Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:21

«Иди мурғобӣ» ҳам таҷлил гардид

7 май 2011, 06:42

«Иди мурғобӣ»  муштаракан бо рақсу таронаҳои мардумӣ васеъ таҷлил гардида, сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии шаҳр мераванд.

Ҳа, ҳайрон нашаваед, ин ҷашн   асосан мутобиқ ба нақша дар вилояти Кострома, ки миёни мардум ҳамчун «пойтахти мурғобиҳои Русия» дониста мешавад, таҷлил хоҳад гашт. Дар ин бора зимни як баёния маъмурияти вилояти Кострома хабар додааст.

 

Дар ҳудуди ин вилоят шаҳре мавҷуд аст бо номи Кологриве, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, ҳамчун мамнӯъгоҳи мурғобиҳо машҳур гаштааст. Ҳар баҳор ин минтақаро даҳҳо ҳазор мурғобиҳо, ки аз кишварҳои Аврупову Арктика ба сӯи кишварҳои гарм парвозӣ ҳастанд,  ҳамчун мавзеи истироҳат ва бозпарвоз истифода мекунанд.

Аммо махсусияти ин минтақа дар он будааст, ки ин ҷо мурғобиҳо аз одамон ҳарос надоштаанд ва дар баробари онҳо муддати 30-40 рӯзи истироҳаташон ба сар мебурдаанд, ки дар ягон гӯшаи дунё чунин ҳолат ба чашм намехӯрдааст.

Маротиби аввал «Иди мурғобиҳо» соли 2005-ум ҷашн гирифта шуда, акнун ҳамчун анъана ҳамасола таҷлил мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!