Бино ба иттилои манбаъ, миёни муҳоҷирини имтиҳоншуда асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд: “Мо барои шаҳрвандони хориҷӣ соддатарин тартиби имтиҳон аз забони русиро фароҳам сохтаем. Онҳо бояд маҳорати гуфтугӯи шифоҳӣ ва хаттӣ дошта, сарфу наҳви забони русиро донанд».
Бештари ин муҳоҷирон мардони аз 30 сола боло будаанд, ки дар соҳаҳои хизматрасониҳои коммуналӣ ва савдо кор мекардаанд. Сарчашмаи хабар мегӯяд, муҳоҷирини синни ҷавонтар, ки таълими забони русиро ба таври бояд дар макотиб нагирифтаанд, аз супоридани имтиҳон сарпечӣ мекунанд: «Онҳо аз уҳдаи супоридани имтиҳон намебароянд, донишашон нокофӣ аст. Лозим меояд, ки аз нав омодагӣ бигиранд ва дубора имтиҳон супоранд».
Ёдовар мешавем, шурӯъ аз 1-уми декабри соли 2012 Русия барои муҳочирин тартиби ҳатмии донистани забони русӣ ва гирифтани сертификати донистани он тавассути супоридани имтиҳонро роҳандозӣ кард.
Муҳоҷирин бояд маблағи беш аз 5 ҳазор рубли русӣ супорида, курси семоҳаи омӯзиширо гузаранд ва баъди супурдани имтиҳон ҳуҷҷати мазкурро дарёфт намоянд.
Мӯҳр