Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:57

Силсилаамалиёт алайҳи нашъаҷаллобон дар Тоҷикистон

26 феврал 2013, 10:09

Давоми як шабонрӯзи ахир Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 килло маводи нашъадоро ошкор ва мусодира кардаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, зимни амалиёти кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, Умед Одинаеви 32 сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани миқдори зиёди маводи нашъадор як марди 32 соларо боздошт кардаанд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 10-адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 10 килою 120 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Сарчашмаи хабар ҳамчунин афзуд, ки ҳамзамон аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино-2 дар назди бинои 16, кӯчаи Н.Махсум, Акимшо Маҳмадалиеви 39 сола, сокини шаҳри Хоруғ, боздошт гардид. Зимни кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофаниаш маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори 1 килою 22 грамм дарёфт ва мусодира гардид.

Инчунин аз ВКД хабар доданд, ҳамчунин ба ҳамин ҳодиса монанд аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Исфара-1 Даврон Сайдуллоеви 49 сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид. Зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 28-адад бастаҳои селофанӣ, ки дар дохилашон 13 килою 108 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» буд, дарёфт ва мусодира шуд.

Дар ноҳияи Шӯрообод бошад ҳамин тариқ аз ҷониби кормандони ШВКД зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Амрохон Зулфиеви 42 сола, сокини деҳаи Себдара, ҷамоати деҳоти Шӯрообод, ретсидивитси махсусан хавфнок, дастгир карда шуд, ки аз манзили ба иҷора гирифтаи истиқоматиаш 1 килою 820 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира гардид.

Бино ба иттилои манбаъ Акимшо Маҳмадалиев қаблан бо моддаи 201 қисми 1 кодекси ҷиноӣ ва Амрохон Зулфиев бо моддаҳои 234 қисми 2, кодексӣ ҷиноӣ аз озоди маҳрум гардида буданд.

Феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!