Дар ин бора ба Озодагон аз раёсати БДА-и ВКД иттилоъ доданд.
Ба иттилоъи манбаъ, Хусрав Валиеви 32-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа ба тарафи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Қаҳрамон бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Наталя Потаповаи 54-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро пахш намудааст.
-
Дар натиҷаи ин, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид,- афзуд манбаъ.
Мӯҳр