Бахшҳо
14 фев 2013 13:21Иқтисодӣ

Ш. Раҳимзода: Порсол сатҳи таваррум 6,4 дарсад буд

Дар соли 2012 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ хуб будааст ва истеҳсоли молҳо ҳам афзоиш ёфтааст. Гузашта аз ин бо шомилшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо Тоҷикистон метавонад молҳои худро ба бозорҳои дунё содир кунад. Имконият ҳаст, танҳо бояд аз он истифода бурд. Ҳама чиз аз худи мо вобаста аст, ин нуктаро Шариф Раҳмизода вазири рушди иқтисод ва савдо зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Магар истеҳсоли резину чарм ҳам ҷои хурсандӣ дорад?

Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар ибтидои суханони худ аз тамоюлҳои фарқкунандаи рушди иқтисоди Тоҷикистон сухан ронд. Дар соли ҳисоботӣ афзоиши ММД асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли молҳо дар соҳаи саноати сабук ва саноати кимиёвӣ такмил карда шуд. Нисбат ба соли 2011 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 22, 4 фоиз, чарм ва маҳсулоти чармӣ 49,4 фоиз, маҳсулоти резинӣ ва пласмасӣ 43,6 фоиз, маҳсулоти таёри филизӣ 42,3 фоиз, маъданҳои филизӣ 22,4 фоиз ва истихроҷи ангишт 74 фоиз афзоиш ёфт. Ин тағири фарқкунандае нисбат ба соли пеш мебошад. Захираҳо низ барои истеҳсоли ин молҳо зиёданд. Ин соҳаҳо дар оянда метавонанд ҳиссаи худро дар истеҳсоли ММД зиёд намоянд.

Соли 2012 дар сохтори ММД нисбат ба соли 2011 истеҳсоли молҳо 46,1 фоиз нисбат ба 43,5 фоиз, хизматрасонӣ 42,3 фоиз нисбат ба 44,7 фоиз ва андозҳо 11,6 фоиз нисбат ба 11,8 фоизро ташкил дод. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 ММД ба ҳар сари аҳолӣ 964 доллар ва рушди номиналии он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2011 ба 17,7 фоиз баробар шуд.

Сатҳи таваррум бошад, тибқи пешбиниҳо бояд 10,5 фоизро ташкил медод, аммо бо чораҳои андешидашуда ба 6,4 фоиз баробар гардид. Новобаста аз мушкилоте, ки вуҷуд дошт. Минҷумла аз кор мондани роҳи оҳан ба ҷануб, зиёд шудани харҷ ба нақлиёт ва вобаста ба ин кам шудани гардиши мол ба воистаи роҳи оҳан. Бо ин вуҷуд дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи марказӣ сатҳи таваррум мӯътадил нигоҳ дошта шуда, нишондиҳандаи нисбатан хубе шудааст.

Воридоти Тоҷикистон сол то сол сангинтар мешавад


Дар сохтори содироти кишвар вазни қиёсии ду маҳсулоти асосие, ки пештар буд кам шудааст. Қаблан дар содирот бештар аломиниюму пахта то 70% буд, ки дар соли 2012 аз ҳисоби зиёд шудани молҳои дигар ҳиссаи он ба 56 фоиз кам гардид. Дар соли 2012 ду баробар пахта содир шудааст, вале ба хотири поён рафтани нархи пахта, асъори хориҷии аз ҳисоби фуруши пахта гирифта шуда, аз порсол онқадар фарқи зиёд намекунад. Нархи пахта дар соли 2012 аз 2772 доллари соли 2011 то 1559 доллар барои як тонна кам шуд. Соли 2012 дар номгӯи маҳсулоте, ки Тоҷикистон ба дигар кишварҳо содир мекунад, маҳсулотҳои нав пайдо шуданд. Аз ҷумлаи картошкаи ғизоӣ, тухми сабзавот, зағир, кучати памидор ва оилаҳоии занбури асал. Ин равандҳоест, ки нав буда дар хориҷа ба онҳо талабот зиёд аст. Хусусан соҳаи асалпарварӣ бо таваҷҷуҳ ба пайвастани Тоҷикистон ба СҶТ ва боз шудани бозорҳои кишварҳои узви аврупоӣ, пойгоҳи хубе барои ин соҳа аст. Фақат Тоҷикистон бояд стандартҳои байналмилалиро риоя кунаду маҳсулоте истеҳсол намояд, ки мутобиқи он бошад. Танҳо мушкиле, ки дар соҳаи асалпарварӣ ҳаст, ин набудани таблиғоти муносиб аст.

Вале новобаста аз ҳамаи инҳо ҳамчунон воридоти Тоҷикистон нисбат ба содирот сангинӣ мекунад. Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2012 ба андозаи 15,1 фоиз афзоиш ёфта, 5,1 млрд. долларро ташкил дод. Дар баробари ин, афзоиши ҳаҷми содирот нисбат ба соли 2011 ба 8,1 фоиз ва ҳаҷми он аз рӯи арзиш ба 1,4 млрд. доллар баробар гардид. Ҳаҷми воридот дар соли 2012 3,8 млрд. долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2011 - 17,8 фоиз зиёд мебошад. Тарози манфии савдои хориҷӣ ба маблағи 2,4 млрд. доллари ИМА баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2011 - 0,5 млрд. доллар зиёд мебошад.

Яке аз сабабҳои асосии ташаккули манфии тарози савдои хориҷӣ афзоиши босуръатӣ ҳаҷми воридот буда, коҳишёбии нархҳо дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ ба маҳсулоти асосии воридотӣ мебошад. Дигар омили баёнгари манфӣ ташаккул ёфтани тарози савдои хориҷӣ, ин амалӣ гаштани барномаҳои ҳаётан муҳим дар соҳаи энергетика, роҳсозӣ, воридоти таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ мебошад, ки дар навбати худ ба зиёд шудани ҳаҷми воридот мусоидат кардааст.

Бурду бохти Тоҷикистон аз узвияти СҶТ аз худамон вобаста аст

Дар идомаи нишаст Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки соли 2012 барои Тоҷикистон ворид шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо (СҶТ), ки 97 фоизи тиҷорати ҷаҳонӣ тавассути мамолики узви ин созмон мегузарад, хеле муҳим буд. Албатта агар Тоҷикистон 4 сол пештар ба ин созмон ворид мешуд, бисёре аз мушкилот дар муносибатҳо бо кишварҳои дигар ҳал мешуд. То 1 моҳи дигар Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмон хоҳад шуд.

Аммо дар робита бо ин ки чанд сол лозим аст, то Тоҷикистон аз узвият дар СҶТ натоиҷи мусбатро ба даст оварад, вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки раванди узвшавӣ тибқи созишномаи имзошуда 5 солро дарбар мегирад. Чун мутобиқгардии қонунгузории кишвар бо меъёрҳои ин созмон дар назар хоҳад буд. Ин ки Тоҷикистон аз узвият дар СҶТ бурд мекунад ё бохт, аз худи Тоҷикистон вобаста аст. Дар СҶТ чунин нест, ки кишваре чун узв шуд, зуд пул дарёфт кунад. Балки вуруд ба ин созмон як майдоне бо ягона қоидаи бозӣ аст. Ҷоест, ки дар он табъиз вуҷуд надошта кишваре берун андохта намешавад.

"Қаблан Тоҷикистон наметавонист молҳои худро ба бозорҳои аврупо ирсол кунад, чун онҷо дигар имтиёзу стандартҳо вуҷуд дорад. Аммо имрӯз метавонад, ба шарте, ки молҳои кишвар ба талаботҳои муайян ҷавобгӯ бошад. ҳамин зардолуи Тоҷикистон аз ҳама беҳтарин интихоб шудааст, танҳо лозим аст, то дар як шакли муносиб бастабандӣ шуда муштариро шигифтзада кунад", иброз дошт Шариф Раҳимзода.

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷикистон коло дорад, фақат бояд ба таври саҳеҳ онро ба дасти истеъмолкунанда расонад. Ангур яке аз ин колоҳост, ки комилан табиӣ буда ба таври муносиб бояд ороиш гардад. Бо пайвастан ба СҶТ бозор ҳаст ва бояд аз он истифода бурд. Тоҷикистон дар ин сол 163 ҳазор тон меваи хушк ва сабзавот ба фурӯш гузошт. Аз ин рақам 100 ҳазор тон танҳо меваи хушк будааст, ки маблағи он 42 миллион долларо ташкил додааст. Агарчи он дар арзиши воқеии худ 700 миллион долларро ташкил медиҳад. Вақте, ки дар бораи содироту воридот сӯҳбат мешавад, ҳисоб намудани он нодуруст сурат мегирад,зеро арзиши воқеии маҳсулот баён намешавад. Зардолу ба нархи гумрукии он 33 сентро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки як кило зардолу дар Русия ба нархи миёна 7 доллар мебошад. Аз Исфара 44204 тон меваи хушк ирсол гардид, аз ин шаҳрак танҳо зардолу ирсол мегардад. Агар аз ин 100 ҳазор тон меваи хушк, 80 ҳазори он зардолу бошад, бо назардошти нархи 7 доллар болои он ба 560 миллион доллар баробар мешавад. Аммо дар омори расмӣ нархи 160 ҳазор тон 42 миллион доллар дарҷ шудааст. Бинобарин бояд кор кард.

Аз дигар руйдодҳои муҳим барои Тоҷикистон ин пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ хоҳад буд. Барои пайвастан ба ин созмон гуруҳи корӣ ташкил шуда, ба баррасии ин мавзуъ машғул аст. Агар пайвастан ба ин Иттиҳодия ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои аъзоёни Иттиҳоди гумрукӣ манфиатовар бошад, Тоҷикистон ба узвияти он шомил хоҳад шуд.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)