Тавре хабаргузории «Садои афғон» иттилоъ медиҳад, садама соати 8-и субҳи имрӯз, 14-уми феврал дар ҳоле рух додааст, ки ронандаи автомашинаи мусофирбар идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, аз самти ҳаракат берун мешавад ва ба танаи кӯҳ бахурда, чаппа мешавад.Манбаъ меафзояд, эҳтимол дорад, шумораи фавтидагон ва захмиҳои ношӣ аз ин сонеҳа аз ин нишондод низ боло бошад.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин садамаи маргбор дар шоҳроҳи Кобул-Қандаҳор набуда, дар фасли тобистони гузашта низ як сонеҳаи дар ин шоҳроҳ мунҷар ба ҳалокати 50 нафар шуда буд.
Мӯҳр