Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Тоҳири Абдуҷаббор: "Ҷуръати донистанро дошта бош" (Бахши 1)

25 феврал 2013, 09:16

Ду рисолаи то ҳанӯз нашрнашудаи Устод Тоҳири Абдуҷаббор бо кӯшиши рӯзноманигор Насибҷон Амонӣ ёфт гардидааст, ки якеаш дар ҳафтаномаи "Миллат" бо унвони "Чаро мо ақиб мондаем?" ба нашр расид. "Озодагон" тасмим гирифт, рисолаи дигари устоди равоншодро, ки "Ҷуръати донистанро дошта бош" ном дорад, пешкаши хонандагони гиромӣ намояд.

"Ҳар ҷо ки нон гарон аст, ҷон арзон аст"

Равшанфикрон адолатпарастанд. Онҳо виҷдони бедору интиқодгари ҷомеа мебошанд. Онҳо ҳамвора дар пайи адолат мегарданд, дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор адолатро металабанд. Ва дар ҳар ҷое, ки аз адолат дур мешаванд, бар хилофи он рафтор мекунанд ва онро поймол мекунанд, равшанфикрон забони интиқоду маломатро боз мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи инсонӣ аз бадиҳо, аз зулму бедодгариҳо ва бадкирдорию номардумиҳо пок бошад. Онҳо, ки равшандил ҳастанд, масоилу мушкилоти инсон, ҷомеа ва давлатро равшантару амиқтар мебинанд, иллатҳою омилҳои онро ошкор месозанд ва барои ҳалли он мушкилот талош меварзанд. Равшанфикрон, мӯътақид бар мақоми волои инсон мебошанд ва ҳама гуна беадолатиро дар ҳаққи инсон нораво медонанд. Онҳо мухолифи тобеияту бандагӣ мебошанд, парастиши ҳокимону муқаддаснамоёнро намеписанданд. Ба ақидаи равшанфикрон, ин кор барои инсон на танҳо нораво аст, балки таҳқири инсоният мебошад. Аз ин рӯ, шоистаи инсон нест...

"Зиёӣ" ва "равшанфикр". Ҷои хушист, ки таи солҳои ахир дар Тоҷикистон ба таркиби табақотии ҷомеа, ба моҳият ва нақши ҳар кадом аз бахшҳои он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Инро метавон ба сифати як гоми дигаре ба сӯи худшиносӣ арзёбӣ кард. Баҳсҳое, ки таи як- ду соли ахир дар воситаҳои ахбори омма(ВАО) пиромуни зиёйиён ва равшанфикрон сурат мегиранд, далели ин муддаост. Дар сарзамини мо вожаҳои "зиёйӣ" ва "равшанфикр" мафҳумҳои нисбатан тоза аст. Мо дар гузаштаҳо қишри зиёиёнро надоштем, бинобар ин, дар фарҳанги мо вожаи "зиёӣ" ҳам набуд. Ин табиист: чизе, ки вуҷуд надорад, ном ҳам надорад. Дар Русия ин қишри иҷтимоӣ дар садаи 19 ташаккул ёфта буд ва онро "интеллигенсия" номида буданд. Дар Тоҷикистон раванди ташаккулёбии ин қишр зери таъсири русҳо дар замони шӯравӣ оғоз гардид. Вожаи "зиёйӣ" ҳам маҳсули ҳамон солҳост. Дар ибтидо дар Тоҷикистон вожаи "интеллигенсия"-ро ба ҳамин шакл, яъне ба шакли русиаш, ба кор мебурданд. Баъдтар аҳли адаби мо вожаи "зиёйӣ"-ро аз решаи арабии "зиё"( яъне равшаноӣ, нуронӣ) сохта, ба сифати муродифи вожаи русии "интеллигент" (шакли ҷамъ -- "интеллигенсия") пазируфтанд. Дар замони шӯравӣ ҳар ду вожа, ҳам "интеллигенсия" ва ҳам "зиёйӣ" роиҷ буд. Дар матбуоти ҳизбию расмӣ асосан аз вожаи "интеллигенсия" истифода мекарданд, аҳли адаб-- аз вожаи "зиёйӣ". Ин аст, ки дар "Энсиклопедияи советии тоҷик" (Душанбе, 1980) шарҳу тафсири вожаи "зиёйӣ"-ро наовардаанд, фақат навиштаанд: " Ниг. Интеллигенсия". Ҳоло дар Тоҷикистон вожаи "интеллигенсия"- ро камтар ба кор мебаранд, бештар вожаи "зиёйиён" ё "аҳли зиё" маъмул шудааст. Ба таъбири расмӣ "зиёйиён" номи гурӯҳи одамоне аст ба кори фикрӣ( мағзӣ) машғуланд. Онҳо мардуми таҳсилкарда ва бомаърифат мебошанд.

Ин маъниро муҳтарам А. Аминҷонов (проректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон), муҳтарам З. Саидов( директори АИ "Ховар") ва дигарон низ зикр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, " калимаи " зиёйӣ" ба забони русӣ "интеллигент", ба лотинӣ "intelligens" буда, маънояш шахси "боақл, боандеша, хирадманд..." мебошад. Одатан, дар ҷомеа зиёйӣ гуфта, соҳибмаълумотеро меноманд, ки шуғли касбиаш меҳнати мураккаби фикрӣ аст... Инҳо муаллимон, муҳандисон, табибон, кормандони пажуҳишгоҳҳо, ходимони соҳаҳои гуногуни ҳунар ва санъат, хизматчиёни идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ, аҳли қалам ва ғайра мебошанд"(Ҳафтаномаи "Тоҷикистон", № 09, 2006). Тавре ки мебинем, нишонаи асосии зиёиён( интеллигенсия) бомаърифат будан ва ба кори фикрӣ машғул будан аст. Ҳар касе, ки таҳсили илм кардааст ва ба кори фикрӣ машғул аст, "зиёйӣ"( интеллигент) маҳсуб мешавад. Ва ҳамаи афроди бомаърифат ва ба кори фикрӣ машғулбуда, рӯиҳамрафта, қишри "зиёиён"- ро ташкил медиҳанд. Шумораи зиёиён дар ҷомеа ба шароити иқтисодию сиёсии кишвар вобаста аст. Дар кишварҳои пешрафта зиёиён сершуморанд ва қишри ҷудогонаи ҷомеаро ташкил медиҳанд. Онҳо нерӯи бузург ва омили муҳими пешрафти ҷомеа мебошанд. Аммо дар кишварҳои ақибмонда, бино бар поин будани самараи кор ва сатҳи зиндагӣ шумори зиёиён кам аст. Зеро дар шароити фақру бенавоӣ, аксари мардум дар паи бароварда сохтани эҳтиёҷоти аввалияи ( моддии) худ мегарданд ва ба арзишҳои маънавӣ ва муваллидони онҳо камтар ниёз доранд. Беҳуда нагуфтаанд, "ҳар ҷо ки нон гарон аст, ҷон арзон аст"... Вазъи мавҷудаи мо далели дуруст будани ин маънӣ аст: ҳеч тасодуфӣ нест, ки вожаҳои " зиёйӣ" ва "равшанфикр" дар фарҳанги мо мафҳумҳои нисбатан тоза ҳастанд. Ин худ нишони пасмондагии ҷомеаи мо аст. Ин чанд мулоҳизае буд, ки аз он бисёриҳо огоҳанд.

Аммо вожаи "равшанфикр", ки дар солҳои ахир дар матбуоти мо роиҷ мегардад, баҳсҳое барангехтааст. Бисёриҳо ақида доранд, ки вожаи "равшанфикр" бо вожаи "зиёйӣ" ҳаммаъно аст. Барои мисол муҳтарам З. Саидов навиштааст, ки "...бародарони эрониамон калимаи равшанфикрро ба кор мебаранд, ки бо калимаи зиёйӣ ҳаммаъно аст( "Тоҷикистон", № 09, 2006). Агар чунин аст, пас ҷойи баҳс нест. Кофист, ки инро бипазирем ва ҳар ду вожаро ба сифати синонимии якдигар истифода барем. Вале бархе гуфтаанд, ки "мо равшанфикр надорем". Бархи дигар, аз ҷумла банда, ба ин назар ҳастанд, ки "мо инсонҳои равшанфикрро доштему дорем, аммо қишри равшанфикронро надорем, он ҳанӯз ташаккул наёфтааст". Тавре ки мебинем, дар мавриди мазмуну муҳтавои ин ду вожа иттиҳоди назар вуҷуд надорад ва ин баъзан боиси ғалатфаҳмиҳо мегардад. Бинобар ин, мебояд, ки пеш аз ҳама маънои ин истилоҳот ва вижагиҳои онҳо равшан сохта шавад.

Ҳамон гуна ки дар боло зикр шуд, вожаи "зиёйиён" ҳамчун муродифи вожаи русии "интеллигенсия" пазируфта шудааст. Дар навбати худ, русҳо вожаи "интеллигенсия" - ро аз вожаи фаронсавии "intelligence"( яъне -- боақл, бохирад, фикркунанда) сохта буданд. Бояд гуфт, ки дар ибтидо( дар қарни 19), вожаи "интеллигенсия" дар Русия маънои хос дошт. Ба гуфтаи файласуфи номии рус Н. Бердяев, дар Русия касонеро ба "интеллигенсия" мансуб медонистанд, ки андешаҳои иҷтимоию сиёсӣ доштанд. Зимнан, фаъолияти касбӣ ва хостгоҳи иҷтимоии онҳо муҳим набуд. Интеллигенсияи Русия аз қишрҳои гуногуни ҷомеа -- аз хонаводаҳои дворянҳо, кормандони давлат, рӯҳониён, роҳибон( монахҳо), тоҷирон, деҳқонон...бархоста буданд ва на ҳамеша ба кори фикрӣ машғул буданд. Вижагии интеллегентҳои Русия ин буд, ки онҳо давлати имперотурӣ, низоми феодалӣ( крепостноӣ) ва рӯҳониёну калисои фосидшудаи Русияро интиқоду мазаммат мекарданд, ҷонибдори адолат ва назму низоми беҳтар, одилонатар буданд... Албатта, онҳо андешаҳои гуногун доштанд ва аз ҷараёнҳои мухталифи фикрӣ( аз монархизму либеролизм ва ратсионализму романтизм то ниҳилизму анаршизм ва атеизму марксизм) пайравӣ мекарданд. Вале, рӯиҳамрафта, ба ҳамаи онҳо ҳисси эътироз дар баробари низомҳои мавҷуда, ғами мардум ва исёнгарӣ хос буд. Зимнан, ба гуфтаи Н.Бердяев, онҳо мутлақгаро буданд ва андешаҳои мутафаккирони Ғарбро, ҳатто андешаҳои баҳсталабро, ба догма табдил медоданд. Ин вижагиҳои интеллигентҳои Русия боис шуд, ки вожаи "интеллигенсия" ба ҳамин шакл " Intelligensia" ба забонҳои аврупойӣ ворид гардид. Зеро мазмуни он аз маънии истилоҳи аврупойии "интеллектуал" фарқ мекард.

Зиёӣ кист?

Вале пас аз инқилоби Октябр маънои вожаи "интеллигенсия" то андозае дигар шуд: дар замони шӯравӣ касонеро "интеллигент" меномиданд ва шомили қишри "интеллигенсия" месохтанд, ки машули кори фикрӣ бошанд. Табиист, ки чунин афрод таҳсилкардаю бомаърифат буданд. Ба ин маъно вожаи "интеллигенсия" тақрибан муродифи вожаи фаронсавии ""интеллектуал" гардид. Дар Фаронса, Ингилистон ва дар бисёр дигар кишварҳои аврупоӣ, ҳамаи афродеро, ки ба кори фикрӣ, эҷодӣ машғуланд(пеш аз ҳама олимон, нависандагон, санъатгарон, муаллимон, муҳандисон ва ғ.), "интеллектуал" ( Intellectuals,аз решаи лотинии "Intellect" -ақл, зеҳн, ҳуш) меноманд. Вожаи "интеллигенсия" ба маънои наваш дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон низ пазируфта шуд ва муродифи он вожаи "зиёйӣ" ҳоло ҳам ба ҳамин маъно истифода мешавад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки имрӯз вожаҳои "зиёйӣ", "интеллигенсия" ва "интеллектуал" ҳаммаъно мебошанд. Ҳар зиёйӣ равшанфикр нест. Аммо истилоҳи "равшанфикр" бо вожаҳои "зиёйӣ", "интеллигенсия" ва " интеллектуал" ҳаммаъно нест. Фарқ дар он аст,ки:

1. Вожаи "зиёйӣ" ҳамаи афроди таҳсилкарда ва машғули кори фикриро дарбар мегирад, вале "равшанфикр" -- танҳо онҳоеро, ки андешаҳои сиёсиву итимоӣ доранд. Яъне ҳар як олиму нависанда, устоди донишгоҳу муаллими мактаб ва ё ҳисобдору муҳандис..., ки ба кори фикрӣ машғул аст, зиёйӣ мебошад, вале мумкин аст, равшанфикр набошад. Зеро фақат онҳоеро "равшанфикр" мешуморанд, ки дар бораи масоили омм меандешанд ва беҳтар кардани назму низоми кишварро мехоҳанд. Ба ибораи дигар, маънои вожаи "равшанфикр" хостар аз вожаи "зиёйӣ" аст. Ҳар равшанфикр мумкин аст, зиёӣ бошад, вале ҳар зиёйӣ, ҳар мутахассис равшанфикр нест.

2. Маҳсули кори зиёиён -- мутахассисони риштаҳои гуногун бахше аз ниёзҳои мардумро бароварда месозад. Ҳамон гуна ки деҳқонону коргарон гандуму пахта ва мошину либос тавлид мекунанд ва ниёзмандиҳои моддию маънавии инсонҳоро бароварда месозанд. Онҳо, ки мардуми ҳушманд ва бомаърифат мебошанд, гуна -гуна абзору васоили техникии ҷадидро ихтироъ мекунанд ва ё месозанд ва роҳу равишҳои беҳтари корро ба ҷомеа пешниҳод мекунанд, ба шогирдон таълим медиҳанд... ва аз ин роҳ ба болоравии самарабахшии кор, сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа мусоидат мекунанд. Яъне онҳо -- зиёйиён( интеллектуалҳо) ба ниёзҳои инсон меандешанд. Вале равшанфикр бар худи инсон меандешад, бар он меандешад, ки зиндагии инсон, мақому манзалати он, рафтору муносиботи иҷтимоии он чи гуна аст ва чи гуна бояд бошад. Зиёйиён дар пайи таҳқиқу шинохти воқеиятҳо ва сохтани навъҳои ҷадиди неъматҳои моддию маънавӣ мебошанд. Натиҷаи кори онҳо андешаҳои позитивӣ аст. Вале равшанфикрон фаротар мераванд. Онҳо падидаҳои иҷтимоироарзёбӣ мекунанд ва бар он меандешанд, ки он чи ҳаст, хуб аст ё бад аст, аз рӯи адлу дод аст ё мухолифи он. Ва агар мутобиқи адл нест, пас чи бояд кард, то ислоҳ шавад ва ҳолати матлуб ба даст ояд. Яъне андешаҳои равшанфикрон бештар хислати нормативӣ дорад ва инсонҳоро ба беҳтар кардани вазъи мавҷуда даъват мекунад.

3. "Зиёйӣ" муродифи вожаи русии "интеллигент"( яъне боақл, хушзеҳн) аст, аммо "равшанфикр" муродифи вожаи инглисии "enlightened"( яъне равшан шуда, фикри равшан дошта, равшанбин, ба русӣ --"просвешенний") аст. Пайдоиши он ба наҳзати равшангарии Аврупо иртиботи мустақим дорад. Сабаб ин аст, ки андешаҳои равшангарона ба Ирон дар авохири садаи 19 ва авоили садаи 20 аз мамолики Ғарб омада буданд. Дар Ғарб истилоҳи "равшанфикр" ( enlightened) бо наҳзати равшангарӣ ( enlightenment) пайванди ногусастанӣ дорад. Бунёди наҳзати равшанфикриро андешаҳои мутафаккирони бузург, мисли Локк, Смит, Милл, Волтер, Руссо, Монтескю, Дидро,Лессинг, Шиллер, Ҳёте, Кант,Франклин,Ҷеферсон ва дигар донишмандони Инглистону Фаронса ва Олмону Амрико, ки бунёдгузорони мактаби либерализм( озодихоҳӣ ) мебошанд, ташкил доданд. Андешаҳои онҳо дар тамоми Аврупо ва мамолики дигар интишор ёфтанд ва пайравону ҳаводорони зиёд пайдо карданд. Ба Русия ҳам ин андешаҳо дар қарни 19 аз Ғарб омаданд. Русҳо, ки ба забони фаронсавӣ сахт алоқаманд буданд, вожаи "интеллигенсия" - ро, чуноне ки дар боло зикр шуд, аз вожаи фаронсавии "intelligence"( яъне ақл, боақл, хушзеҳн) сохтанд ва ба он мазмуни хос бахшиданд. Аммо дар Ирон истилоҳи инглисии "enlightened" -ро "равшанфикр" тарҷума карданд. Зеро он, вожаи "равшанфикр", ҳам асли маъниро дуруст ифода мекунад ва ҳам вожаи ошно аст. Дар форсӣ аз гузаштаҳои дур вожаҳои мушобеҳ, мисли "равшандил, равшанрой, равшанзамир" вуҷуд доранд, ки тақрибан маънои равшанфикрро дорад.

Равшанфикрон озодихоҳанд?

Вижагиҳои равшанфикрон. Албатта, дар байни зиёйиён ва равшанфикрон "девори Чин" вуҷуд надорад. Онҳо умумиятҳо ва шабоҳатҳои зиёд доранд ва дар бисёр ҳолатҳо фарқ кардани онҳо мушкил аст. Маъмулан, ҳамаи онҳо афроди боҳуш, таҳсикарда, бомаърифат, дорои тахассус мебошанд ва аксаран ба кори фикрӣ машғуланд. Шояд ба ҳамин сабаб, ки дар Тоҷикистон баъзеҳо мафҳумҳои "зиёйӣ" ва "равшанфикр"- ро ҳаммаъно медонанд. Ва шояд ба хотири ҳамин буд, ки дар замони шӯравӣ маънои "интеллигенсия" - ро тағйир доданд ва онро муродифи "интеллектуал" сохтанд. Зимнан, гумон меравад, ки ҳукумати болшевикии Русия дар ин кор ғаразҳои сиёсӣ ҳам дошт. Сарварони болшевикон интеллигенсияро рақиби худ медонистанд ва мекӯшиданд, ки онро аз саҳнаи сиёсӣ дур кунанд ва чунин ҳам карданд. Ленин низ ин тоифаро эҳтиром намекард ва дар ҳаққи онҳо суханони таҳқиромезро ( аз қабили "продажная интеллигенсия", "вшивая интеллигенсия", "черн") дареғ намедошт... Вале, ба ҳар сурат, бо вуҷуди он ҳама умумиятҳою шабоҳатҳо, афроди равшанфикр вижагиҳое доранд, ки наметавон онҳоро нодида гирифт. Бисёр донишмандони кишварҳои Ғарбу Шарқ, аз ҷумла донишманди номдори Ирон доктор А. Суруш ва бархе дигарон низ ба он вижагиҳо ишора кардаанд. Муҳимтарин вижагиҳои равшанфикронро метавон чунин хулоса кард:

1. Равшанфикрон озодихоҳ мебошанд. Онҳо озодии инсонҳоро мехоҳанд, озодӣ аз султаи ҳокимони ҷоҳилу фурӯмоя, озодӣ аз қайду бандҳои бемаънии арбобони калисо, озодӣ аз зулми тавонгарон, озодӣ аз тобеияту бандагӣ, озодӣ аз ҷаҳолату фақр, озодӣ аз бедодгариҳо... Хуллас, озодӣ аз ҳар чизе, ки шахсият ва шарофати инсонро поймол мекунад. Зеро озодӣ шарти инсон будан ва зиндагии инсонӣ доштан аст. Ин маъниро яке аз мутафаккирони бузурги Фаронса Ж.Ж. Руссо чунин ифода кардааст: "инсон мавҷуди озод аст. Агар озод набошад, инсон нест". Равшан аст, ки озодихоҳӣ вокунише аст дар муқобили асорат ва низоми ғайриодилона. Зеро инсонҳо, ки мавҷуди оқилу адолатхоҳ мебошанд, дар муқобили рафтори оқилонаю одилона эътироз намекунанд. Онҳо замоне толиби озодӣ мешаванд, ки аз озодӣ маҳрум ва гирифтори қайду бандҳои нораво бошанд.

Тавре, ки маълум аст, асрҳои 8 --13 -ро дар Аврупо "асрҳои торикӣ"( "Эпоха мракобесия") меноманд.Ин даврае буд, ки калисои католикӣ ба авҷи қудрат расида буд ва дини масеҳӣ ба сифати як идеологияи тоталитарӣ матраҳ буд.Ҳамагон, ҳатто шоҳони кишварҳои аврупоӣ дар тобеияту итоати калисо қарор доштанд. Дар асрҳои баъдӣ ҳам, қайду бандҳои арбобони калисо ва зулму беадолатиҳои ҳокимон коста нашуд. Ба ин сабаб, дар асрҳои миёна дар кишварҳои аврупоӣ андешаҳо ва ҷунбишҳои озодихоҳӣ густариш ёфтанд. Ва дар ин росто андешаҳои озодихоҳонаи мутафаккирони бузурги кишварҳои Аврупо -- бунёдгузорони мактабҳои либерализм( озодихоҳӣ), расионализм( ақлгароӣ), ҳуманизм( башардӯстӣ)...нақши муҳим дошт. Андешаҳои он донишмандон батадриҷ дар дигар кишварҳо низ интишор ёфт ва ин дар Ғарб наҳзати равшанфикриро ба бор овард.

Наҳзати равшанфикрӣ дар Ғарб дар асри равшангарӣ( эпоха просвешения) ривоҷ ёфт. Идеологияи равшанфикрон идеологияи озодихоҳӣ буд. Он, пеш аз ҳама, озодӣ аз қайду бандҳои муқаддасот, аз ҳукумати калисо ва шоҳони мустабидро дар назар дошт.Онҳо, равшанфикрони Ғарб, муқаддасоти мазҳабию султаи шоҳонро торикӣ медонистанд ва раҳоӣ аз онҳоро равшанӣ меҳисобиданд. Давраи равшангарӣ худ маълул ва давоми давраи "Эҳё" ( ренесонс, эпоха возрождения) буд. Дар давраи "Эҳё", ки дар садаҳои 13 -- 15 оғоз шуда буд ва қариб 300 сол давом кард, мутафаккирони зиёд дар риштаҳои ҳунар, адабиёт, санъати меъморӣ... осори гаронбаҳо эҷод карданд. Онҳо андешаҳои башардӯстона доштанд, инсон ва мақоми волои онро васф мекарданд, зарурати дигаргун кардани низоми мавҷуда ва муносиботи иҷтимоиро талқин мекарданд. Вале андешаҳои онҳо боиси беҳтар шудани зиндагии мардум ва таҳаввулоти ҷавомеи Ғарб нагардид. Зеро аксарияти мардум бесавод буданд ва зери султаи ҳокимони феодалии мутлақгаро ва калисои католик қарор доштанд.

Донишмандон ба чунин натиҷа расиданд, ки барои таҳаввулоти иҷтимоӣ лозим аст, ки зеҳни мардум равшан гардад. Барои ин андешаҳои гуманистӣ(башардӯстона) бояд дар миёни мардум интишор ёбад то онҳо огоҳ шаванд, ки назму низоми мавҷуда аз рӯи адолату инсоф нест, шоистаи мақоми баланди инсон нест ва он бояд дигаргун шавад. То замоне, ки зеҳни мардум равшан нагардад ва мардум аз зери султаи калисо ва шоҳони мустабид озод нашаванд, зиндагӣ тағйир нахоҳад кард. Бинобар ин, донишмандон ва нависандагону шоирон ба интишори ақоиду афкори тоза, яъне ба равшан кардани зеҳни мардум пардохтанд. Ин буд, ки дар нимаи дувуми асри 17 давраи равшангарӣ оғоз ёфт ва беш аз 200 сол давом кард.

Ба ақидаи файласуфи бузурги Олмон И.Кант (1724 -- 1804), шиори равшангарӣ чунин буд: "ҷуръати донистанро дошта бош". Ин шиор даъват ба сӯи маърифат буд ва инсонҳоро ба ковишу ҷустуҷӯи ҳақиқат, ба донистани падидаҳои зиндагӣ ва чуну чаро кардан дар ҳама чиз фаро мехонд. Ақидаи либеролҳо( озодихоҳон) ин буд, ки ҳеч чиз ва ҳеч кас муқаддас нест, ҳама инсонанд ва " инсон мавҷуди ҷоизулхато" аст. Имкони хато дар ҳамаи арсаҳо -- ҳам дар арсаи сиёсат, ҳам дар арсаи маърифат ва ҳам дар арсаи диёнат, вуҷуд дорад. Арбобони калисо ва ҳукумат маъсум нестанд. Ҳақиқати мутлақу абадӣ дар пеши ҳеч касе нест.Ҳеч кас -- на шоҳ, на арбобони калисо -- наметавонад иддаои ҳақ буданро дошта бошад. Бинобар ин, ҳар кас метавонад ва бояд бо хиради худ ҳақиқатро дарёбад. Ҳама бояд ҷуръати чуну чаро кардан ва донистанро дошта бошанд. Ба муқаддасоте, ки калисо ба сифати ҳақиқати мутлақу абадӣ талқин мекунад, бояд ҳар кас бо ақли худ бингарад ва онҳоро дар тарозуи ақл бисанҷад ва то замоне, ки ҳақиқати онҳо исбот нашавад, қобили пазириш надонад...Ақидаи одамӣ дар инсонияти ӯ дахл надорад. Ақида бартар аз инсоният нест. Агар касе аз дин берун равад, аз инсоният берун намеравад. Доираи инсонияти инсон хело васеътар аст ва инсон ба далели доштани ақидаи хосе аз инсоният намеуфтад...Дин кори хусусии ҳар яке аз пайравонаш аст ва ҳеч кас ҳаққи дахолат кардан ба кори хусусиро надорад. Ҳукумат набояд ба яке аз мазҳабҳо тарҷеҳ диҳад ва аз он пуштибонӣ кунад.Он бояд мавзеи бетарафиро ихтиёр кунад ва тасомеҳу мадоро ва бурдбориро талқин ва таъмин намояд. Зеро пайравони ҳар мазҳаб иддаои ҳақ будани мазҳаби хеш ва ботил будани мазоҳиби дигарро доранд ва ин низоъ тамомшуданӣ нест ва он оромии ҷомеаро ба хатар меандозад.Ҳукумат бояд баробарии ҳуқуқҳои ҳамаи инсонҳоро, сарфи назар аз нажод ва динашон, таъмин намояд. Танҳо аз ин роҳ амнияти миллат ва адолати иҷтимоӣ, ки муҳимтарин вазифаи давлат мебошад, таъмин мегардад...Албатта, ин андешаҳо мақбули рӯҳониён, мутаассибони динӣ ва ҳукуматдорон набуданд ва равшанфикрони озодандеш аз ҷониби онҳо таъқибу маҳкум мешуданд. Вале наҳзати равшангарӣ ба тадриҷ ҷаҳони Ғарбро дигаргун кард. Дастовардҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии он кишварҳо аз бисёр ҷиҳат натиҷаи наҳзати равшангарӣ мебошад.

Бо гузашти замон, зери таъсири пешрафтҳои илмию техникии кишварҳои Ғарб, андешаҳои давраи равшангарии Аврупо дар дигар кишварҳои ақибмондаи Ғарбу Шарқ, аз ҷумла дар Ирон низ интишор ёфтанд. Ин аст, ки андешаҳои равшанфикрони Ирон бо андешаҳои мактабҳои гуногуни Ғарб шабоҳати зиёд доранд. Зеро онҳо, аксаран, зери таъсири афкори мутафаккирони давраи равшангарии Аврупо шакл гирифтанд. Равшан аст, ки чунин андешаҳо дар ҷое интишор меёбад ва пазируфта мешавад, ки мушкилоту дардҳои он ҷомеа шабеҳи он ҷомеа, шабеҳи мушкилоту дардҳои давраи равшангарии Аврупо бошад ва мардуми он диёр дар ҷустуҷӯи дорую дармони дардҳои хеш бошанд. Кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Ирону Афғонистон ва аморати Бухоро, ки бо иллатҳои мухталиф аз мамолики аврупоӣ хело ақиб монда буданд, дар охирҳои садаи 19 ва оғози садаи 20 ҳолату мушкилоти мушобеҳ ба давраи равшангарии Аврупоро доштанд ва дар суроғи доруи дардҳошон буданд. Ин буд, ки равшанфикрони Ирон ба андешаҳои мактаби либерализм ва дигар ҷараёнҳои фикрӣ, ба шумули марксизм, рӯй оварданд ва онҳоро ба шеваҳои хос( аксаран хому ҳазмношуда) пазируфтанд. Табиист, ки равшанфикрони Ирон бо чунин андешаҳо, ба вижа ба хотири он ки онҳо ҷонибдори баробарҳуқуқии пайравони ҳамаи мазҳабҳо ва динҳои гуногун мебошанд, аз ҳамон оғози садаи 20, ба вижа дар давраи машрутахоҳӣ, аксаран мавриди бемеҳрию мазаммати рӯҳониён ва мардуми диндор қарор гирифтаанд. Агарчи бо гузашти замон дар Ирон хело чизҳо, аз ҷумла дарку фаҳми маърифати динӣ, тағйир кард, вале ҳоло ҳам ба равшанфикрон "рӯи хуш нишон намедиҳанд". Бисёре аз равшанфикрон, ҳатто равшанфикрони динии Ирон, зери фишору таъқиб қарор гирифтанд ва мегиранд.

Дар сарзамини мо пеш аз инқилоби Октябр идеологияи расмӣ исломи тоталитарӣ буд. Пас аз инқилоби Октябр ҷои онро марксизми тоталитарӣ( яъне варианти болшевикии марксизм) гирифт. Бинобар ин андешаҳои давраи равшангарӣ, ба вижа андешаҳои мактаби либерализм, дар ин ҷо ба паймонаи васеъ интишор наёфт(наҳзати маорифпарварӣ ва ҷадидҳоро, ки рахнае дар исломи тоталитарӣ мезад, ба зудӣ саркӯб карданд). Иттиҳоди Шӯравӣ барои пешрафти иқтисод ба зиёиён, ба вижа ба олимону мутахассисон, ба кадрҳои техникӣ зарурат дошт. Ҳукумат ба тайёр кардани чунин кадрҳо пардохт ва онҳо ба зудӣ аз ҷумлаи коргарону деҳқонон тарбия шуданд. Зимнан, системаи маорифи шӯравӣ ба идеологияи марксизм - ленинизм( ба варианти болшевикӣ - тоталитарии он) асос ёфта буд ва он озодандеширо таҳаммул намекард. Аз ҷониби дигар аксарияти интеллигенсияи тозабунёд дар мактабҳои шабонаи коргарӣ( "рабфак"- ҳо) омӯзиш ёфта буданд. Баъдтар бархе аз онҳо дар техникумҳо ва ё донишгоҳҳо таҳсил карданд. Табиист ки онҳо аз донишҳои амиқу ҳамаҷониба бархурдор набуданд ва тавони чуну чаро карданро надоштанд. Аз ин рӯ, дар кишвар " интеллигенсияи илмию техникӣ, идорӣ, тиббӣ, соҳаи маориф ва ..." ба вуҷуд омад, аммо қишри равшанфикрон шакл нагирифт. Интеллигенсияи илмию техникӣ..., ба масобаи пешсафони сохтмони ҷомиаи коммунистӣ аз ҷониби ҳизбу давлати шӯравӣ то андозае қадр мешуд. Бинобар ин, вожаи "зиёйӣ" истилоҳи мусбат буд ва рӯиҳамрафта ҳоло ҳам чунин аст.Вале афроди равшанфикр дар замони шӯравӣ мазмум ва маҳкум буданд. Ба онҳо барчаспҳои "унсури зиддипартия, зиддисоветӣ", "диссидент" зада мешуданд...Бо он ҳам, дар нимаи дуввуми садаи 20 андешаҳои озодихоҳӣ дар кишвар падидор шуд ва, пеш аз ҳама, боиси густариши ҷунбишҳои миллӣ - озодихоҳӣ гардид. Ин ҷунбишҳо вокунише буданд дар баробари тоталитаризми шӯравӣ дар муқобили танг кардани доираи фаъолияти забону фарҳанги миллӣ ва маҳдуд сохтани ҳуқуқу озодиҳои халқҳо...

Ҳоло дар Тоҷикистон вазъи ҷолибе пеш омадааст: арзишҳою андешаҳои замонҳои мухталиф дар канори ҳам қарор гирифтаанд. Бархе аз ҳамватанони мо хело огоҳу пешрафтаанд, мӯътақид ба арзишҳои волои инсонӣ мебошанд ва ҷаҳонбинии боз доранд. Бахше аз мардуми мо, ки парвардаи замони шӯравиянд, мӯътақид ба арзишҳои он замон мебошанд. Андешаҳои ҷавонон аксаран зери таъсири ВАО, ба вижа телевизион, шакл мегирад ва бисёри онҳо гароиш ба арзишҳои ғарбӣ доранд. Бештари мардуми мо ба арзишҳои динӣ( асосан, ба арзишҳои исломӣ) такя мекунанд. Зимнан, сатҳи маърифати динии онҳо, аз ҷумла бисёре аз рӯҳониён, хело пойин аст, аз хурофоти мазҳабию бидъатҳо пайравӣ мекунанд ва таассуби нораво доранд. Албатта, дар ҷомеаи мо рӯҳониёни босавод, шариф ва хирадманд низ ҳастанд, ки аз фазилату донишҳои васеъ ва сӯҳбатҳои муаддабонаю пурмаънои онҳо шунаванда ҳаловат мебарад. Вале, онҳо, мутаассифона, дар ақаллиятанд...

Дар ҳар сурат, воқеият ин аст, ки дар кишвар шуури иҷтимоӣ( обшественное сознание) яклахту якранг нест. Бинобар ин, эҳтимоли пеш омадани ихтилофи назарҳо дар масоили мухталифи ҷомеа аз имкон дур нест. Ҳамин имрӯз баъзе нишонаҳои он ошкор аст. Ва ин, мумкин аст, ба раванди пешрафти ҷомеа ва рушди афкору арзишҳои иҷтимоӣ, ба вижа ба раванди ташакулёбии қишри равшанфикрон таъсир расонад.
2. Равшанфикрон адолатпарастанд. Онҳо виҷдони бедору интиқодгари ҷомеа мебошанд. Онҳо ҳамвора дар пайи адолат мегарданд, дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор адолатро металабанд. Ва дар ҳар ҷое, ки аз адолат дур мешаванду бар хилофи он рафтор мекунанд ва онро поймол месозанд, равшанфикрон забони интиқоду маломатро боз мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи инсонӣ аз бадиҳо, аз зулму бедодгариҳо ва бадкирдорию номардумиҳо пок бошад. Онҳо, ки равшандил ҳастанд, масоилу мушкилоти инсон, ҷомеа ва давлатро равшантару амиқтар мебинанд, иллатҳою омилҳои онро ошкор месозанд ва барои ҳалли он мушкилот талош меварзанд. Дар ин маврид онҳо андешаҳо, ҳарфҳои гуфтанӣ ва паёмҳо доранд. Ба гуфтаи донишманди олмонӣ Нуйман, равшанфикрон, ки "виҷдони ниқоди ҷомеа ҳастанд", ҳукуматдорон, соҳибони зӯру зар ва арбобони ҳақкушу хирадситези калисоро интиқод мекунанд, кӯтаҳию норасоиҳои кори онҳоро ошкор месозанд ва ислоҳу беҳтар кардани назму низоми сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиро талаб менамоянд.Онҳо, равшанфикрон, мӯътақид бар мақоми волои инсон мебошанд ва ҳама гуна беадолатиро дар ҳаққи инсон нораво медонанд. Онҳо мухолифи тобеияту бандагӣ мебошанд, парастиши ҳокимону муқаддаснамоёнро намеписанданд. Ба ақидаи равшанфикрон, ин кор барои инсон на танҳо нораво аст, балки таҳқири инсоният мебошад. Аз ин рӯ, шоистаи инсон нест.

Равшанфикрон мухолифи қудрат мебошанд ва қудратталабию гароиш ба ҳукуматро маҳкум мекунанд. Зеро ин кор вобастагиро дар пай дорад ва ба озодагию озодандешӣ латма мезанад.Ин аст, ки дар садаи гузашта ба ҳукумат пайвастани бархе аз равшанфикрони Амрикои Лотинро бисёриҳо, аз ҷумла Нуйман(донишманди олмонӣ), чун " хиёнат ба равшанфикрӣ" арзёбӣ кардаанд. Бузургони мо низ тобеъият аз ҳукумат ва парастиши ҳокимонро нораво донистаанд. Шайх Аттор гуфтааст: "равшандилон хидмати султон накунанд". Калими Кошонӣ ҳам дар ин маънӣ гуфта аст:

Равшандилон хушомади шоҳон нагуфтаанд,
Ойина айбпӯши Сикандар намешавад...

2. Равшанфикон хирадгаро мебошанд. Онҳо равиши илмӣ доранд, иҷтимоӣ фикр мекунанд. Барои онҳо ҷустуҷӯю ковиш дар падидаҳо ва чуну чаро кардан дар ҳама чиз хос аст. Онҳо бовариҳои бедалели динӣ ва хурофоти мазҳабиро намепазиранд, зеро дину илм аз ҷоҳои мухталиф оғоз меёбанд ва ба натиҷаҳои гуногун мерасонанд. Ба ақидаи онҳо, дин аз бовар кардан шурӯъ мешавад, илм -- аз шакк овардан. Яъне арбобони дин кӯркӯрона бовар карданро металабанд, вале аҳли илм кори худро аз нобоварӣ ба андешаи дигарон ва таҳқиқи дурустӣ ё нодурустии он шурӯъ мекунанд ва ҳеч касро муқаддасу муътабар намеҳисобанд( Албатта, назари дигаре ҳам вуҷуд дорад. равшанфикрони динии Ирон бар онанд, ки танҳо он дине ҳақиқӣ аст, ки огоҳона бошад, яъне дине, ки дар натиҷаи таҳқиқ кардан ва огоҳ шудан аз ҳақиқати он пазируфта мешавад, на бар асоси боварҳои кӯркӯрона...Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки дар зинаҳои болотари маърифат, гоҳе шакк ба бовар мерасонад ва боварҳо ба шакк меанҷоманд. Ва дар ин ҷост, ки " водии ҳайрат" оғоз меёбад. Ҳазрати Ҳофиз беҳуда нагуфтааст, ки:

Аз ҳар тараф, ки рафтам ҷуз ҳайратам наяфзуд,
Зинҳор аз ин биёбон, в -ин роҳи бениҳоят...

Вале ин мавзӯи ҷудогона аст ва дар ин ҷо маҷоли пардохтан бар он нест). Равшанфикрон мӯътақиданд, ки хиради инсонӣ муҳимтарин василаи шинохтани ҳақиқат аст ва илми таҷрибӣ метавонад мушкилоти ҷомеаро ҳал кунад. Ба ақидаи онҳо, сабабҳои асосии бадбахтиҳои инсонҳо бесаводӣ, тааассубу хурофоти динӣ ва хирадситезӣ аст.Онҳо аҳли таабуд ва тоат ва таслими кӯркӯрона нестанд. Аз ин рӯ, Ҷалол Оли Аҳмад(яке аз равшанфикрони Ирон) бар он буд, ки "ду тоифа наметавонад равшанфикр бошанд: 1. рӯҳониён ва 2. низомиён". Зеро онҳо рӯҳияи озодагӣ ва ҷуръати чуну чаро карданро надоранд : низомиён тобеъи амру фармони "мақомоти болоӣ" мебошанд ва онҳоро бидуни тааммулу муҳокима иҷро мекунанд. Рӯҳониён аҳли бовар ва қазову қадар мебошанд, чуну чаро карданро намепазиранд.Аммо равшанфикрон наметавонанд пойбанди қазову қадар бошанд, наметавонанд ин ҳама бадиҳо ва бедодгариҳоро ба тақдири осмонӣ ҳавола кунанд. Равшанфикрон ҳеч андешаеро ба сурати догма намепазиранд, ҳама чизро зери савол мебаранд, муҳокима мекунанд.

3. Равшанфикрон ҷасорати исён кардан бар зидди беадолатиҳоро доранд.Ба ақидаи Алии Шариатӣ (донишманди номдори Ирон), таҳаммул накардани бедодгариҳо ва исён кардан дар муқобили золимон яке аз муҳимтарин вижагиҳои равшанфикрон аст. Ба назари вай, дар гузаштаҳо намунаи равшанфикрӣ Абӯзари Ғаффорӣ ( яке аз ҳамзамонон ва пайравони содиқи паёмбари ислом) будааст. Ба ин далел, ки Абӯзар ҳамин хислатҳоро доштааст. Вай аз густариши нобаробариҳои иҷтимоӣ ва беадолатиҳо ба шӯр омада, "устухони пои уштуреро аз кӯча бармедорад ва як рост ба суроғи халифаи расулуллоҳ (меравад) ва бар сари амирулмуъминин фарёд мезанад: " Ай , Усмон! Фуқароро ту фақиртар ва ағниёро ту ғанитар кардӣ"( А. Шариъатӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ. 22, с. 300, Ба нақл аз : доктор Абдулкарим Суруш, Фарбеҳтар аз идеоложӣ, 1372, с. 99). Вай мӯътақид будааст, ки " кӯҳи сарват анбошта намегардад, магар ин ки дараҳои фақр амиқтар гардад". Яъне сарвати зиёди як гурӯҳ танҳо аз ҳисоби фақиру бенаво сохтани дигарон андӯхта мешавад ва нобаробариҳои иҷтимоӣ ва фақру бенавоии мардум натиҷаи беадолатии ҳокимон мебошад. Аз ин рӯ, ба Муовия ( яке аз хулафои араб, асосгузори сулолаи Умавиён) гуфтааст: " Ай, Муовия! Агар ин кохро аз пули худат месозӣ исроф аст, ва агар аз пули мардум -- хиёнат". ( маҷ. "Ҷаҳони ислом", Вижаномаи фарҳангӣ, шумораи 6, с.60, Теҳрон, тирмоҳи соли 1372).

4. Равшанфикрон таҷаддудгаро мебошанд. Аммо ҳукуматдорон суннатгароянд. Онҳо мехоҳанд, ки назму низоми мавҷуда ва мақому мансабҳои худро барои муддати ҳар чи тӯлонитар ҳифз кунанд. Зеро онҳо манофеи хоси худро доранд ва аксаран ин манофеъ онҳоро ба сарчашмаи фасоду бедодгариҳо табдил медиҳад. Ба ақидаи равшанфикрон, ҳукумат бадӣ аст, вале ниҳодест барои ҷомеа зарур. Аз ин рӯй, ба назари онҳо, беҳтар он аст, ки бадӣ камтар бошад, яъне ҳуқуқу салоҳиятҳои ҳукумат маҳдуд бошад ва он беҳуда фузулӣ накунад, ба зиндагии ҷомеа ва ҳаёти шахсии инсонҳо дахолати нораво накунад, инсонҳоро ба хости худ қолабрезӣ накунад, андешаҳои носавоби худро ба сари мардум бор накунад, ва чун наметавонад некӣ кунад, ҳадди ақал бадӣ накунад, мардумро ба ҳоли худ гузорад...

Равшанфикрон муваллидони(зояндагони) андешаҳои нав ва пештозони раванди таҳаввулот мебошанд. Онҳо беҳтар кардани шароити зиндагӣ, дигаргун сохтани муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таҷдиди ҳукуматҳо ва назму низоми мавҷударо мехоҳанд, то он ҳама ( муносиботи иҷтимоӣ ва назму низоми ҷомеа) ба адолату ҳақиқат созгор бошад. Равшан аст, ки барои ҳукуматдорон ин ҳама матолиби мақбулу хушоянд нест. Иллат он аст, ки сухани ҳаққ, маъмулан, талх аст. Ва он барои афроди нопок, ба вижа барои соҳибони қудрат мавриди писанд нест. Онҳо хушомадгӯию мадҳу санохониро дӯст медоранд, зеро он лаззатбахш аст. Аз ин рӯ, онҳо ба хушомадгӯён лутф мекунанд ва ба мунаққидон хашм мегиранд. Яъне " ҳар кӣ ҳаққ гӯяд,ноҳаққ шунавад". Дигар ин ки аксари одамон ба шеваҳои ошно ва маъмулии зиндагӣ хӯ мегиранд ва андешаҳои тозаро ба осонӣ намепазиранд. Маъмулан, онҳо ҳар андешаи навро нахуст бо дили душманона пешвоз мегиранд ва мегӯянд " ин ҳарфи бемаънӣ ва нодуруст аст, фалонӣ ҳазён мегӯяд..." пас аз гузашти замоне баъзеҳо мегӯянд: "гӯё дар ин гуфтор чизе ҳаст, мумкин аст, ҳатто дуруст бошад"... Ва дар ниҳоят мегӯянд: " инро кӣ намедонад? Ин як ҳақиқати маълуму мусаллам аст". Ин аст, ки равшанфикрон, аксаран, мавриди бемеҳрии ҳукуматдорон ва афроди ноогоҳи ҷомеа қарор гирифтаанду мегиранд. Таърихи башар пур аз ҳамин гуна моҷароҳо, моҷароҳои суқротҳою ҳаллоҷҳо, афлотунҳою боязидҳо ва бруноҳою ҳолилейҳост. Аз ин ҷост, ки соҳибназарон гуфтаанд: " бадбахт касест, ки пештози ҳаводис бошад".

5. Равшанфикрон одамони дардманд мебошанд. Онҳо дарди инсон , дарди ҷомеаро доранд ва дар баробари мушкилоти он хело ҳассосанд. Онҳо мушкилоту дардҳоро амиқтару равшантар дарку ҳисс мекунанд, зеро ба мардум, ба Ватани худ дилбастагӣ доранд. Онҳо ба ҳама чиз -- ба сиёсат, ба иқтисод, ба масоили иҷтимоию фарҳангӣ -- аз ҳамин равзана менигаранд ва онро арзёӣ мекунанд.Ва изҳори назар мекунанд, ки он чи дар ҷомеа мегузарад, он чи давлат мекунад, аз рӯи адолат аст ё на. Оё гуфтори ҳукуматдорон бо амалашон якест, ё онҳо риёкорӣ мекунанд, фасод меангезанд... Албатта, доштани донишҳои ҳамаҷониба ва огоҳии дақиқ аз воқеиятҳо барои ҳамагон, аз ҷумла барои равшанфикрону мутахассисон муҳим аст. Вале мутахассисон, агарчи огоҳиҳои васеъ доранд, агар ин дардро надошта бошанд, натиҷагирӣ ва вокуниши онҳо ба гунаи дигар хоҳад буд. Масалан,як равшанфикри тоҷик аз олудаю зери по шудани забону фарҳани миллии хеш, аз хорию уфтодагӣ ва тобеияту бардасифатии мардум, аз фақиру бенаво будани онҳо, аз ақибмондагии ҷомеа худ ранҷ мебарад, эътироз мекунад, ислоҳи вазъи ногуворро талаб мекунад. Вале як мутахассис, ба вижа мутахассиси ғайритоҷик, агарчи аз ин ҳолат огоҳ аст, на ранҷ мебарад , на эътироз мекунад ва на ислоҳи беадолатиро талаб мекунад, зеро вай дарди ин миллатро ба андозаи як равшанфикри тоҷик эҳсос намекунад. Ба ёд оваред: замоне, ки равшанфикрони тоҷик дар талаби мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон шуданд, зиёиёни русизабони кишвар на танҳо он талабро дастгирӣ накарданд, балки бар хилофи он амал карданд... Мисоли дигар: дар охирҳои солҳои 80 ва оғози солҳои 90-и садаи 20 равшафикрони тоҷик барои озодии халқу Ватани худ талош карданд, вале ҳукуматдорони мо, ки бахше аз зиёйиён мебошанд, бар зидди озодии халқу Ватан бархостанд...


26-уми апрели 2007,
Душанбе


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!