Бахшҳо
16 фев 2013 13:12Узбакистон / Гузориш

"…гурбаи "обид" намоз кард"

Дар нишасти чанде қабли ҳайати ҳукумати Узбакистон раиси ҷумҳури ин кишвар таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо ҳамсоягон, ба вижа Тоҷикистон ва Қирғизистон дар авлавияти сиёсатҳои Тошканд қарор хоҳад дошт. Ислом Каримов таъкид кард, ҳеч неруе наметавонад миёни мардумони се кишвари Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ барангезад. Раиси ҷумҳури Узбакистон аз неруҳои бегона, ки аз онҳо ба унвони "мушовирони вайронгар" ном бурд, ёд кард ва гуфт, инҳо ба мо мегӯянд ин кишвар дар муқобили шумо чунин кард ва шумо низ бояд посухи кубанда бидиҳед. Ислом Каримов дар ин суханронӣ иброз дошт, ки мушовирони вайронгар хеле зиёданд, аммо ба ҳеч кишваре, ки чунин мушовиронро маъмур мекунанд, ишорае накард.
Мавзеъгирии ахири Ислом Каримов ва шояду боядҳои ин иқдом

Суханони раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҳоле садо додаанд, ки давлати Тошканд тайи чанд соли охир бо
истифода аз хашинтарин сиёсат дар қиболи ду ҳамсояи худ, ба мардумони тоҷик ва қирғиз хеле зулм кардааст. Аз ҷумлаи ин сиёсатҳо метавон ба боло бурдани қимати гази содиротӣ, ҷорӣ кардани виза барои вуруду хуруҷи шаҳрвандони ин ду кишвар, бастани роҳҳо, мутаваққиф кардани мошинҳо ва вагонҳои мутаалиқ ба тоҷирони қирғиз ва тоҷик, мухолифати сарсахтона дар қиболи сохтани неругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон, минкории марз бо Тоҷикистон, талош барои ноамн кардани вилоятҳои Уш ва Бодкант дар Қирғизистон ва ... ишора кард. Акнун дар як чархише 180 дараҷаӣ, раиси ҷумҳури Узбакистон эълом кардааст, ки ҳеҷ неруе қодир ба эҷоди шикоф миёни Узбакистон ва ин ду ҳамсоя нест. Ин мавзуъ дар воқеъ қобили таъаммул ва баррасӣ аст ва онро метавон аз чанд зовия мавриди таҳлил қарор дод.

Ҳамворкунии роҳ барои ворис

Яке аз масъалаҳое, ки нигаронии аслии фардои давлати Ислом Каримов маҳсуб мешавад, таъини ворис барои ин пирамарди 75 сола аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Каримов писар надорад ва ду духтари вай корномаи сиёсии ҷолибе надоранд, рақобат дар миёни довталабони мақоми раёсати ҷумҳурӣ баъди Каримов, ташдид шудааст. Амалкарди раиси ҷумҳури Узбакистон дар нисбати ин мавзуъ, фурсати камеро барои пешбинӣ ва тахмину гумонҳо боқӣ гузоштаст. Бо ин ҳол дар мавриди вориси эҳтимолии Каримов дар навбати аввал дасти ишора ба суи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон равона мешуд. Баъдан исми Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазир ба унвони вориси раиси ҷумҳури Узбакистон дар феҳристи довталабон пайдо шуд. Аммо бархе аз доираҳо Акбар Абдуллоев, тоҷири сарватманди узбакро, ки модараш хоҳари ҳамсари раиси ҷумҳур аст, аслитарин номзад барои мақоми раёсати ҷумҳурии Узбакистони баъд аз Каримов медонанд.

Ба ҳар сурат раҳбари куҳнакори узбак бо гузашти беш аз ду даҳа (24 сол) аз зимомдорӣ дар пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ, ба ин натиҷа расид, ки сиёсати ба истилоҳ "мушти оҳанин" дар пешбурди ҳадафҳои минтақаӣ чандон корсоз нест ва боястӣ роҳи мудоро, созиш ва манёврҳои сиёсиро пеш гирифт. Зеро вуруди қудратҳои Шарқу Ғарб ба минтақа, дар ихтиёри ҳар кишваре фурсатҳои тоза барои ҳифзи манофеи худ ва дар ҳолатҳое бартариҷуиро, қарор додааст.

Манёври сиёсии Каримов

Мавзеъгирии ахири Ислом Каримов бо таваҷҷуҳ ба ин ки як раиси ҷумҳури худхоҳ ва мағрур маҳсуб мешавад, дар бисёре аз маҳофили таҳлилӣ ва сиёсӣ ин ақидаро таҷвият кардааст, ки суханони ахири раиси ҷумҳури Узбакистон манёври сиёсие беш нестанд ва раҳбари давлати Тошканд қасд дорад аз тариқи бозиҳои сиёсӣ ба аҳдофи худ даст ёбад. Ҷонибдорони ин ақида муътақиданд, Ислом Каримов, ки бо зургӯӣ ва таҳдиду фишор ба ду ҳамсояи худ ба сиёсӣ ҷое нарасид ва худро ба унвони як раҳбари бераҳм барои мардумони тоҷик ва қирғиз муаррифӣ кард, акнун бо лаҳни меҳрубон вориди амал шудааст, то бо шеваи озмудашуда ба қалби давлатҳои мавриди назар нуфуз кунад ва барномаҳои худро амалӣ кунад. Пайравони дидгоҳи мазкур бар ин боваранд, ки аз ин тариқ давлати Тошканд қасд дорад бо гуморидани афрод дар сохторҳои давлатии ду ҳамсояи худ, бидуни нигаронӣ ва барангехтани эҳсосоти ҷомеа, ба хостаҳои султаталабонаи худ дар минтақа даст ёбад.

Ҳамсуӣ бо Ғарб далели тағйири сиёсати раиси ҷумҳури узбак

Аз суе ба назар мерасад, ки тағйири лаҳни Ислом Каримов бе иртибот бо сиёсатҳо ва барномаҳои муттаҳидони ғарбиаш набошад, зеро хуруҷи низомиёни ғарбӣ аз Афғонистон дар марҳалаи нахусти худ ба субот дар минтақа, ба вижа дар масири хуруҷи ин неруҳо, ниёз дорад. Аз ин ру шарикони ғарбии Тошканд ва дар садри онҳо Амрико, аз Тошканд хостаанд дар чунин марҳалаи ҳассос аз масири мусолиматомез гом бардорад, то дигар муддаиёни нуфуз дар минтақаро водор ба аксуламал накунад. Дар ин росто розӣ нигаҳ доштани Маскав аз аслитарин аҳдофи Ғарб маҳсуб мешавад ва ин ниёз ба мушорикати Узбакистон дорад. Дар навбати худ Узбакистон суди назаррасе аз хуруҷи низомиёни ғарбӣ аз Афғонистон хоҳад бурд ва бар асоси тавофуқоти Вашингтон - Тошканд бахши қобили мулоҳизае аз силоҳҳо ва муҳиммоти низомиёни НАТО дар ихтиёри артиши Узбакистон қарор хоҳанд гирифт ва ин амр тавони низомии артиши узбакро тақвият хоҳад кард.

Бим аз инзивои бештар дар минтақа

Хуруқи Узбакистон аз ниҳодҳои минтақаӣ то ҳадди зиёде барномаҳои Русияро барои таҷвияти ҳамгароиҳои бештар дар қаламрави Шуравии собиқ, ба мушкил мувоҷеҳ кардааст. Агарчӣ Маскав нисбат ба иқдомоти вогароёнаи Тошканд зоҳиран бетафовутӣ кардааст, аммо собиқаи чунин рафторҳо гуёи аз он аст, ки Узбакистонро иқдомоти ҷавобии Русия дар камин нишастаанд. Аз суи дигар сиёсати "фишор ба ҳамсоягон", ки Узбакистон дар нисбати Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кор гирифт, агарчӣ ба ин ду кишвар зарару зиёнҳои зиёде ворид кард, ба манотиқи марзии Узбакистон низ хисороти молии фаровоне ба бор оварда, муҷиби аз байн рафтани садҳо шуғл гардидааст. Ҳамчунин ин амалкарди Тошканд ба тарҳҳои Маскав дар Осиёи Марказӣ низ таъсири манфӣ расонда, ширкатҳои русиро бо мушкил мувочеҳ кардааст. Дар канори ин ҳама, хатари дар инзивои минтақаӣ қарор гирифтани Узбакистон беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтааст. Узбакистон бо бастани аксари роҳҳои хуруҷию вурудӣ ба самти ду кишвари ҳамсоя, Душанбе ва Бишкекро ногузир ба андешидани иқдомоти фаврӣ барои шикастани бунбасти иртиботӣ кардааст. Дар ин росто ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои ҷадиди хуруҷ ба "хориҷи дур" аз тариқи Чин, Афғонистон ва Эрон боз карданд. Такмили тарҳҳо дар ин замина, ки сохтани ҷодаҳо ва роҳи оҳан ба Чин, Афғонистон ва Эронро дар назар дорад, ниёзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба роҳҳои Узбакистонро аз байн хоҳад бурд. Аз ин ру Ислом Каримов бо дарки ин воқеият бар он шудааст, ки бо ҳамсоягон бисозад ва онҳоро аз иҷрои ин тарҳҳои муҳим мунсариф кунад, ё ин тарҳҳоро ба барномаҳои худ ҳамсон кунад.

Мушкили Узбакистон дар Афғонистон ва бим аз вокуниши тоҷикони ин кишвар

Дар давраи ишғоли Афғонистон тавассути низомиёни ғарбӣ ба саркардагии Амрико, Узбакистон дар меҳвари сиёсатҳои Амрико қарор гирифт ва Вашингтон дар ростои ба сиёсатҳои худ ҳамсӯ кардани давлати Тошканд, талошҳои зиёде ба харҷ дод. Ба Амрико муяссар шуд, ки Узбакистонро аз Русия дур кунад ва узвияти Тошаканд дар ниҳодҳои муҳими минтақаӣ, назири Паймони амнияти ҷамъӣ ва иттиҳоди Авруосиё, мутаваққиф кунад. Дар ҷавоби ин Амрико ба Узбакистон ин тазминро додааст, ки такмили муҳимтарин тарҳҳои иқтисодии Ғарб дар Афғонистонро ба ширкатҳои узбакӣ вогузор хоҳад кард ва назорати роҳи оҳани Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро дар ихтиёри роҳи оҳани Узбакистон қарор хоҳад дод. Ин иқдоми Амрико дар ростои муқобила бо густариши нуфузи иқтисодии Эрон дар Афғонистон сурат гирифта, қасд дорад бо ҳамкории Тошканд дасти Теҳронро аз фазои иқтисодии Афғонистон ва дар кул минтақа, кутоҳ кунад. Дар чорчуби ин барнома солҳои охир Узбакистон пешравиҳое доштааст, ки сохтани роҳи оҳан дар шимоли Афғонистон аз ин ҷумла аст. Аммо сиёсатҳои зургуёнаи Узбакистон дар қиболи Тоҷикистон, тоҷикони Афғонистонро бетараф нагузошта, ҳар аз гоҳе норизоятиҳои лафзии сарони тоҷик дар мавриди амалкарди Тошканд нисбат ба Тоҷикистон шунида мешавад.Узбакистон дар ибтидо ин вокунишҳоро нодида мегирифт, аммо акнун масъулони узбак ин ҳақиқатро дарк кардаанд, ки агар тоҷикони Афғонистон дар ҳимоят аз манофеи Тоҷикистон вориди амал бишаванд, тамоми барномаҳои Узбакистон дар Афғонистон нақш бар об хоҳанд шуд. Ин мавзуъ дар шароите ки "Ҷабҳаи миллии Афғонистон" тасмим гирфт дар интихоботи соли 2014 аз Ато Муҳаммади Нур, ки аз чеҳраҳои шохиси тоҷикони Афғонистон аст, ҳимоят мекунад, бештар аҳамият касб кардааст.

Рашид Дустум, ҷангсолори узбактабор, ки ҳамвора таҳти ҳимоятҳои Тошканд буда, низ аз ин тасмим ҷонибдорӣ кардааст ва наметавон онро ҷудо аз мавзеъгириҳои ахири Ислом Каримов арзёбӣ кард.

Бо таваҷҷуҳ ба он чӣ баён шуд, ба назар мерасад, ки мавзеъгирии ахири Ислом Каримов, агарчӣ ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд, аммо бозии сиёсие беш нест ва сиёсатмадори куҳнакори узбак дар чорчуби мақоли машҳури "обро дида мӯза каш, ҳаворо дида ғӯза каш" амал намудааст.

Саиди КАРИМӢ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)