Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 08:02

ВКД: Сокини Душанбе бо зиёда аз 2 кило ҳероин ба даст афтод

14 феврал 2013, 09:03

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт зимни як амалиёт бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор як марди 32 соларо боздошт кардаанд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз Хушмаҳмад Остонов бештар аз 2 кило ҳероин дарёфт ва мусодира шудааст.

“Хушмаҳмад Остонов қаблан бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озоди маҳрум гашта буд”,-афзуд манбаъ.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!