Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:45

Аслиҳаи ҳастаӣ дар ҷаҳон дар ихтиёри кист?

14 феврал 2013, 13:31

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, 8 давлати ҷаҳон бо иловаи режими саҳюнистиро ба сабаби он ки дорандаи силоҳи атомӣ ҳастанд, ба унвони бошгоҳи ҳастаӣ мешиносанд. Аз ин миён 5 кишвар бо шумули Амрико, Русия, Англия, Фаронса ва Чин Паймони манъи густариши силоҳҳои атомиро имзо кардаанд. Ҳинд, Покистон ва Кореяи шимолӣ се давлате ҳастанд, ки паймони адами густариши таслиҳоти атомиро имзо накардаанд, аммо даст ба анҷоми озмоишҳои атомӣ задаанд.

Исроил танҳо дорандаи силоҳҳои атомӣ дар Ховари Миёна шинохта мешавад, ки ҳамвора сиёсати пинҳонкорӣ ва ибҳом дар барномаи ҳастаиашро интихоб карда аст.

1. Амрико:


Давлати Амрико тибқи оморҳои расмӣ, ҳамакнун 5200 кулоҳаки ҳастаӣ дорад, ки 2700 адад аз онҳо амалиётӣ ҳастанд. Кулоҳакҳои ҳастаии Амрико қудрати инфиҷори маодили 1 гигатон TNT доранд. Ин қудрати инфиҷор барои такон додани куҳҳо, тағйири масири рудхонаҳо, тағйири обу ҳаво ва марги садҳо миллион ва шояд чанд миллиард нафар сокини кураи замин, кофӣ мебошад.
Пойгоҳи неруи ҳавоии Нелис дар иёлоти Невада бино ба хабарҳо яке аз 4 зародхонаи аслии Амрико аст, ки 75 контейнер дорад, ки дар он кулоҳакҳои ҳастаӣ нигаҳдорӣ мешавад.

2. Русия:

Баровард мешавад, Русия 1400 бомби атомӣ дошта бошад, агар чи рақами кулли бомбҳои ҳастаии тактикии ин кишвар, мушаххас нест.
Дар авҷи даврони ҷанги сард дар Шуравӣ, русҳо мушаки қорапаймои худро ки нозирони ғарбӣ ба он номи “Берженеф Блокбостер” дода буданд, ба намоиши умумӣ гузоштаанд.

3. Фаронса:


Яке аз дигар кишварҳои дорои силоҳҳои ҳастаӣ Фаронса аст, ки тақрибан 300 кулоҳаки ҳастаӣ дорад.

4. Англия:

Зародхонаи ҳастаии Англия ҳудуди 200 кулоҳаки ҳастаиро шомил мешавад. Ин кишвар 4 киштии зериобии ҳастаии боластик мавсум ба “Вонгрод” дорад.

5. Чин:

Баровард мешавад, Чин ҳудуди 400 силоҳи ҳастаии стротегӣ ва тактикӣ дошта бошад. Зимни ин ки зародхона маводи ҳастии ин кишвар ба ҳаде аст, ки битавонад зародхонашро густариш диҳад.

6. Ҳинд:


Деҳлии нав худашро расман кишвари ҳастаӣ эълон карда аст. Эҳтимол меравад ин кишвар плутиниюми лозим барои сохти ҳадди ақал 100 кулоҳаки ҳастаиро доро бошад.

7. Кореяи шимолӣ:

Пхенян се бор маротиба дар солҳҳои 2006, 2009 ва 2013 силоҳҳои ҳастаӣ азмоиш карда аст.

8. Покистон:

Тасаввур мешавад, Исломобод наздик ба 580 то 800 келограм урониюми ғанишуда захира карда бошад, ки барои сохти 30 то 50 бомби атомӣ кофӣ аст.

9. Исроил:

Исроил танҳо дорандаи бомби ҳастаӣ дар Ховари Миёна аст. Тел-Авив алорағми фишорҳои байналмилалӣ, ҳаргиз паймони манъи густраиши силоҳҳои ҳастаиро имзо накарда ва дар баробари ин фишорҳо аз як тараф имзои ин паймонро мухолиф бо амнияти дохилиаш дониста ва аз сӯи дигар сиёсати ибҳом дар барномаи ҳастаиашро интихоб карда аст. Манзур аз сиёсати ибҳом ин аст, ки Тел-Авив гуфта ҳаргиз аввалин оварандаи силлоҳҳои атомӣ ба Ховари Миёна нахоҳад буд.

Ин изҳори куллӣ коршиносонро ҳамвора бо ибҳомҳҳое дар тафсир ва тағйири он рубару мекунад, ки мепурсанд оё манзури Исроил ин аст, ки аввалин созандаи Ховари Миёнайии бомби ҳастаӣ нахоҳад буд ё аввалин истифодакунанда аз он нахоҳад буд ва ё аввалин ифшокунандаи ин таслиҳот нахоҳад буд?

Тахминҳо дар бораи теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии Исроил доманаи байни 75 то 400 адад дорад, аммо аксари баровардҳо теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии Тел-Авивро наздик ба 200 эълон мекунанд.

Манбаъ: хабаргузории “Форс”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!