Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Футбол: “Регар-ТадАЗ” озими Анталия мешавад

12 феврал 2013, 08:28

 Футбол: “Регар-ТадАЗ”  озими Анталия мешавад  Дастаи «Регар-ТадАЗ», ки то ин муддат дар шаҳри Турсунзода омодагӣ медид, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 9-уми феврал тими ССКА «Помир»-и Душанберо дар бозии дӯстона бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ», дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, барои омодагӣ ба бозиҳои Ҷоми АФК-2013 чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 30 футболбоз даъват шуда буд, ки пас аз сабқати дӯстона бо тими ССКА “Помир” 25 нафар бозигарони асосиро муайян кард.
Номбурда иброз дошт, ки рӯзи 17-уми феврал ба шаҳри Анталияи ҷумҳурии Туркия сафар хоҳем кард ва дар он ҷо то 2-юми март омодагии беҳтар хоҳем дид. «Регар-ТадАЗ» дар давраҳои омодагӣ дар шаҳри Анталия 4 бозии дӯстона анҷом хоҳад дод. 19-уми феврал бо дастаи «Беса»-и шаҳри Пежаи Косово, 22-юми феврал бо тими «Оқҷетпес»-и Кокчетави Қазоқистон, 25-уми феврал бо «Иртиш»-и Павлодар (барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон-2012) ва 28-уми феврал бо дастаи «Балтика»-и Калининград аз дивизиони аввали Русия бозӣ мекунем. Даста барои ширкат дар нахустин бозии мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК бо тими «Сафо»-и Бейрут ба Лубнон сафар мекунад.”-афзуд, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!