Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Гумрук: Арзишҳои фарҳангӣ-таърихии Тоҷикистон ба «макон» нарасиданд

2 июл 2011, 03:58

Кормандони гумрук интиқоли ғайриқонунии ашёҳои фарҳангӣ ва таърихиро ҷилавгирӣ карданд.


Тавре ба «Озодагон» аз  раёсати иттилооти хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд, масъулини ин ниҳод дар минтақаи Панҷи поёни вилояти аснои аз назаргузаронӣ ва ба расмиятдарории гумрукии бағочҳои дастии  сокинони шаҳри Антокиои  ҷумҳурии Туркия Чинор Муҳаммад Амин  ва Солеҳ Ӯзбак    аз дохили ду бағоҷи ҳаҷман калон ва як борхалтаи онҳо  153 адад гулдӯзии гуногуни хурду калон, 17 адад чолбанд, 3 ҷуфт гӯшвор, ду адад дасмонаи нуқрагин, се адад гарданбанд ошкор ва мусодира гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, ин афрод мехостанд ғайриқонунӣ ва бе санадҳои лозимӣ, ашёҳои дорои арзиши фарҳангӣ- таърихидоштаро тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ба давлати исломии Афғонистон интиқол диҳанд. Молҳои мусодирагардида барои ташхису хулосабарорӣ ба вазорати фарҳанги Тоҷикистон супорида шуданд. Маълум гардид, ки   гулдӯзиҳо маҳсули эҷоди ҳунармандони солҳои 70- 80- уми асри гузашта буда, ба сарватҳои нодири фарҳангӣ шомил намешаванд, аммо ашёҳои фулузии пешниҳодшуда,  махсусан ду адад гӯшвори қафасии баргаку марҷонадор ва гарданбанди иборат аз 159 мӯҳраҳои гуногун, ки аз хӯл ва нуқра сохта шудаанд, мансуб ба асри 19 ва ибтидои асри 20 мебошанд. Онҳо ҳамчун сарвати фарҳангӣ дорои арзиши таърихӣ буда, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи кишвар баровардан ва интиқоли онҳо аз ҷумҳурӣ манъ шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!