Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:43

Садамаҳо дар рӯзҳои истироҳат се кушта бар ҷой гузоштаанд

25 феврал 2013, 16:56

Давоми рӯзҳои истироҳати гузашта, бар асари се сониҳаи нақлиётӣ дар кишвар се нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шодмон Мирзоеви 25 - сола, сокини ноҳияи Вахш, аснои ҳаракат аз ҷониби шаҳри Сарбанд ба самти ҷамоати деҳоти Гулистон, дар ҳудуди деҳаи Боҳтуробод-2, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол, Муҳаммадҷон Абдуалимови 4 - соларо пахш намудааст. Пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ илова намуд, ки инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” Шодибек Раҳмонови 37 - сола, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Норак, дар наздикии деҳаи Чиртак, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагард Ҷамшед Юсупови 21-сола, сокини ноҳияи Файзободро пахш намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар касалхона ҷон медиҳад.

Инчунин ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Долун-SHAANXI» Оятуллои Шомуродзодаи 22 - сола, сокини деҳаи Даштиқозии ноҳияи Панҷакент, аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи масҷиди марказӣ, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагард Қурбоналӣ Насриддинови 61 сола, сокини деҳаи Сории ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!