Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:44

Баррасии шикояти Ҳукумов алайҳи «Имрӯз News». Пушти дарҳои баста

12 феврал 2013, 08:12

Баррасии шикояти Ҳукумов алайҳи «Имрӯз News». Пушти дарҳои баста Тавре Назири Нусрат, сардабири рӯзномаи «Имрӯз News» ба Озодагон иброз дошт, баъди 20 дақиқаи оғози мурофиаи додгоҳӣ, Шерзод Низомов судяи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз хабарнигорон тақозо кард, ки толорро тарк кунанд ва ҷараёни додгоҳ паси дарҳои пӯшида идома ёфт.
Ёдрас менамоем, дар нашрияи мазкур матлабе таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов: «дарди сар» - и падарҳо шудаанд» нашр шуда буд, ки дар он аз маводи расонаҳои хориҷӣ низ истифода шудааст. Чанде қабл бошад, Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» рӯзномаро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад. Номбурда аз рӯзномаи “Имрӯз News” 50 000 сомонӣ талаби ҷуброн кард ва ҳамчунин аз додгоҳ хост, то даъвои ӯро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!