Бахшҳо

Говдуздон дар Кӯлоб боздошт гардиданд, тафтишоти қазия ҳанӯз ҳам идома дорад

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ як ноболиғро    бо исми Одинамад Шарипов, ҳангоми дуздида бурдани 4-сар гови як сокини ноҳияи Восеъ, дар рустои «Чорводорон»-и ҳамин ноҳия боздошт намуданд.


Бердӣ Пирмадов, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ мегӯяд, ноболиғ    молҳоро пеш карда мебурд, ки 2-нафари дигар дар масофаи  дуртар аз ў, аз қафояш мерафтаанд. Дар рафти  тафтишот Шарипов иқрор гашт, ки он ду нафар таҳиягарони амалиёти дуздӣ будаанд. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  аз ҷониби кормандони милиса ва нишондоди муҷрим, Қобил Холов, як сокини 32-солаи рустои Навободи ноҳияи Кӯлоб дастгир гардид. Дар  тафтишоти пешакӣ, боздоштшуда  ба гуноҳи дуздиаш пурра иқрор гардида, гузашта аз ин гуфт, ки дар дуздии 12-сар говони сокинони ноҳияи Восеву шаҳри Кӯлоб даст доштааст.
Ҳамчунин, ба иқрори ӯ, соли 2009-ум тақрибан соатҳои 2-и шаб, 5-сар говро аз рустои Кадучии ноҳияи Восеъ, аз таги дарахтон бурда, дар бозори ҷамоати Пахтакори ҳамин ноҳия ба маблағҳои аз яку ним то 2-ҳазор сомонӣ ба савдо задааст. Воқеан, ин ҳамон 5-сар гове буданд, ки соҳибаш Маҳмадӣ Убайдуллоев, дар як вохӯрии раиси вилояти Хатлон изҳор дошта буд, ки говонашро як корманди шӯъбачаи ҷустуҷўии ШКД ёфтаву барои бозгардониашон 3-гов талаб намудааст ва дар ин маврид хабаргузории «Озодагон» хабареро пахш карда буд. Дар ҳамин ҳол, боздоштшудаи ноболиғ мегӯяд,  дар ин дуздиҳо ўро як сокини дигари шаҳри Кўлоб, бо исми Хуршед Табаров ёрӣ мекард.  
Ба фарзияи Бердӣ Пирмадов, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ, ин гурўҳи мутташаккили дуздоне мебошанд, ки дар дуздии молҳои калону майдаи минтақа даст доранд. Полковник мегўяд, дуздон бо нақлиёти тамғаи Тангем «ба шикор» баромада, дар ҷои муайяне берун мешуданд. Ҳангоми барори «корашон», дар ҷои   дигар  моли дуздиро ба нақлиёти борбардор бор карда, фирор мекунанд. «Дар ҳоли ҳозир, тафтишоти парвандаи дуздӣ идома дошта, нафарони дигари шомил ба ин гурӯҳ мавриди санҷишу ҷустуҷӯ  қарор доранд». {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)