Бахшҳо

Уилям Браунфилд: Таъсиси воҳидҳои нави корӣ дар агентӣ зарур аст

Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ Уилям Р. Браунфилд ҷиҳати баррасии нақшаҳои ояндаи Ҳукумати ИМА дар ташкили кӯмакҳо дирӯз ба  Тоҷикистон барои пешгирӣ аз интиқоли мухаддирот, ҳамчунин ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амнияти марзҳо ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.


Тавре ба “Озодагон” аз агентии мазкур хабар доданд, директори агентӣ Рустам Назаров меҳмони амрикоиро бо вазъи мубориза ва ҷилавгирӣ аз маводи мазкур дар ҷумҳурии Тоҷикистон, чораву тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо маводи мухаддир меандешад, фаъолияти Агентӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд.  Уилям Р. Браунфилд  муҳим будани ҳамкориҳои мутақобиларо қайд кард ва ба омодагии тарафи амрикоӣ барои мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла таъсиси воҳидҳои нав дар Агентӣ таъкид намуд.  Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи бунёди Маркази омӯзишӣ дар АНМН барои азнавтайёркунии кормандони сохторҳои зиддимухаддирии ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.  
Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷонибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо ҳукумати ИМА аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Тӯли ин муддат ҳукумати ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ба Агентӣ дар таъмини воситаҳои техникӣ, техникаи ташкилӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз роҳҳои баргузории семинарҳои гуногун ва тренингҳо  кӯмакҳои бедареғ   кардааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)