Бахшҳо
26 фев 2013 09:46Хабарҳои ҷаҳон

Музокироти Алмато: Ғарб ба Эрон чӣ пешниҳод мекунад?

Ҷанбаҳои ҳадди ақали пешниҳодҳои муътабар аз сӯи кишварҳои 5+1 ба Эрон набояд шаъни миллии эрониёнро латмадор кунад ва тими музокира кунандаи Эрон бо руйкарди мантиқӣ ва муқтадирона аз ҳуқуқи миллати Эрон дифоъ хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузроии Форс, Саъиди Ҷалилӣ, дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи шанбеи гузашта иброз дошт, ки пеш гирифтани роҳбурди ҷадид аз суи 5+1 ва ироаи як пешниҳоди созанда аз сӯи ин эътилофи байналмилалӣ ба Эрон , аз шартҳои амалӣ шудани музокироти созанда аст.

Дабири кулли шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид карда аст, “умедворем онҳо дучори иштибоҳе, ки қаблан шудаанд , нашаванд ва вориди масири ҷадиде шаванд, ки он масир битавонад эътимоди миллати Эронро ҷалб кунад. Он чи имрӯз миллати мо ба дунболи он аст, дифоъ аз ҳуқуқи худ, аз ҷумла ҳуқуқи ҳастаиаш аст. Мардуми Эрон қабул намекунанд Эрон дар дунё як истисно бошад. Мо на ҳуқуқи камтар мехоҳем ва на митиёзи бештар. Эрон дар чоҳорчуби уҳдадориҳои NPT ба унвони як узви фаъол ва пойбанд тамоми уҳдадориҳои худро анҷом медиҳад. Ҳамчунон ки аз тамоми ҳуқуқҳои худ бояд бархурдор бошад.”

Ба ин тартиб аз манзари Ҷумҳурии исломии Эрон Ғарб на танҳо бояд руйкарди ҷадиде нисбат ба музокирот дошта бошад, балки бояд дасти пур по ба музокирот бигузорад. Албатта, агар тамоюл дорад, ки гуфтугуҳо аз ҳолати бунбаст хориҷ шавад. Нуктаи дигаре, ки Ҷалилӣ ба он ишора карда, пеш гирифтани роҳбурди хилоф аз суи ҳайати ғарбӣ дар музокирот бо Эрон аст.

Аммо ҷанбаҳои пешниҳоди муътабар, ки ғарбиҳо метавонанд ба Эрон ироа кунанд, чӣ метавонад бошад? Табъан танзими ҷумалотии ин пешниҳод бар ӯҳдаи дипломатҳои моҳири ғарбӣ аст, аммо ҳадди ақал хусусиятҳои зерро барои чунин пешниҳоде бояд дар назар гирифт, албатта ин ҷанбаҳо, ҷанбаҳое ҳаддиақалӣ аст ва на ҳаддиаксарӣ.

* Ба расмият шинохтани ҳаққи ғанисозӣ

Аввалин шарти ба натиҷа расидани ҳар гуна музокираи ҳастаӣ бо Эрон , ба расмият шинохтани ҳуқуқи ҳастаии миллати Эрон аст . Ба иборати дигар ҷанбаҳои барномаи ҳастаии Эрон бо касоне, ки асли ин барномаро ба расмият намешиносанд, қобили музокира нест. Бинобар ин ававлин банд аз пешниҳоди муътабари ғарбиро метавон чунин тасаввур кард: ба расмият шинохтани ҳуқуқи Эрон дар мавриди ғанисозии ураниюм дар чаҳорчуби муоҳидаи манъи густариши таслиҳоти атомӣ.

Ҳар гуна пешниҳод аз тарафи ғарбӣ, ки бихоҳад асли ҳақи ғанисозии ураниюмро ба расмият нашиносад, аз асос ботил аст. Албатта ҳамон ҳуқуқеро мехоҳад, ки қарор буд бо пайвастанаш ба NPT дошта бошад, на беш аз он ва на чизе камтар аз он.

*Парҳез аз ироаи пешниҳодҳои латмадоркунандаи шаъни миллати Эрон

Миллати Эрон дорои тамаддуне аст, ки ба танҳоӣ бо тамаддуни гузаштаи ҳар шаш кишвари узви 5+1 баробарӣ мекунад. Рӯзгоре ки эрониён дар ҷаҳон императорӣ доштанд, Англия ҷазирае ношинохта буд ва Амрико ҳануз кашф нашуда буд. Русҳо мардумои сарзаминҳои яхзадае буданд ва фаронсавиҳо ва олмониҳо дар даврони моқабли асрҳои миёна зиндаги мекарданд. Танҳо шояд чиниҳо бар мабнои тамадун кунфесиюсӣ битавонанд дар ҳавзаи тамадунӣ, тана ба тамадуни эрони бизананд.

Шаш кишвар ҳақ надоранд дар баробари пшниҳодҳои сахифе чун эътои қатаотӣ ядакии ҳавопаймо ба Эрон, хустори таълиқ бахше аз фаолиятҳои ғанисозии Эрон шаванд. Эрон агар чи таҳти фишори таҳрим аст аммо ҳувияте ки тамадуни таърихсозӣ эрони ба эрониён бахшида аст, боис мешавад ки дар ҳар шароите аз мавзеи қудрат вориди музокира шаванд. Табъан як пешниҳоди муътабар, наметавонад мавориде ин чунин Дун Шон милли эрониёнро дарбарбигирад.

* Лағви таҳримҳо

Ғарбиҳо пас аз ба расмият шинохтани ҳуқуқи миллати Эрон, бояд даср аз таҳримҳои як вонибай ки ёдовари қонуни ҷангал аст , даст бикашанд. Қавоиди байналмилалӣ иҷоза намедиҳад ки маҷмуае аз кишварҳо қавонини худро ба кули ҷаҳон таҳмил карда ва таъмим бахшанд.
Ғарбиҳо агар намехоҳанд бо Эрон муровидаи иқтисоди дошта бошанд, албатта мухторанд аммо ҳақ надоранд кишварҳоеро ки тамоюл ба ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон доранд таҳдид ба муҷозот кунанд.

Аз суи дигар, ин рафтор ки кишваре танҳо ба ҷиҳати таъкиди ҳуқуқи ба расмият шинохта шудаи худ аз суи ниҳодҳои байналмилалӣ мавриди ҳаҷмаи таҳримҳо ва ҳадафи анвоъи фишорҳо қарор гирад, иҳонат омиз аст.

* Тағйири руйкард аз гуфтугуи хасмона бар гуфтугуй маътуф ба ҳамкорӣ

Руйкарди Ғарб дар гуфтугуҳои пешин бо тарафи эрони умуман мубтани бар имтиёзгари ва руйкард хамонае буда аст. Дар ин руйкарди Ғарб ба Эрон ба унвонӣ душмане менигарисат ки бояд то метавон онро таҳти фишор қарор дод то саранҷом аз нафас афтода ва баҳо диҳад. Ин дар ҳолест ки Эрон ҳамвора бар руйкарди гутугу- ҳамкорӣ ба ҷое гуфугуи хасмоне таъкид карда аст.

То замоне ки ин руйкарди ғарбиҳо тағйир наёбад, умиде ба музокиротӣ созанда байни Эрон ва 5+1 вуҷуд надорад. То замоне киғзрб танҳо ба дунболи эъмоли фиҳсор ва имтиёзгари бошад бояд яқин дошта бошад ки ба имтиёз даст нахоҳад ёфт балки бояд ҳазинаи руйкарди худрро низ бипардозад.

Ҳамонтавр ки Саъид Ҷалилитаъкид карда аст, дифоъ аз ҳуқуқи ҳастайи Эрон ба манзилаи дифоъ аз тамоми ҳуқуқи миллати Эрон аст. Бинобарин тими музокира кунандаи Эрон дар Олмотӣ интизор меравад ки мантиқи ва онгуна ки дар шаъни миллати тамадуни Эрон аст, аз ин ҳуқуқ дифоъ кунад. Эрон дар масири оешрафти худ ба энергии ҳастай ниёз дорад ва бояд ин ҳақи асосии худро пос кунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)