Тибқи иттилоъ, Алмазбек Отамбоев дар ҷараёни мулоқот Олим Раҳимовро бо оғози кори сафирӣ табрик намуда, зикр сохт, ки Ҷумҳурии Қирғизистон хоҳони рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамсоягии нек бо Тоҷикистон ва густариши ҳамкории дуҷониба мебошад.
Ҳамзамон, Сафири Тоҷикистон дар навбати худ иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистону Қирғизистонро муносибатҳои зичи таърихии дӯстию ҳамсоягии нек бо ҳам пайвастаанд. Рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд бо Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Мӯҳр