Бахшҳо
14 фев 2013 13:14Иқтисодӣ / Мусоҳибаҳо

Табаралӣ Ғаниев: "Ба тарбияи кадрҳо таваҷҷӯҳ кунем..."

Чанде қабл Алехандро Хара, муовини мудири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) зимни мулоқоташ бо Салоҳиддин Насриддинов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева гуфт, ки рӯзи 2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин ташкилот мегардад. Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 барои пайвастан ба СУС дархост дода, моҳи декабри соли 2012 расман ба узвияти созмон пазируфта шуд. Ин ниҳод, ки шароити тиҷорати ҷаҳониро танзим мекунад, соли 1995 таъсис ёфта, 157 кишварро муттаҳид мекунад. Дар ҳамин робита, Озодагон бо Таваралӣ Ғаниев, доктори улуми иқтисод сӯҳбате анҷом дод, ки мӯҳтавои онро пешниҳоди Шумо мекунем.

Озодагон:
Оё гуфтан мумкин аст, ки ворид шудан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат фаъолияти бонкҳои ҷаҳониро дар самтҳои мухталифи Тоҷикистон пурқувват месозад ва ин боиси заиф шудани низоми бонкии бонкҳои дохилӣ мегардад?

Таваралӣ Ғаниев:
Ворид шудан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат барои мо дар кадом соҳае набошад, хоҳ дар бахши иқтисоду фарҳанг, ё сиёсат ва бахши иҷтимоӣ бурди Тоҷикистон мебошад. Ба он хотир, ки ин созмон як низоми навро дар мамлакат ба вуҷуд мерад, талаботҳое, ки ин созмон аз кишвари мо талаб мекунад, барои боло рафтани арзишҳои маънавӣ ва сифати корҳоямон баланд мекунад.

Озодагон:
Баъди ворид шуданамон ба СҶТ муносиботи бонкҳои дохилӣ, масалан Бонки миллӣ бо сармоягузорони хориҷӣ чӣ гуна хоҳад буд?

Таваралӣ Ғаниев: Дар ҳама фаъолиятҳо, чӣ дар соҳаи бонкӣ, чӣ дар соҳаи тиҷорат вақте ки дар майдон монополия, ё худ ҳукумати маҳал бевосита дар корхонаҳо амал мекунанд, ин имкон намедиҳад, ки аз дигар ҷой мутахассисони варзида, ё сармояи бузург ворид шавад. Пас аз он ки Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пайваст, ҳолати монополия барҳам мехӯрад. Бонкҳои кишварамон он миқдори пуле, ки ба корхонаҳои кишвар ба фоизҳои гарон медиҳанд, аз байн меравад, чунки дар давлатҳои пешрафта фоизҳои қарздиҳӣ хело паст мебошад. Аз ин нуқтаи назар он бонкҳое ки мененҷери пурқувват ва имконияти рушд надоранд, ё ин ки пешвоиро таъмин карда наметавонанд, аз фаъолият мемонанд.

Озодагон:
Танзими нарх дар холати вуруд ба СҶТ бештар бо кадом усул бояд сурат гирад?

Таваралӣ Ғаниев: Вақте ки талаботҳо ва стандартҳо баланд мешавад, арзишҳо низ хоҳ нохоҳ баланд меравад, пас аз ворид шудани кишварамон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат он молҳое, ки бесифат ва арзон, ки дар бозорҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, дигар ворид карда намешавад ва интихоби мо дигар мешавад. Мо медонем, ки 90% мардумии кишвар тайи 10-15 соли охир бо сабаби бисёр ворид шудани молҳои пастифати чинӣ барои хароҷотҳои истеъмолии худ аз ин молҳо истифода мекунанд. Молҳои сифатнок, ки ворид шуданд, кайфияти мардум ҳам боло меравад ва талабот ҳам дигар мешавад.

Озодагон: Пас, Шумо фикр мекунед, ки мардуми мо имконияти харидории молҳои гаронарзишро доранд?

Таваралӣ Ғаниев: Вақти ба рушди иқтисоди мардуми кишварамон нигоҳ мекунем, дар ҳақиқат он ҳолат хело ташвишовар мебошад. Махсус он нафароне, ки маълумоти кофии касбӣ ва имконият надоранд. Он шахсоне, ки бесаводона аз рӯи қобилияти ҷисмониашон кор мекунанд, дар кадом ташкилоте, ки набошад барои онҳо вазъи зинадгияшро беҳтар кардан хело мушкил мебошад. Аз ин нуқтаи назар онҳо ҷои кор намеёбанд ва имконияти ҷои кори маоши баланд гирифтанро надоранд ва ин моро маҷбур месозад, ки нисбати тарбияи кадрҳои оянда андешаи ҷуқур дошта бошем.

Озодагон: Ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷахонии Тичорат барои ҳамроҳ шудан ба Русия ва дигар мамолик ба Иттиҳоди гумрукӣ халал намерасонад?

Таваралӣ Ғаниев:
Ман фикр мекунам, ки халал намерасонад, баръакс дигар мамлакатҳо мебинанд, ки давлати мо ба талаботҳои байналмилалӣ кору фаъолият мекунад, ҳамкорияшонро бештар мекунанд.

Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева
Мӯҳр
Ачоиб кадом кадрхо кадом тарбия ин суханонро ки мегуяд . то китоби менечментро нахари бахо нест. ин аст тарбия.

Устод Табарали Ганиев шархи акоиди Шумо дуруст аст, аммо моро суоли ягона набудани системаи тичоратии байни давлатхои аъзои СУС буда, думболагир аст, ки мувозинати нарх чи мешуда бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)