Аз дафтари матбуотии ФБД ба Озодагон хабар доданд, ки дар толорҳои хизматрасонии Фурудгоҳ, платформаи КЮТ УЛТРА ДИ СИ ЕС (CUTE ULTRA DCS) насб шудааст. Дастгоҳи мазкур ва нуқтаҳои нави бақайдгирӣ бо техникаи муосир муҷаҳаз шуда, ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳ ҳамкорӣ доранд, имконият фароҳам сохтааст, мусофиронро аз тариқи низоми автоматӣ ба қайд гиранд.
“Пас аз насби дастгоҳҳои нави санҷишӣ кормандони хадамоти гумрук бағоҷи мусофиронро дастӣ санҷиш нагузаронида, тариқи компютерҳо назорат менамоянд. Асбобҳои нурафкани ширкати “Рапискан” бағоҷи мусофирро аз панҷ ҷанба муоина намуда, дар сурати пайдо намудани маводи ғайриинтиқол онро ба дастгоҳи муоинавии назоратӣ интиқол медиҳад. Дар сурати бартараф нагаштани шубҳа бағоҷи мусофир дар ҳузури мусофир муоина мешавад”,-афзуд манбаъ.
Системаи нави муоинаро мутахассисони ширкати “Рапискан” ба кормандони Хадамоти амнияти авиатсионӣ ва Хадамоти гумруки назди Фурудгоҳ омӯзиш дода истодаанд.
Мӯҳр