Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:11

Тоҷирони “Шоҳмансур”-у “Султони Кабир” ҷарима шуданд.

13 феврал 2013, 08:29

Тоҷирони “Шоҳмансур”-у “Султони Кабир” ҷарима шуданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар рафти санҷиши вазъи бехатарӣ аз сӯхтори бозори «Шоҳмансур», дар бахши хусусии ин бозор барои вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 28 нафар савдогарон ба маблағи 3.360 сомонӣ ва нисбати 15 соҳибкор ба маблағи 9.000 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.
Инчунин, фаъолияти 4 нуқтаи савдо муваққатан боздошта шуда, 11 қитъаи хатҳои барқии дар ҳолати хавфи сӯхтор қарор дошта, қатъ карда шуданд. Барои таъмини пурраи вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ба 30 нафар соҳибмулкону тоҷирон ва ба роҳбарияти бозор амрномаи назорати давлатии бехатарӣ супорида шуданд.
Манбаъ афзуд, дар ҳолатҳои монанд дар бозори «Султони Кабир» нисбати 13 нафар тоҷирону савдогарон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ба маблағи 2.040 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Бинобар дар ҳолати хавфи сӯхтор қарор доштан 9 дӯкону мағозаҳои хусусӣ аз фаъолият боздошта, 23 хатҳои барқии ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, безарар гардонида шуданд.
Ин дар ҳолест, ки нимаи дуюми рӯзи гузашта (12-уми феврал) дар бозори калонтарини ҷумҳурӣ – “Корвон” сӯхтор ба амал омад, ки сабаби он истифодаи нодурусти ноқилҳои барқ арзёбӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!