«Тоҷирон бояд маърифати соҳибкориашонро баланд кунанд»
Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар якҷояги бо шӯъбаи дастгирии савдо ва сармоягузории Сафорати Лаҳистон дар Ӯзбакистон ва Тоҷикистон бо соҳибкорони шимоли кишвар мулоқот кард.
Дар ин дидор ҳудуди 50 соҳибкор аз вилояти Суғд ширкат намуд. Бахши аввали вохӯрӣ ба муаррифии иқтисодиёти Лаҳистон бахшида шуд. Зикр гардид, ки феълан иқтисодиёти Лаҳистон дар Аврупо зинаи 9-умро соҳиб аст, ки нишондоди мусбат маҳсуб мегардад.
Мушкили бекорӣ аз проблемаҳои умдаи он кишвар будааст. Мизони бекорӣ дар Лаҳистон 13 дар сад арзёбӣ шуд.
Дар қисмати дуюми мулоқот гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар арафаи ҳамроҳ гардидан ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат қарор дорад. Аз ин лиҳоз бояд соҳибкорон маҳсулотеро истеҳсол кунанд, ки рақобатпазир бошад. Раиси кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев гуфт: «Барои он ки соҳибкорони мо хоҳанд ба бозори Аврупо, аз ҷумла Лаҳистон роҳ ёбанд, бояд маданияти соҳибкориро боло бардоранд. Ба мактубҳое, ки ба онҳо меояд, дар муддати кӯтоҳ ҷавоб гардонанд. Зеро имрӯз як қисми тоҷирони мо ба мактубҳо ҷавоб намегардонанд»,- афзуд Мақсуд Зиёев.
Славомир Стшалковски, мушовири аввали сафорати Лаҳистон гуфт, ба нафароне, ки бо соҳибкоронашон хоҳиши кор кардан доранд, кӯмак мерасонанд: «Вазифаи мо пайдо намудани ҳамкорон аст. Ҳар як таклифе, ки ба мо мешавад, онро меомӯзем. Агар соҳибкорони Тоҷикистон хоҳиши ҳамкорӣ доранд, мо кӯшиш мекунем, то соҳибкор аз кишварамон пайдо намоем».
Аз рӯи ҳисоботи омории Лаҳистон доду гирифти молу коло байни ду кишвар дар соли 2012 зиёда аз 21, 5 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нишондод назар ба соли қаблӣ 2,4 маротиб зиёдтар аст. Содироти молҳои Лаҳистон ба Тоҷикистон дар соли гузашта 2,5 баробар зиёд шуда, 21 миллион долларро ташкил дод, вале воридоти маҳсулоти Тоҷикистон дар ҳамин муддат ба он кишвар, қариб 2,3 маротиб коҳиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |