Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Мулоқоти Зарифӣ бо Шоҳзода Карим Оғохони IV

14 феврал 2013, 08:44

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот намуд.

Тавре аз департаменти иттилоотии ВКХ ба Озодагон хабар доданд, вохӯрии вазири хориҷии кишвар бо Шоҳзода Карим Оғохони IV дирӯз, 12-уми феврал дар шаҳри Париж баргузор гардида, дар он масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN)-ро баррасӣ гардиданд.

Манбаъ афзуд, ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти Намояндагии AKDN дар Тоҷикистон ва раванди татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг табодули назар анҷом доданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!