Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Духтари 19-сола дар Данғара ғайб задааст

22 феврал 2013, 16:34

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон Парвина Зиёеваи 19 соларо, ки ҳафтае пеш дар ноҳияи Данғара ғайб задааст, кофтуков дорад.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ноҳияи Данғара шаҳрванд Зиёев Сангак Хоҷаевич соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Сафедсанг, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 19 феврали соли 2013 духтараш Зиёева Парвина Сангаковна соли таваллудаш 1993, аз хонаи истиқоматиашон баромада, то ҳол барнагаштааст. Мақомот мегӯянд ҷузъиёти ғайб задани ин ҷавондухтар айни ҳол мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!