Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:32

Даъвати сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирон

22 феврал 2013, 14:36

Раҳбарони намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия бо сарвари Хадамоти федеролии муҳоҷирати он кишвар мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба Озодагон аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорат гуфт, Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, Садбарг Ғаниева, сардори консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ва Асрор Одинаев, сардори намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар доираи як дидор бо сарварони мақомоти дипломатӣ ва муҳоҷирати Русия масоили вобаста ба муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, риояи қавонони ҷории ин кишвар ва тартибу будубоши муҳоҷирини тоҷикро баррасӣ кардаанд.

Константин Ромодановский, сарвари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия тағирот ба қонунгузории кишварашро ташреҳ карда, иброз доштааст, ки Русия ҳиҷ гуна таҳримҳои сахтро дар қиболи муҳоҷирини корӣ роҳандозӣ накардааст. “Ягон гуна сахт кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷирин нест, ин танҳо пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои роҳандозии муҳоҷирати ғайрирасмӣ аст”, - гуфтааст Ромодановский. Ва аммо сарвари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия афзудааст, ки то соли 2015 имтиҳон аз забони русӣ барои ашхоси хориҷии талабгори кор дар Русия ба пуррагӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!