Бино ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, дар ин бора раисҷумҳури Покистон зимни дидори худ бо Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин сӯҳбат намудааст.
Номбурда афзудааст, ки кишвараш аз ҳимояти мардуми Фаластин то замони таъсис ёфтани як давлати мустақил бо ин ном ва пазируфта шудани он ҳамчун узви доимӣ дар Созмони Милали Муттаҳид даст нахоҳад бардошт.
Инчунин раисҷумҳури Покистон шаҳраксозиҳои ғайриқонунии Исроил дар навори Ғаззаро ба шиддат танқид намуда, хостори тавақуффи он шудааст.
Ёдрас менамоем, чанд рӯз қабл Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин дар як сафари серӯзаи худ вориди Покистон гардида, бо Осиф Алӣ Зардорӣ раисҷумҳури ин кишвар мулоқоту гуфтугӯҳое анҷом дода буд.
Мӯҳр