Баррасии бурсияҳои таълимии донишҷӯёни Эрон
Дар толори хурди Вазорати маорифи Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф Нуриддин Саидов бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯст баргузор гардид.
Тавре Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ба Озодагон хабар дод, дар рафти вохӯрӣ масоили марбут ба иҷрои тафоҳумномаҳои ба имзо расида, бурсияҳои таълимӣ, шарту шароити таҳсили донишҷӯёни Эрон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, аспирантура ва докторантура, вазъи таълиму тарбия дар мадрасаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе мавриди музокира қарор дода шуд.
Манбаъ афзуд, ки вазири маориф Нуриддин Саидов ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон аз вазъи ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |