Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

Амрико кумакҳояш ба Тоҷикистонро коҳиш медиҳад

25 феврал 2013, 15:21

Амрико имсол кӯмакҳояшро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 13 ва Қафқоз 24 фоиз коҳиш додааст.

Масъулини Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯянд, дар соли равон, ба истиснои соҳаи амният, барои бахшҳои дигар кӯмакҳояшонро кам мекунанд. Бино ба асноди Вазорати умури хориҷаи Амрико, ки расонаҳои ғарбӣ нашр кардаанд, ёриҳои Амрико ба давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соли равон 118,3 миллион долларро ташкил хоҳад дод, ки нисбати соли 2012 ҳудуди 18 миллион доллар камтар мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Амрико кӯмакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон дар соли равон 37,4 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳанд дод. Соли гузашта ин нишондод ба 45 миллион доллари амрикоӣ баробар буд. Айни ҳол Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми кӯмакҳои аз Вашингтон гирифтааш миёни кишварҳои Осиёи Миёна баъди Қирғизистон дар ҷои дуюм меистад. Барои Қирғизистон Амрико кӯмакҳояшро кам накарда, монанди соли пешӣ дар сатҳи 47 миллион доллар боқӣ мондааст.

Кӯмакҳои Амрико ба Узбакистон низ тақрибан дар сатҳи соли гузашта боқӣ монда, 12,6 миллион долларро ташкил хоҳанд дод. Барои Туркманистон низ ҳаҷми кӯмакҳои Амрико аз 9,9 миллион то 6,7 миллион доллар поин меравад.

Масъулини Амрико сабаби коҳиши кӯмакҳояшонро ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ба талошҳо барои кам намудани хароҷоти давлат марбут гуфтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!