Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:32

Боздоштшудагон ҳар чӣ зудтар бояд раҳо шаванд

4 июл 2011, 06:58

Созмонҳои байнулмилал аз боздошти садҳо тан аз шаҳрвандони кишвари Беларус интиқоди шадид кардаанд.



Бино ба навиштаи хабаргузориҳои дунё, дар ҳамин ҳол Созмони Афви Байналмилал ва Кумитаи Дифоъ аз рӯзноманигорон низ аз Анатолий Лукашенко даъват кардаанд, ки ба таври оҷил дастгиршудагони тазоҳуротро раҳо кунад. Ин ду ташкилот дар номааашон навиштаанд: "Мақомоти Белорус бояд бидуни қайду шарт ҳамаи афродеро, ки ба хотири ширкат дар "таҷаммӯъи ором”-и мусолиматомез боздошт кардааст, озод кунад."
Маврид ба ёдоварист, рӯзи чоршанбе ва ҷумъаи гузашта ҳудуди  ҳазор нафар ба хиёбонҳои Минск, пойтахти Белорус, рехтанд, то бо кафкӯбии бидуни ҳарф ба сиёсатҳои иқтисодии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури ин кишвар, эътироз кунанд. Зимни баргузории амалиёти масъулини интизомӣ бештар аз 250 нафар раҳпаймоён дастгир ва ба маҳкама кашида шуданд. Тибқи иттилоъи расида,  бисёре аз афроди боздоштшуда то субҳи имрӯз раҳо шудаанд, аммо бархеҳо ба иттиҳоми “авбошӣ” бо ҷазои идорӣ ва ё ҷарима рӯбарӯ ҳастанд. {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!