Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:27

Мурсӣ рӯзи баргузории интихоботи Мисрро эълон кард

23 феврал 2013, 11:50

Марҳалаи авали интихоботи парлумонӣ дар Миср рӯзи 27-уми апрел оғоз хоҳад шуд.

Тавре расонаи хабарии «ал-Явм ал-Миср»-и ин кишвар иттилоъ медиҳад, раисиҷумҳур, Муҳаммад Мурсӣ, санаи интихоботро эълон намуда, аз баргузории он дар чор марҳала хабар додааст. Тибқи иттилои ин манбаъ, марҳалаи якуму дуюми раъйпурӣ дар рӯзи 27 ва 28-уми апрел, марҳалаи сеюму чорум бошад рӯзи 4 ва 5-уми май баргузор хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои машваратии Миср дар арафаи интихоботи парлумонӣ қонуни нави интихоботи ин кишварро ба тасвиб расондааст. Бар асоси ин қонун, вакилоне, ки дар парлумон курсӣ мегиранд, пас аз интихобот, ҳаққи тағйири мавқеи сиёсии худро надоранд. Дар назар аст, ки сеяки курсихои парлумони Мисрро намояндагони мустақил соҳиб мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!