Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:59

Пулис маҳбубтарин ниҳод. Дар Олмон

14 феврал 2013, 10:46

Бино ба натоиҷи як назарсанҷӣ, пулис маҳбубтарин ниҳоди мардуми Олмон ба шумор мерафтааст.

Бо вуҷуди он ки латифаҳои зиёд дар бораи маъмурони пулиси Олмон миёни мардуми ин кишвар роиҷ аст, бар асоси як назарсанҷӣ олмониҳо ба мақомоти пулисашон аз ҳар ниҳоди дигар эътимоди бештар доштаанд.

81%-и пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба пулис эътимоди зиёд доранд. Танҳо 29%-и мардум эътимоди худро ба бонкҳо бештар арзёбӣ намудаанд. Бернхард Ветҳавт, раиси иттиҳодияи пулиси Олмон сабаби обрӯ ва эътибори баланди пулиси ин кишварро дар адами ришвахории маъмурони ин ниҳод медонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!