Мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ҳамасола моҳҳои феврал ва март баргузор мешуд, қарор аст, ки имсол дар фасли тобистон гузаронида шавад.
Тавре Шавкат Ахмедов, сардори баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории радиои Озодагон иттилоъ дод, бо иллати омода набудани майдолнҳои футбол, мусобиқаи имсолаи Ҷоми ФФТ моҳҳои июн ва июл баргузор мегардад.
Номбурда афзуд, маблағи ҷоизаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 45 ҳазор сомонӣ аст. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷоми ФФТ 20 ҳазор сомонии дигар супурда мешавад. Барои ҷойи дуюм 15 ҳазор ва барои зинаи сеюм 10 ҳазор сомонӣ дода хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ду соли охир дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардааст.
Мӯҳр