Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:19

Зюганов аз Путин пуштибонӣ мекунад

14 феврал 2013, 09:07

Раисҷумҳури Русия лоиҳаи қонунеро ба парлумони кишвараш пешниҳод намуд, ки бар асоси он доштани ҳисоби банкӣ барои маъмурини давлат мамнӯъ мебошад.

Тавре хабаргузории «Интерфакс» рӯзи сешанбе хабар дод, ин лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои маъмурони давлатие дахл дорад, ки дар мансабҳои идории ҳукумат ва амнияти ин кишвар ифои вазифа менамоянд.

-Инчунин лоиҳаи мазкур маъмурони давлатии мазкурро аз доштан саҳоми ширкатҳои хориҷӣ дар бонкҳо манъ менамояд- афзудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Геннадий Зюганов, раиси ҳизби коммунисти ин кишвар мегӯяд, аз ин ибтикори Владимир Путин дар парлумон ҳимоят хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!