Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, амалиёт дар асоси аризаи Ҷаҳонгир Музаффарови 25 сола, сокини кӯчаи Чайковский роҳандозӣ шудааст. Ин соҳибкор дар аризаи шикоятӣ навиштааст, ки 20-уми феврал шахсони номаълум пинҳонӣ вориди мағозаи ӯ, воқеъ дар ошёнаи 2-юми бозори «Панҷшанбе» шуда, 3 телефони мобилии тамғаи «Нокия» бо арзиши умумии 2710 сомониро рабудаанд.
«Бо иттиҳоми даст доштан дар ин амал кормандони ҳифзи ҳуқуқ Акрам Маҷидови 19 сола, Фаридун Раҳмонови 17 сола ва Алишер Сафарови 17 сола, сокинони шаҳри Душанберо дастгир карданд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр