Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:37

Тоҷикистон илмфурӯширо кай бас мекунад?

16 феврал 2013, 12:58

Соли 1952 вақте ба Эйнштейн пешниҳод карданд, ки президенти дуюми Исроил шавад, розӣ нашуд. Далелаш ин буд, ки дар ин росто таҷруба надорад. Шахсияте бо чунин ҳайсият, донишманде бо чунин ақл ва нобиғае бо чунин фаросат, гуфт, ки агар аз илм ба сиёсат биравам, бояд савдогар бишавам.
Аммо исботи гуфтаҳои Эйнштейн ин аст, ки вақте илм сиёсӣ шуд, дигар муассисоти илмӣ як бозор шуданд.

Бозоре бадтар аз "Корвон" бо ҷонун ва ҷавоиди бадтарини савдогарӣ. Имрӯз воқеан дар кишварҳои пасошӯравӣ илм хариду фурӯш мешавад. Гармтарин бозори илм ва хиёнатҳои илмиву академӣ Русия аст. Тафтишоте, ки ахиран дар муассисоти таълимӣ ва илмиву таҳқиқотии ин кишвар гузаронида шуд, нишон дод, ки 35 дар сади рисолаҳое, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ ҳимоя шудаанд, арзиши илмӣ надоранд. Аксарияти ин рисолаҳо аз роҳи хариду фурӯш ҳимоя шудаанд. Ҳатто пешниҳод шуд, ки шумораи Шӯроҳои ҳимоя кам карда шавад. Ҳамчунин муовини раиси КОА (ВАК)-и вазорати илм ва маорифи Русия пешниҳод намудааст, ки бояд дар як ҷатор донишгоҳу донишкадаҳо шуъбаҳои аспирантура ва докторантура ба далели заъфи бунёди илмӣ ва сурат гирифтани хиёнатҳои илм баста шаванд. Акнун русҳо ба ин натиҷа расиданд, ки илмфурӯшӣ бас!!!! Дар мо кай ба ин натиҷа мерасанд?

Ҳамон Эйнштейни доно гуфта буд, ки "илм бунёди саъодати ҳар миллат аст". Ҳеч имкон надорад, ки миллати тоҷик бе иштироки олимон ва илми воҷеӣ ба саъодат бирасад. Ростӣ, кайҳо зарурати чунин як арзёбии ҷиддии сохторҳои илмӣ дар Тоҷикистон пеш омадаст. Ин ҳам дар сурате, ки дасти олимони бузургтарини мо дар ин фасод "хунолуд" шудааст.

Солиёни зиёд аст, ки дар расонаҳо ва маҳофили вижа дар мавриди ҳоли зори илм ва сатҳу сифати пасти рисолаҳои илмӣ ва афзоиши олимони хасакӣ гуфтумон зиёд аст. Аз ҳама бад он аст, ки наздик шудааст то илмфурушӣ дар Тоҷикистон расмӣ шавад. Касе дигар аз роҳи бозор соҳиби унвони илмӣ шуданро барои худ бешарафӣ намедонад. Номуси илмӣ ба унвони як меъёри ахлоқӣ ва арзиши инсонӣ дигар моҳият надорад. Ҳоло ҳама соҳиби унвони илмӣ шудаанд. Бадии кор дар он аст, ки роҳбари илмӣ ва муассисае, ки кадрро омода мекунад медонанд, ки аспирант, докторант ё унвонҷӯй қудрат ва зеҳнияти илмӣ надорад, аммо барояш "коридор"-и хиёнат боз мекунанд. Аъзои шӯрои ҳимоя медонанд, нафаре, ки рӯйи минбар асту рисола "ҳимоя" кардан дорад, сазовори соҳиби унвони илмӣ шудан нест, вале чашм мепӯшанд. Воқеан ин фарҷоми корест, ки мо бояд аз ҷустани саъодати миллӣ дар илм "фук бишӯйем". Ҳамин хиёнатҳои илмӣ ҳастанд, ки имрӯз ба гумони ғолиб, тақрибан 60 дарсади мазмуни фанҳои тадрисии донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ба воқеияти илмӣ ва равандҳои муосир ҷавобгӯй нестанд. Аз нисф зиёди донишеро, ки муассисаҳои таълимӣ ба донишҷӯён медиҳанд дар амалия (дар ҷойи кор) тақрибан даркор нест. Ҳамаи ин бояд моро ба андешае водор кунад ва номи ин андеша ислоҳоти илм аст.

Ислоҳоти илм дар Тоҷикистон соли 2011 оғоз шуду вале дар сатҳи сохторӣ боқӣ монд. Агар дар Тоҷикистон ҳам мисли Русия, ки воқеан рисолаҳои илмии моро ин кишвар "арзиши илмӣ" медиҳад, ҳадди аққал рисолаҳое, ки 18 соли охир ҳимоя шудаанд, арзёбӣ шаванд, фикр намекунам, ки бештари ин рисолаҳо воқеан илмӣ бошанд.

Ба манзури андешаҳои боло ва воқеияти мармузу машкуки илм дар кишвар кайҳо зарурат пеш омадааст, ки ислоҳоти илм аз сар гирифта шавад. Раванди илм ба воқеияти кишвар мутобиқ гардонда шавад. Ҳолати илм то қое бад аст, ки дар баъзе кафедраҳои муассисоти олии кишвар як соҳиби унвони илмӣ нест, аммо ин кафедраҳо аспирант ва унвонҷӯй доранд. Чун бознигарӣ ва арзёбии рисолаҳои илмӣ ва шӯроҳои ҳимоя оғоз шуд, баъдан "ставка"-и рисоланавис, "ҳаққ"-и роҳбари илм ва "доля"-и раиси Шӯро низ муайян мешавад. Баъдан сабаби аслии фавҷ-фавҷ омадани бародарони эронӣ ва "линча-линча" бурдани дипломҳои илмияшон низ ошкор мешавад. Албатта, агар инсоф ва имон барои мо меъёри ахлоқ бошанд ва саъодати миллат маҳаки стратегияи милии мо, ба хубӣ дарк мекунем, ки фурсати пеши роҳи ба бозор табдил шудани илм ва унвони илмӣ фаро расидааст. Беш аз ин имрӯз бояд аз паи ислоҳоти илм шуд, зеро фардо дер мешавад ва шояд аслан дар ин бахш фардое нахоҳад буд.

Иршод СУЛАЙМОНӢ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!