Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Суғд: Партовҳои бесоҳиб ба танзим медарояд

14 феврал 2013, 10:22

Дар вилояти Суғд комиссияи доимамалкунанда оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои бесоҳиб таъсис ёфт.

Комиссияи мазкур бо мақсади ошкор кардани вазъи мавҷудаи партовҳое, ки дар ҳудуди воҳидҳои марзӣ-маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир шуда ба ифлосшавии муҳити зист сабаб мешаванд, таъсис ёфтааст.

Муайн, ошкор намудан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, дараҷаи таъсирнокии онҳо ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, чораандешӣ барои ошкор намудани соҳиби партовҳо ва тадбиқ намудани тадбирҳо ҷиҳати мӯътадилгардонии атроф аз вазифаҳои асосии ин комиссия арзёбӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!