Бахшҳо
12 фев 2013 10:00Минбари Шумо

Покистон аз мавзеъгирии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад

Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар, дар нишаст масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷӯҳи тарафҳо муҳокима шуданд. Ҷаноби Зуҳуров ба ҳамтои покистонии худ ҷиҳати пазироии самимӣ ва дар сатҳи олӣ баргузор намудани ҳамоишҳои Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ изҳори миннатдорӣ ва арзи сипос намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз сифат ва сатҳи баргузории ин ҳамоишҳо комилан розӣ буда, онро намунаи олии ҳамкориҳо миёни созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мешуморад.

-Байни парлумонҳои кишварҳои мо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунанд, ки ин нишонаи мавҷуд будани равобити дӯстона миёни парлумонҳои Тоҷикистону Покистон аст, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ба гуфти ӯ, вазифаи асосии ин гурӯҳҳо, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароит ҷиҳати тақвияти муносиботи байнипарлумонӣ, истифода аз таҷрибаи якдигар ва боздид аз кишвар ва парлумонҳои ду ҷумҳурӣ мебошад. Раиси Маҷлиси намояндагон аз фурсат истифода намуда, аз раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Покистон доктор Фаҳмида Мирзо даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд.

Ҳамзамон, дар нишаст қайд гардид, ки тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мавриди амал қарор додани Созишнома ва қарордодҳое, ки миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ба имзо расидаанд, омили аслӣ ва таъминкунандаи зиндагии осоишта дар қаламрави Тоҷикистону Покистон ба шумор меравад.

Бунёди хатҳои роҳи оҳану интиқоли барқ, сохтмони корхонаҳои муштараки тавлиди семент, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва як қатор барномаҳои дигари иқтисодӣ бояд ҳарчӣ зудтар мавриди иҷро қарор гиранд. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки хати интиқоли барқи 500 кв Сангтӯда-Пули Хумриро бунёд кунад. Дар сурати пайваст кардани хатҳои интиқоли Афғонистон ба системаи энергетикии Покистон, имкони интиқоли барқ ба Покистон ва аз он ҷо ба дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, бар изофаи хати CASSA–1000, пайдо мешавад.

Райиси парлумони Тоҷикистон аз тасмими Покистон ҷиҳати сохтмони корхонаи муштараки тавлиди семент дар шимоли Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки бинобар зиёд будани талабот ба семент дар ин минтақаи кишвари мо таъсиси чунин корхона дар вилояти Суғд ба мақсад мувофиқ мебошад. Бояд гуфт, Покистон омодагии худро барои сохтмони корхонаи тавлиди семент дар ҳудуди ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Fафуров ва Fончии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармояи 123 миллион доллари амрикоӣ эълон доштааст.

Аснои нишасти мазкур ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, инчунин пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чорҷонибаи Покистон-Чин-Қирғизистон-Қазоқистон низ аз роҳҳои муассири густариши тиҷорат номида шуд. Айни замон ҷиҳати баррасии Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, ки лоиҳаи онро ҷониби покистонӣ пешниҳод намудааст, корҳо идома доранд. Таъкид карда шуд, ки ҳамкории густурда ҷиҳати ҳарчи зудтар имзо гардидани созишномаи сеҷониба ба роҳ монда шавад, зеро он ба манфиати ҳар се кишвари ба ҳам дӯст буда, ба рушди табодули мол байни онҳо боис мегардад. Инчунин дар фурсати наздиктарин ворид гардидани Тоҷикистон ба Созишномаи чорҷонибаи Покистон – Чин – Қирғизистон – Қазоқистон барои расидан ба ин ҳадафҳо созгор мебошад.

Гуфта мешавад, афзоиши табодули мол байни ду кишвар ба интиқоли борҳо тавассути роҳҳои ҳавоӣ ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, ширкатҳои покистонӣ низ метавонанд, ҷиҳати ташкили интиқоли бор парвозҳои худро ба Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар мулоқот дар бораи пуштибонии Ҷумҳурии Покистон аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба об низ изҳори назар карда шуд. Зуҳуров гуфт, 21 декабри соли 2012 ташаббуси Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Қатъномаи “Гузаронидани соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013” қабул гардид, ки ба он 192 кишвари аъзо овоз доданд. Мувофиқи барномаи СММ, нимаи дуюми августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузории “Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об” дар назар аст. Бинобар афзалият доштани масъалаи об дар минтақа ва ҷаҳон, дар сатҳи баланд баргузор гардидани конфронси мазкур ва қабули хулосаҳои даркорӣ оид ба истифодаи самараноки об муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, иштироки фаъоли Ҷумҳурии Исломии Покистон дар чорабинии зикргардида ва дастгирии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зарур мебошад. Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо сурат гирифт, вазъи минтақа, бахусус вазъият дар Афғонистон буд. Мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол омадани вазъ дар ин кишвар ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ муштарак арзёбӣ гардид. -Яке аз масъалаҳое, ки дар айни замон дар минтақа ва ҷаҳон мубрам арзёбӣ мешавад, ин мавзӯи Афғонистон ва тақдири он ва минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷониби Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҷиҳати эътидоли вазъ дар Афғонистон ва рушду нумӯи минтақа, ҳамкории байни кишварҳои атрофи Афғонистон амри зарурӣ мебошад.

Ҳамзамон, доктор Фаҳмида Мирзо Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро барои иштироки фаъолонаашон дар кори Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои –аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ изҳори минатдори намуда аз пешниҳод ва мавзеъгириҳои раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров самимона ҷонибдорӣ намуда, тақвияти ҳамкориҳои кишвараш дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳадафҳои асосии ин мамлакат арзёбӣ намуд: «Ҳамкориҳои мо бояд ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар шакли густурда бояд тақвият ёбанд ва ҷониби Покистон ҳамеша алоқаманди густариш ёфтани муносиботи гуногунсоҳаи худ бо ҳар кишвари аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо ҳамаи он Созишнома ва қарордодҳое, ки дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат бо ҷониби Тоҷикистон ба имзо расонидам, ҳатман иҷро хоҳем кард».

Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Покистон вобаста ба ҳамкориҳо дар бахши коммуникатсия таъкид кард, ки ҷониби Покистон омодагии худро ҷиҳати бунёди хати роҳи оҳани худ ба Афғонистон дар самтҳои Чаман – Спинболдак ва Пешовар - Торхам эълон дошта, татбиқи минбаъдаи ин тарҳ мавриди баррасии ниҳодҳои марбутаи ин кишвар қарор дорад. Ҳамчунин Ҷумҳурии Покистон аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани байни Чин, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон мехоҳад, ки роҳи оҳани худро ба ин масир пайваст намояд. Дар хотимаи мулоқот таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ муносибатҳои Тоҷикистону Покистон дорои имкониятҳои фарох буда, ҷонибҳо омодаи густариши ин муносибатҳо дар ҳамаи самтҳо мебошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)