Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:50

Тоҷик 100 фоиз зиёд мешавад, ҷои кораш 1 фоиз

22 феврал 2013, 15:41

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Дар истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон аз соли 2006 то 2012 ба хотири таъсиси 117 корхонаи миёнаву хурд, 2 ҳазору 721 ҷои кории нав эҷод шудааст. Тибқи омори Вазорати энергетика ва саноат айни ҳол дар кишвар 174 корхонаи саноатӣ кор мекунад, ки 8-тои он ба истеҳсоли семент, 83 корхонаи тавлиди хишт ва 62 корхонаи истеҳсоли регу санг ва 6 корхонаи тавлиди гаҷ сохта шудааст. Дар ин корхонаҳо 5 ҳазору 680 нафар кор мекунанд.

Тоҷикистон маҳалли таҷаммуи бесаводон

Ҳарчанд бо сохта шудани ин ҳама корхона 6 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шуданд, аммо иқтисоддонҳо чунин мешуморанд, ки ин рақам дар қиёс бо рушди ҷамъияти мамлакат ҳеч аст ва набояд аз ин омор ба ваҷд омад. Тавре доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, соле 150 ҳазор хонанда мактаби миёнаро хатм мекунанд ва аз ин рақам агар 50 ҳазори он хоҳиши дар ҷамъият кор карданро надошта бошанд, ҳар сол камаш 100 ҳазор ҷои корӣ лозим аст. Дар 6 сол 600 ҳазор ҷои корӣ зарур мебошад. "Вақте талабот ба ҷои корӣ 600 ҳазор асту мо 6 ҳазор ҷои корӣ фароҳам овардем,ин танҳо 1 фоизи ин талаботро фаро мегирад. Бинобарин мо фақат қудрати қобилияти меҳнатиро бо ҷои кор таъмин кардан дорему халос ва боқӣ монда, ки 594 ҳазор нафаранд, бояд Русия раванд",-изҳор дошт Табаралӣ Ғаниев.

Ин доктори улуми иқтисод нигаронӣ аз он мекунад, ки "марокизи таҳқиқотӣ ва Фарҳангистони улуму институтҳои демографӣ бевосита ба ин кор машғуланд, аммо ин ташкилот дурӯғ гуфта ҳақиқати ҳолро баён намекунанд." Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар сол алоқамандони бешуморе ба хотири набудани мактабҳои касбӣ имкони хонданро надоранд. Теъдоди хатмкунандагони макотиби миёна ҳар сол 180 ҳазор нафар аст, аз ин шумора 80 ҳазори он маълумоти касбӣ мегираду 100 ҳазори дигар бесавод мемонад дар як сол. Дар ҳар 10 сол 1 миллион нафар дар Тоҷикистон аз хониш дур мемонад, ки ин бештар мухтаси кишварҳои африқоист.

Тақдири тоҷик аз муҳоҷират ҷудо намешавад

Бо вуҷуди аз соли 2006 то 2012 сохта шудани ин ҳама корхона, ҳануз ҳам дида мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои ёфтани ҷойи кори муносиб бо маоши арзанда ҳиҷрат ба Русия ва дигар кившарҳоро пеш мегиранд. Дар ин маврид Мирзои Салимпур, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, ин 117 корхона тибқи омор ҳамагӣ 2721 ҷои кории нав ба вуҷуд овардаанд, ки, албатта, барои таьмини тамоми хоҳишмандони кор кофӣ нест. "Барои он ки зарурат ба муҳоҷирати корӣ аз байн биравад, Тоҷикистон тақрибан 1,5 миллион ҷои кории нав ниёз дорад",-мегӯяд ӯ. Ҷаноби Салимпур илова кард, "аз тарафи дигар маоше, ки дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон медиҳанд наметавонад барои таьмини рӯзгори мардум кифоят кунад. Ва то даме, ки ин ду мушкили асосӣ - шумораи кофии ҷои кор ва маоши арзанда - вуҷуд дорад, касе пеши роҳи сели муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистонро гирифта наметавонад.".

Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, ин теъдод корхона ва ҷойҳои кории бавуҷуд овардаашон воқеан хеле кам аст. Нисбат ба қобилияти калоне, ки дар дар иқтисоди дохили Тоҷикистон ҳаст. "Ин мумкин камтар аз 20% бошад. Лекин ин рақамҳо хеле хуб нишон медиҳад, ки вобаста аз мушкилҳои маъмурӣ минҷумла андозҳову дигар масоил истифода бурдани қобилиятҳои соҳибкорӣ дар ҶТ имконнопазирмебошад",-афзуд Константин Бондаренко.

Иродаи ҳукумати Тоҷикистон намерасад

Гуфта мешавад ҳукумати Тоҷикистон тавони сохтани корхонаи азимеро, ки то 100 ҳазор нафарро бо ҷои корӣ фаро гирад, надорад ва ё намехоҳад ин корро анҷом диҳад, иқтисоддонон мегӯянд, ки дар ҳар ҳол роҳе бояд пайдо намуд. Табаралӣ Ғаниев бар ин назар аст, ки муаммо бештар дар саводи мардум меистад, чун вақте шахс ҳунари касбиро меомӯзад, на танҳо барои худаш ҷои корӣ пайдо мекунад балки чанд нафари дигарро ҳам бо ҷои кор таъмин месозад. Зеро вақте мардум корхонаҳову ширкатҳои саноатӣ месозанд, сифатан аз истеъмолкунанда ба тавлидкунанда мубаддал мегарданд ва худ имконияти кор ёфтанро доро мегарданд. Албатта, ин ҷо вазифаи давлат аст, ки аз аҳолӣ илм талаб кунад.

Вале бо ин вуҷуд бояд гуфт, дар шароити феълӣ вазъияти омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон чандон хуб нест, то аз шаҳрвандони кишвар интизор дошт бо фарогирии илм билофосила ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд. Ҳукумат ҳам, ки таваҷҷуҳи чандон зиёде ба ин саводнокии мардум намекунад. Аз ин рӯ, агар ҳукумати Тоҷикистон ирода кунад метавонад дар як сол ҳадди ақал як корхонаи саноатии азим бо иқтидори фаровон ва таъмин намудани ҷои корӣ барои 100 ҳазор нафар эҷод кунад. Чун кам нестанд нафароне дар ҳукумат, ки миллиардҳо доранду дороияшон ниҳон аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!