Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, Сайдаҳрор Туманови 55- сола, сокини маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб аснои ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи 1-Май аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагард Зафаралӣ Бозоралии 21- сола, сокини ноҳияи Шӯрообод, деҳаи Хоҷағалтон, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ мегузашт, зада пахш мекунад. Дар натиҷа Зафаралӣ Бозоралӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр