Бино ба гузориши хабаргузориҳои хориҷӣ, як масъули амниятии Миср гуфтааст, ки қарор аст, ба зудӣ ҳайате аз ин ниҳод ба хотири баррасии масоили марбут ба ояндаи Ғазза ва оташбас миёни Ҳамосу Исроил ба Тел-Авив сафар намояд.
Ҳамзамон, манбаъ афзудааст, ки ҳайати мазкур зимни сафари худ ба Исроил аз мақомоти Тел-Авив хостори коҳиши маҳдудиятҳои ин кишвар дар мавриди вуруди маводи ғизоӣ ва муҳосираи навори Ғазза хоҳанд шуд.
Ин сафари намояндагони амниятии Миср ба Ател-Авив дар ҳолест, ки чанде қабл як ҳайати амниятии Исроил ба Қоҳира ташриф оварда буд.
Мӯҳр