонӣ маҳсулот истеҳсол мешавад, маоши миёнаи коргарон аз 250-сомонӣ то 600-сомонӣ будааст. Бигирем, дар як корхонае, ки дар 1-сол 20-милён сомонӣ маҳсулот мебарорад, ҳамагӣ 15-20-коргар фаъолият мекунанд (аксари корхонаҳои саноатӣ, масалан дар минтақаи Кӯлоб, ҳамин миқдор коргар доранд). Маоши миёнаи эшон 500-сомонӣ ҳам бошад, дар 1-моҳ 500х20=10000- сомонӣ, дар 1-сол 10000х12 =120000-сомониро ташкил медиҳад. Қисмати боқии маблағи маҳсулоти истеҳсолшуда, ки 20-милён сомонӣ буд, ба куҷо меравад? Хуб, агар як қисми он, бигзор 3-4 милёнаш барои харидории ашёи хом сарф шавад, 16-17-милён сомонии дигар танҳо ба ҷайби соҳибмулк меравад? Дар ҳоле, ки ҳамин даромад бо заҳмату меҳнати коргарон ба даст омадаст, чаро ҳади аққал 20-фоизи онро ба ин бечорагон намедиҳанд? Барои чӣ мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатӣ, ки вазифаи ҷониашон пуштибонӣ аз раият мебошад, ба ана ҳамин масъалаи дар аввал кучаку осонак, вале хеле ҷиддиву мушкил, аҳамият намедиҳанд?

Магар инро ба ҷуз истисмор, эксплуататсия, дигар чизе номидан мешавад?
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, аз ҳамаи раисони навоҳии минтақаи Кӯлоб пурсон шудем. Ҷавоби эшон бисёр аҷиб буд. Ҳамагӣ мегуфтанд, ки гӯё маоши коргарон дар нисбат ба нишондоди роҳбарони корхонаҳо хеле зиёд аст. Ба андешаи ҷанобон- намояндагони президент дар маҳалҳо, "роҳбарони ташкилоту корхонаҳои саноативу сохтмонии хусусӣ барои аз андози ҳифзи иҷтимоӣ гурехтан, маоши коргаронро чандин маротиба паст нишон медиҳанд". Аҷоиб, инро масъулоне мегуфтанд, ба иборае, масъулияти ҳамаи бурду бохт, пешравию рушди ноҳияеро бар дӯш доштаву мебояд хазинаи давлатиро аз ҳисоби андозҳои давлатӣ ғанӣ намоянд.

Гумони ғолиб бар он аст, ки агар инчунин масъулиятшиносӣ идома дошта бошаду ин гуна кучактарин мушкилро барои бурди давлат намояндагони президент дидаву аммо нодида гиранд, дигар Худо медонад ин кишвар рушд карда тавонад.

Вале ба пурсиши мо коргарони аксар ташкилотҳо иқроранд, ки аз 300 то 500-сомонӣ музди меҳнат мегирифтаанд. Ба гуфтаи коргарон, агар нафаре ҷуръат кардаву барои камии маош шикоят намояд, чун кинофилмҳои ҳиндӣ, шикояткунандаро бе ягон сабаб аз кор пеш мекунанд.

"Сабаби хомӯшии коргарон ҳам дар ҳамин аст, ки агар аз кор ронда шаванд, дигар ҷои кор намеёбанд. Агар ба мисоли давраи Шӯравӣ заводу фабрикҳои давлатӣ кор мекарданд, ба ин корхонаҳои хусусӣ ягон нафар ба кор намерафт", мегӯяд як коргари корхонаи саноатӣ дар Кӯлоб, ки тамоман намехост номашро зикр кунем.

Коргарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ё ба ибораи навин, саҳмдорони ин хоҷагиҳо, умуман музди ночизе мегиранд. Он ҳам бошад, танҳо дар мавсими пахтачинӣ ва барои 1-кг пахта 30-40-дирам. Яъне, дар мавсим тақрибан 2 ё 3-моҳ, агар пахтачини моҳир бошад, 400-500-сомонӣ кор мекунаду бас. Аммо он чӣ, ки пахтакорони замони Шӯравӣ ахири ҳар сол "годовой" мегирифтанд, пахтакори имрӯза ҳатто дар гӯшаи хаёл ҳам оварда наметавонад. Сардори хоҷагии деҳқонӣ, ки масалан 50-га замини пахта дораду ба ҳисоби миёна 30-сентнерӣ ҳосил мегирад, ба ҳисоби арифметикӣ дар маҷмуъ 50х30=150-тона пахта ва 150х800$=120-ҳазор доллари амрикоӣ мегирад. Аз ин шумул ҳамагӣ 5-6-ҳазор доллар барои "саҳмдорони пахтачин" ва 30-ҳазор доллари дигар барои коркарду кишт сарф мешавад ё не. Маблағи боқӣ чӣ. Бале, ба кисаи сардори хоҷагӣ.

Оё бо чунин моҳонаи корхонаву ташкилотҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ метавон як оилаи бутуни тоҷикиро, ки на камтар аз 7-8-нонхӯр дорад, сер кардаву пӯшонид? Ин дар ҳолест, ки нархи 1-халта орд 165 то 200-сомонӣ, 1-литр шир 5-сомонӣ, 1-кг шакар 6-сомонӣ, 1-кг картошока 3-сомонӣ, 1-кг пиёз 1,5-2-сомонӣ, 1-кг равған 8-сомонӣ, 1-кг гӯшт 30-сомонӣ, конфет аз 20-сомонӣ боло қиммат дорад ва ғайра. Ин маҳсулоти рӯзмарраест, ки харидориву хӯрдани он… ҳатмист ва бо ана ҳамон маоши медодаи соҳибмулк расо 1-моҳ мебояд аз он истифода кард. Ҷанобон соҳибмулкон ва… раисони ҳокимиятҳои давлатӣ, оё бовар мекунед, агар ман гӯям, ки ҳамин коргару деҳқоне, ки зери истисмори шумоён қарор дорад, маззаи гӯшту шакарро кайҳо фаромӯш кардаанд? Агар бовар надошта бошед, боре меҳмони хонаводае шавед ва бо чашми сар бубинед. Танҳо пеш аз меҳмонӣ рафтан ӯро огоҳ накунед. Медонед, чаро? Бале, тибқи русуми тоҷикӣ, ӯ бечора ҳатто қарз гирифта, шумо, раисро меҳмондории хуб хоҳад кард.

Мехоҳед, боз як гуфтаи аҷиби раисони навоҳиро пешкаш намоем?

"Имсол дар ноҳияҳо, тибқи супориши сарвари ҷумҳурӣ, даҳҳо ярмаркаҳои ҷойи корӣ гузаронида шуда, садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Музди миёнаи маош ҳам дар нисбат ба соли гузашта 70-80- т о 150-сомонӣ зиёд шуд". Гузашта аз ин, садҳо нафари дигар барои ҳунаромӯзӣ ҷалб шудаву касб аз худ кардаанд. Вале, боре касе аз эшон намепурсад, ки ҳой, бародар, касбомӯзӣ ба чӣ хотир аст. О, ҳамон касбдоштаҳоро аввал ба кор таъмин кунед, ана баъд …

Аслан, намешавад бо ҳамин нуқта гузошт. Зеро ба кадом соҳае назар андозӣ, фасодзада гаштааст. На ба маъное ки ришваситониву ришвадиҳӣ ҷой дорад, ин аллакай як усули роиҷ аст дар ҷумҳурӣ, балки истисморӣ гаштаанд.

Саволи охир ба хонанда дорем, на ба мақомоти ҳуқуқиву қудративу давлатӣ. Зеро, ҳарчанд дар ин бора ин мақомот аз хурд то бузург медонанду ҳатто мебинанд, вале мушахассан ягон тадбире амалӣ намешавад.

Пас, ту бигӯ, хонанда, оё истисмори одам коррупсия нест. Оё бо инчунин масъулиятдориву фаъолият мешавад фасодро аз ташкилоту корхонаҳои фасодзада (ба нестӣ не) ақаллан кам намуд?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)