Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:11

Имом-хатиб дар педофилия муттаҳам мешавад

25 феврал 2013, 16:04

Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон ба дунболи ба педофилия муттаҳам шудани имоми ноҳияи Сайрам истеъфои имом-хатиби вилояти Қазоқистони ҷанубиро тақозо кардааст.

Ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар баёнияи худ аз ин ки имоми ноҳияи Сайрам (Қазоқистон) ба педофилия муттаҳам шудааст, изҳори нигаронӣ карда, дар ин кор имом-хатиби вилоятро низ “гунаҳкор” медонад. Дар баёнияи муштараки ин Иттиҳод ва Кумитаи мусалмонон оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна омадааст, тамоми имомони ноҳияҳо таҳти итоати имом-хатиби вилоятӣ қарор доранд ва ӯ низ бояд барои беназоратӣ аз вазифааш озод гардад. Ин ду созмони мусалмонони Қазоқистон навиштаанд, агар имомхатиби вилоят “каме виҷдон дошта бошад, бояд ба зудӣ аз мақомаш барканор шавад.”

Рӯзи панҷшанбеи гузашта ба идораи пулис як зан аз маҳаллаи Кайнар муроҷиат карда, аз он шикоят намудааст, ки имоми ноҳияи Сайрам нисбат ба духтари 12–солаи ӯ дастдарозӣ кардааст. Мақомот мегӯянд, имоми 26–сола боздошт шуда, ба гуноҳи худ иқрор намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!